Бо ду ҷилди “Асарҳои мунтахаб”-и адиби маъруф Шарифбек Азизӣ рӯи чоп омад

Шарифбек АзизӣНависандаи хушзавқ, яке аз муваффақтарин адибон дар жанри достонҳҳои корогоҳӣ (детектив) Шарифбек Азизӣ аз рӯи чоп омадани ҷилдҳои 7 ва 8 асарҳои мунтахаби худ хабар дод. Ин китоб бо лутфи муаллиф ҳоло дар Китобхонаи миллӣ барои мутолиаи хонандагон ворид шудааст.

Ҷилди 7-ум ду романи адиб: “Бодовардаро мебарад бод” ва “Хокистари сӯзон”-ро фаро гирифтааст.

Дар ҷилди 8-ум бошад адиброманҳои “Гули марг” ва “Шикасти руҳ”-ро ҷо додааст.

Дар оғоз муаллиф огоҳ мекунад, ки дар китобҳо аз аввал то ба охир мавҷи андешаҳо ва тахайюлоти муаллиф аст. Албатта, баъзе ҳолатҳои ҳақиқии рўзгори мо аз таҷрибаи кории муаллиф – ҳуқуқшинос, собиқ корманди милиса ва ҳамешагони ў аз мақомоти тафтишотии кишвар ба риштаи тасвир кашида шудааст. Ҷои ҳодиса, макони амал ва персонажҳои асар низ бофтаи тахайюлоти муаллиф мебошад.

Мувофиқ омадани ҷои ҳодиса, макони амал ва ному насаби нафаре, ки дар он ҷо кор ва ё зиндаги мекунад, тасодуфист.

Шарифбек Азизӣ аз ҷумла адибони муваффақ дар жанри достонҳои корогаҳист, ки бо қиссаи “Ҷосус” вориди майдони адабиёт шудааст. Ӯ, ки солҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард, сужаҳои муҳим ва ҷолибро аз ҳаёти ҳамарӯзои ҳамкоронаш гирифтаву бо ҷомаи бадеият пӯшидан ба онҳо қиссаву романҳои худро менависад. Баъзе аз ҳаводиси асарҳояшро аз парвандаҳои ҷиноии тафтишшуда мегирад, вале саҳнаҳоро мебофад ва дар натиҷа образҳои мондагори детективӣ рӯи кор меоянд.

Шарифбек Азизӣ соли 2004 аввалин маҷмуаи навиштаҳояшро дар китоби “Дурахши алмос” чоп кард.

Соли 2005 маҷмӯаи дувуми осораш «Порикоб» қиссаҳои моҷаройии «Оҳ, Тамара!», «Пораи қанд» ва «Порикоб»-ро дастраси ҳаводорони муаллиф гардонидааст.

ШАРИФБЕК AЗИЗӢ: НАВИСАНДАГӢ МАСЪУЛЯТ АСТ НА ИФТИХОР

Маҷмӯаи савуми нависанда «Парвоз» соли 2007 ва соли 2012 порае аз қиссаи детективии ӯ «Кунҷи нигоҳ» дар маҷмӯаи дастҷамъии «Наврӯзи мо», соли 2013 порае аз романи «То реша дар об аст..» дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№9) ба табъ расидаанд.

Соли 2013 романи «Сангчарх»-ашро (дар ҳамқаламӣ бо бародараш Ҳокими Азиз) пешкаши хонандагон намудааст.

Аз соли 2020 нависанда ба натиҷа расид, ки асарҳои мунтахабашро дар 10 ҷилд чоп кунад ва қиссаву романҳои то кунун чопшударо бо таҳрири нав гирд оварад. Ва ҳоло 8 ҷилди ин асарҳо рӯи чоп омадааст.

Кулли осори Шарифбек Азизиро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Саодат Набиева