Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми сентябр
Соли 1803 дар шаҳри Порис нависанда, муаррих, бостоншинос ва тарҷумони фаронсавӣ Проспер Мериме ба дунё омад. Муаллими мактаби ҳунарҳои зебо буд ва модараш низ дар ҳунари наққошӣ даст дошт.
Ӯ дар ибтидо бар асари таълимоти падар ва модараш ба пешрафтҳои зиёде ноил омад ва забонҳои англисӣ ва испониёиро ба хубӣ фаро гирифт. Баъди хатми мактаб ҳуқуқи сафар ба хориҷ пайдо кард ва аввал ба Испания рафт. Мушоҳидаи осори таърихӣ ва ахлоқи мардуми ин кишвар дар рӯҳияи вай таъсири амиқ ба ҷо гузошт ва ба ҳамин ҷиҳат дар ағлаб достонҳои ӯ қаҳрамон ва шахсиятҳои аслӣ аз аҳолии Испаниё мебошанд.
Аз ҷумлаи осори ӯ:
“Кромвел” (аввалин намоишномаи ӯ буд, аммо ҳаргиз чоп нашуд ва аз байн рафт).
Романи “Вуқуъи салтанати Шарли нуҳум”.
Романҳои кутоҳи ӯ: “Шӯриши деҳқонон”, “Бозии нард”, “Ду иштибоҳ”, “Таманго”, “Нома аз Испания”, “Аресена Гийо”, “Аббат Обен”, “Кармен”, “Маттео Фалконе” ва ғайра.
Проспер Мериме 23 сентябри соли 1870 дар синни 66-солагӣ фавтид.
Соли 1873 дар шаҳри Порис дар синни 40-солагӣ нависандаи фаронсавӣ Эмил Габорио аз олам гузашт. Вай 9 ноябри соли 1832 дар Сожон мутаваллид шуда буд. Асарҳои Эмил Габорио ба монанди «Ҷиноят дар Орсивал”, “Ленок, гумоштаи пулис”, “Ғуломони Порис”, “Зиндагонии дӯзахӣ”, “Пули бегонагон” ва ғайра миёни дӯстдорони жанри детектив шуҳрат пайдо кард.
Соли 1891 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 72-солагӣ романнавис, шоир, нависандаи достонҳои кутоҳи армикоӣ Ҳерман Мелвилл тарки олам кард. Осори ӯ дар замони ҳаёташ чандон мавриди истиқбол қарор нагирифт. Ҳатто романҳое, ки дар бораи баҳрҳо навишта буд, теъдоди хонандагонашро коҳиш дод. Аммо солҳо баъд дар даҳаи 1920 романи “Моби Дик”-и ӯ яке аз бартарин шоҳкорҳои адабиёти Амрико ва ҷаҳон шинохта шуд.
“Мордӣ ва сафар ба он тараф”, “Ому: повест дар бораи саргузаштҳо дарп Баҳрҳои ҷануб”, “Редбёрн: сафарҳои нахустини ӯ”, “Ҷон Марр ва дигар маллоҳон”, “Билли Бадди маллоҳ” номи чанд асари дигари ӯст.
Соли 1897 дар вилояти Семипалатинск нависанда, намоишноманавис ва донишманди қазоқ Мухтор Авезов таваллуд шуд. Вай академики Академияи илмҳои Қазоқистон, ходими хидматнишондодаи илми Қазоқистон буд.
Нахустин асари Авезов драмаи «Енлик-Кебек» мебошад, ки соли 1917 навишта шудааст. Аз солҳои 20 садаи XX Авезов ба эҷоди ҳикояҳову повестҳо ва драмаҳо шурӯъ карда, дар мавзӯъҳои рӯзи солҳои 20 — 40 асарҳои бисёре ба табъ расонд. Соли 1945 дар заминаи эпоси қадимаи қаҳрамонӣ намоишномаи «Қубландӣ»-ро эҷод намуд. Авезов дар романи «Роҳи Абай» ҳаёт ва эҷодиёти шоири маорифпарвари қазоқ Абай Қунанбоевро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, номи ӯро абадӣ гардонд. Дар асар мавзӯи шоир ва халқ, ки эҷодкори ҳақиқии маданияти миллист, вуқӯъгӯёна тасвир ёфтааст.
Китоби якуми романи «Абай» (ҷилди 1 — 2, 1942 — 47; тарҷумаи тоҷикӣ 1955) соли 1949 ба Мукофоти давлатии СССР ва китоби дуюмаш — «Роҳи Абай» (ҷилди 1 — 2, 1952 — 56) соли 1959 ба Мукофоти ленинӣ (баландтарин мукофот дар ИҶШС) сазовор гардид.
Мухтор Авезов 27 июни соли 1961 дар синни 63-солагӣ фавтид.
Соли 1970 дар Балтимор, иёлати Мэриленд дар синни 74-солагӣ нависандаи амрикоӣ Ҷон Дос Пассос аз олам гузашт. Вай 14 январи соли 1896 ба дунё омада буд.
Аввалин романҳои Ҷон Дос Пассос «Ташаббуси як шахс» (1917, 1920) ва «Се сарбоз» (1921) ба адабиёти «насли гумшуда» мансубанд.
Дар сегонаи (асари адабӣ, ки аз се қисми мустақил иборат аст) «ИМА», ки китобҳои «42-юм хатти мувозӣ» (1930), «1919» ва «Маблағи бузург» (1936) Дос Пассос маданияти мамлакати даҳсолаҳои аввали асри XX-ро тасвир кардааст. Трилогияи дуюми ӯ «Ҳавзаи Колумбия» аз «Саргузаштҳои ҷавон» (1939), «Рақами якум» (1943) ва «Мақсади бузург» (1949) иборат буд. Дос Пассос усули худро “ҳуҷраи торик” номидааст.
Соли 1996 дар шаҳри Брюссел шоир, эссенавис ва мунаққиди аҳли Белгия Албер Эгпарс вафот кард. Вай 96 сол дошт. Узви Академияи забони фаронсавӣ ва адабиёти Салтанатии Белгия буд. Соли 1923 қадам ба арсаи адабиёт гузошт. Муаллифи романҳо дар бораи коргарон аст, ки дар равияи реализми танқидӣ навишта шудаанд. “Дасти мурда”, “Албатрос” се соат таъхир мекунад” аз ин ҷумла мебошад.
Вай дар асарҳояш сохти буржуозиро шадидан зери тотозиёнаи танқид гирифта буд.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ