Хурдсолтарин иштирокчии озмуни имсола Акбарҷони ҳафтсола аст
Яке аз хурдсолтарин иштирокчиёни озмуни имсола Акбарҷон Мирзоев – хонандаи синфи 1 уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №1 и ноҳияи Ёвон мебошад. Акбарҷон аз рӯи наминатсияи адабиёти муосир иштирок мекунад.
Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки 4 повест, 15 ҳикоя, 20 рубоӣ, ду достон аз бар намудааст. Ӯ соли аввал аст, ки дар озмун ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок мекунад, аммо ҳаяҷону тарс надорам мегуяд ӯ.
Ҳакамон низ баромади ӯро хуш пазируфтаву баҳои баланд доданд.
Акбарҷон мегуяд, толорҳои барҳаво ва боҳашамати Китобхона ӯро ба ҳайрат овардаанд. Ӯ баъди баромадаш бо шавқу завқи зиёд аз тамоми толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ бо ҳамроҳии устодаш дидан намуд.
Толори адабиёти кӯдакон ва наврасон низ ба ӯ бисёр писанд омадааст…
Барояш барор мехоҳем!
Наргис НАЗАРЗОДА