Китоби нав. Ҳабибулло Ёров: “Теғи пурасрор”
Романи мазкур характери детективӣ дошта, дар он баъзе лаҳзаҳои ҳаёти мардуми тоҷик дар давраҳои ниҳоят сангини ҷумҳурисозӣ, махсусан давраи таъкибу “тройка” –а муллоҳо, айёми Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ворид гардидани Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон, ҷонбозҳои сарбозбачаҳои ҳанӯз зиндагинодидаи миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри иҷрои супориши ватан, нишонаҳои аввалини хиёнати мансабдорони олирутбаи СССР барои аз байн бурдани ин Иттиҳоди абарқудрат инъикос ёфтааст.
Тамоми ҳодисаву воқеаҳо бо як хатти сюжет бандубаст гардида, қаҳрамонони асосии асар Сайёд, аз айёми кӯдакию наврасияш то ба давраи камолот, хонандаро аз худ дур шудан намемонад.
Хонанда дар роман ба қиссаи ширину ҷонгудози ишқу муҳаббати ҳақиқӣ низ, рӯ ба рӯ меояд.
Ҳабибулло Ёров фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ, ҳамчун омӯзгор соли 1971 аз мактаби миёнаи №1 ноҳияи Файзободоғоз намудааст. Аз 20 ноябри соли 1971 ба кори журналистӣ гузашта дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият» ) то ноябри соли 1991 дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Журналист—фелетонист, беш аз 100 фелетон навиштааст. Узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1974.
Солҳои 1972-1973 дар сафи Қуваҳои мусаллаҳи СССР, дар флоти ҳарбии баҳрии Уқёнуси Ором хизмат карда, солҳои 1980—1983 ва 1986 -1988 дар сафари хидматӣ, дар давлати Афғонистон буд.
Чанд муддат дар вазифаи мовини сардори Раёсати кадрҳо ва мувссисаҳои таълими Вазорати фарҳанг и Ҷумҳурии Точикистон фаъолият дошт. Солҳои зиёде вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи Ҳизби Комунистии Точикистон «Нидои ранҷбар»-ро ба уҳда дошт. Аз соли 1997 то соли 2007 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун » буд. Аз моҳи августи соли 2007 то моҳи январи соли 2017 сармуҳаррири рузномаи «Набзи Точикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2017 сармуҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон» мебошад.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи устод Лоҳутӣ. Аълочи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин китобҳо аз ӯ чоп шудаанд: «Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон», Душанбе, нашриёти «Шарқи озод», соли 2009 ва «Пешвои ҳамабин», Душанбе , нашриёти ҶДММ «Бебок»соли 2014.
Дар ҳамкорӣ бо Истад Қосимзода ин китобҳоро тарҷума кардааст: «Нурсултон Назарбоев», “Даҳ соли бӯҳронӣ” ва Александр Чаковский “Рузвелт ва Сталин”.
Муҳаррири чандин асари бадеӣ, илмӣ ва публистӣмебошад.
Фаъолияти меҳнатиаш бо бисёр мукофотҳои давлатии собиқ СССР ва давлати Афғонистон қадрдонӣ гардидааст
Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардони фонд.