Сад соли Китобхонаи миллии Озарбойҷон

ОзарбойчонКитоби бузургҳаҷми “Azərbaycan Milli Kitabxanası” (Китобхонаи милли Озарбойҷон”)  ба директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахона Файзализода дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Боку ҷиҳати ширкат дар таҷлили садсолагии Китобхонаи миллии Озарбойҷон тақдим шуд. Ин китоб аз роҳи пурпечутоби садсолаи ин боргоҳи маърифат ҳикоят мекунад ва бо ду забон: озарӣ ва англисӣ таҳия шудааст.

Аз ҳамкорамон Манижа Иброҳимова хостем ин китобро барои хонандагони сомона муаррифӣ кунад. Вале ӯ аз англисӣ як мақоларо, ки ба қалами нависандаи аҳли Озарбойҷон Элчин навишта шудааст, пурра тарҷума кард ва мо ҳам бо як ихтисори хеле ночиз онро интишор медиҳем.

МАЪБАДИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГ

Китобхонаи миллии Озарбойчон ба номи Мирзо Фатҳалӣ Ахундов 100-сола мешавад. Ҳарчанд ман дар навиштан дабдаба ё  муболиғаро дӯст намедорам, сарлавҳаи ин мақолаи хурдакакро “Маъбади бузурги фарҳанг” номидам, зеро дар ин маврид ин ягон ҳангомаву муболиға нест, балки як ҳакикати маҳз аст.  Ин солгарди 100-солагии як организми зиндаро мемонад. Ин маъбади бузурги фарҳанг нафаси чандин наслҳо ва миллионҳо одамонро кашидааст ва ин маъбад ба дар камол расидани он миллионҳо нафар ҳамчун мутахассиси бомаърифат, ба оянда омода намудани онҳо нақши муҳим бозид. Ин “оянда” барои ояндаи китоб бепоён аст.

Ин китобхона аз соли 1923 таъсис ёфта, бинои худро васеъ ва дигар кардааст,  вале ҳар куҷо бошад, нафаси гарми ин хонанда ҳамеша бо он буд ва хоҳад монд. Ин иди бузурги 100-солаи китоб, иди ононест, ки китобро эҳтиром мекунанд, китобро дӯст медоранд ва аз китоб ибрат мегиранд. Ин китобхона дар рушди на танҳо илму фарҳанги Озарбойҷон, балки тамоми соҳаҳо саҳми хеле назаррас дорад, зеро ин рушд аз мардуме, ки дар ин китобхона нишаста, таҳсил ва кор мекунанд, қарзи зиёд дорад.

Рӯзҳои таҳсил дар аспирантураамро дар нимаи дуюми солҳои 60-ум ба ёд меорам, ки баъзан аз кушода шудани китобхона то соати 22 дар он ҷо дар “ҳуҷраи аспирантҳо”менишастам. Воқеъан рисолаи номзадиамро ҳамон ҷо навишта будам ва имрӯз варақаҳои узвият, ки баъзан дар бойгониам мебинам, маро ба он замонҳои дур, вале дар айни замон хеле наздик, аҷиб ба “китобхонаи ман”мебарад.

Ҷаҳони рақамӣ ба суръат тағир меёбад ва хуб аст, ки Китобхонаи миллии мо кӯшиш мекунад, ки бо ин суръат баробар шавад. Солҳои 60-ум китобу матбааҳои заруриро фармоиш дода, дар ҳучраи аспирантура мутолиа мекардам. Имрӯз, ки дар хона мешинам, мебинам,  ки набераҳоям нусхаи кабинети электрониро ёфта, мутолиа мекунанд. Китобҳое, ки онҳо мехонанд, дар китобхонаҳои чаҳон аз ҷумла дар китобхонаи миллӣ мавҷуданд.

Таҳкурсии ин китобхона дар соли 1923 гузошта шуда буд. Он вақт ба китобхонаи навтаъсис аз китобхонаҳои шӯъбаи дар Баку будаи Ҷамъияти техникии императорӣ ва ҷамъияти  ҷамъиятии Баку 5000 нусха китоб дода шуд. Ҳоло дар фонд 4 миллиону 660 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст. Аз интернет фаҳмидам, ки имрӯз Китобхонаи миллӣ 233920 хонандаи доимӣ дорад ва шумораи хонандагони  виртуалӣ 8,243746 нафарро ташкил медиҳад. Ин рақамҳои руҳбаландкунанда мебошанд. Агар имрӯз Китобхонаи миллии мо аз Лондон то Истанбул, аз Маскав то Франкфурту Турин, Прага, Будапешт, Қоҳира бо нашрияҳои худ дар намоишгоҳи китоб ширкат варзад, Доха ва дигар шаҳрҳо ин на танҳо тарғиби киттоб,балки умуман тарғиби Озарбойҷон, тарғиби истиқлолияти мо, тарғиби ҳақиқати Қарабоғ аст. Бояд гуфт, ки дар давоми 30 соли ишғоли Қарабоғ аз ҷониби арманиҳо тамоми китобу дастхатҳо сӯзонида шуданд, ки оташи он китобҳо шояд рӯҳияи сиёҳи он ҷинояткоронро гарм карда бошад,аммо мутмаинам,ки ибораи Китоб ҳам таърихи хотиравӣ аст ҳаргиз аз ёдҳо фаромуш намешавад.Албатта ин захми Қарабоғи озодшуда низ сиҳат мешавад ва Китобхонаи миллӣ барои табобати ин захм аллакай корҳои хеле ҷиддиро оғоз кардааст.Пас аз Ғалабаи Бузурги 44- руза Китобхонаи миллӣ “Бо китоб ба Қарабоғ меравем!лоиҳа тартиб дод.Ман бори аввал ба ин лоиҳа ҳамроҳ шудам,ки бароям хеле хурсандибахш буд.Аввалин шуда дар маросиме,ки дар доираи ташаббуси “Тӯҳфаи китоб ба фонди китобхонаҳо баргузор гардид иштирок доштам ва азкитобхонаи шахсии худ 500 адад китоб ба фонди китобхона ҳадя кардам.Тули ду соле,ки аз он замон гузашт,ташаббуси”Тӯҳфаи китоб даъвати маънавии китобхонаи  ман буд ва ин фаъолият то ҳол идома дорад.

Хуб дар хотир дорам,ки марҳум Ҳайдар Алиев ба маданияти китобхона ва нақши он дар тарбияи ахлоқии халқ ва ободии ҷумҳурӣ баҳои баланд дода буд. Инчунин пешвои муаззам дар солҳои 90-ум борҳо аз Китобхонаи миллӣ дидан карда, дар он ҷо мулоқотҳо карда аз китобхонаи шахсии худ китобҳои зиёде ҳадя кардааст. Вақте ман дар боло гуфтам, ки Китобхонаи миллӣ дар баробари рушди рақамӣ талош дорад ва ин бо истифода аз техналогияхои электронӣ идора мешавад. Баъзан ман дар хона нишаста азин китобхона ё махзанҳои зиёди электронӣ истифода мебарам.

Ман аз китобхонаҳои машҳури Туркия, Британияи Кабир, Руссия, ИМА истифода намуда, мехоҳам нусхаҳои рақамии дастнависҳои марбут ба адабиёти классикии мо ва дигар мамлакатҳоро ба даст орам. Аммо хамаи ин асарҳои аҷоиб ибтидои корҳои бузурги оянда, навсозии бузурги давру замон мебошад.

Дар бораи як фаъолияти муҳими Китобхонаи Миллӣ дар солҳои охир низ чанд сухан гуфтан мехоҳам, ки он дар давраи пандемия аз ҷидду ҷаҳд кор кардааст. Дар рӯзу моҳҳои ғамангез Китобхонаи миллӣ яке аз марказҳои фарҳангии мо буд, ки самаранок фаӣолият мекард. Мо ниқобҳои тиббӣ мепушидем ва доир ба адабиёти классикӣ ва муосир баҳс мекардем. Ба Директори  Китобхонаи миллӣ прафессор Карим Тоҳиров ба роҳбарии даста барои хидматҳои шоёни вертуалӣ изҳори сипос менамоям.

Элчин-нависандаи халқӣ
30.07.2023 Боку.

Таҳия ва тарҷумаи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва чорабиниҳои фарҳангӣ.