Диду боздиди меҳмонони Намоиши “Китоби Душанбе-2023” аз Китобхонаи миллӣ

МехмонДар ҳошияи Намоиши байналмилали «Китоби Душанбе-2023», имрўз таҳти роҳбарии намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 нафар аз ширкаткунандагони намоиш аз кишварҳои ҳамсоя ба Китобхонаи милли омаданд ва бо шароити он аз наздик ошно шуданд.

Меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Федорасияи Русия буданд.

Нахуст меҳмонон Мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида»-ро диданд, сипас ба Осорхонаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ва аз Осорхонаи  китобҳои тозанашри даврони  Истиқлол дидан намуданд.

Дар рафти саёҳат меҳмонон  ба ҳама суолҳои худ посух гирифтанд.

Абдуғаюр Саломов