45 сол пеш дар “Комсомоли Тоҷикистон”. Ҷоиза ба шоири маъруф Гулрухсор

Гулрухсор СафиеваИн хабар дигар навӣ надорад. Аммо 45 сол пеш ба истилоҳи имрӯз сенсатсия буд. Дӯстдоштатарин шоири миллат Гулрухсор барандаи ҷоизаи комсомоли Умумуиттифоқ шуд ва ин барои он солҳо беҳтарин хабар буд.

Дар ин 45 соли охир рӯйдодҳои аз ин ҳам фараҳбахштар барои шоири маъруфи тоҷик иттифоқ уфтоданд ва ҷоизаҳои баландтару унвонҳои пурифтихор насибаш гаштанд. Вале хабаре, ки “Комсомоли Тоҷикистон” интишор дод, ҳоло дигар як хабари таърихист.

Ин ва дигар нашрияҳои кишвар 40 солу 50 сол пеш гузоришу хабарҳое интишор доданд, суҳбатҳое чоп карданд, ки барои имрӯзиён ҳам хеле ҷолибанд ва хабари соҳиби Ҷоизаи Комсомоли Умумииттифқ шудани Гулрухсорро ба он хотир меорем, ки аз шумо даъват кунем барои омӯзиши гузаштаи ним асри пеш нашрияҳои кишварро, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, варақ занед.

Инак, он хабар:

МУКОФОТ МУБОРАК, ГУЛРУХСОР!

Шоираи  соҳибистеъдод, Лауреати мукофоти Комсомоли Ленинии республика  Гулрухсор Сафиева бо шеърҳои дилангези худ кайҳо дили хонандагони сершуморро ба тасхир овардааст. Шоира дар ҷодаи шеъру шоирӣ то рафт муваффақиятҳои баланди эҷодӣ ба даст меоварад. Маҳсули хомаи Гулрухсор Сафиева бо тозагии худ ба хонанда ҳаловати махсус мебахшад. Аз ашъори ў тапиши дили ҷавонӣ, ҳиссиёти баланди шоирона, набзи беороми зиндагӣ мушоҳида карда мешавад. Аз ин ҷиҳат шеърҳои ў натанҳо ба хонандагони респупликаи мо, балки берун аз он низ писанд мебошанд.

Дирўз ҳаводорони шеъри Гулрухсор шоҳиди хабари хуш гардиданд. Гулрухсор Сафиева барои китобҳои баландмазмунаш «Таронаи чашма», «Дунёи дил» ва «Бунафша» Лауреати мукофоти Комсомоли Ленинии умумииттифоқ гардид.

Коллективи эҷодӣ ва хонандагони сершумори рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шоираи боистеъдод, муаллифи фаъоли  газета Гулрухсор Сафиеваро бо ин мукофоти олии Комсомолӣ аз таҳти дил табрик намуда ба ў дар роҳи минбаъда эҷодӣ комёбиҳои нав орузу мекунанд.

“Комсомоли Тоҷикистон”, 1 ноябри соли 1978.

Суратгир М. Олимов  (ТоҷикТа).

Таҳияи Нуримеҳан МАҲМАДБЕКОВА,

мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.