Китобе, ки аз ифтихори  ватандорӣ ҳикоят мекунад

Ифтихори-ВатандориДар китоб “Ифтихори ватандорӣ”, ки ахиран  чоп шудааст,  силсилаи  мақолаҳои  ходимони  рўзномаи  «Хатлон», иштирокдорони  озмуни  эҷодии «Ифтихори  Ватандорӣ» гирд оварда шуда,  ба мавзуи  Ватану  меҳанпарастӣ, Истиқлол  худогоҳӣ  ва ғурури  миллӣ, тарбияи  ватандўстии  шаҳрвандон  бахшида  шудаанд, ҷой  гирифтаанд.

Воқеан, Ватан  вожаи  муқаддасу  дилнавоз  аст  ва  ҳар  худшиносу  ватандор  барои  ҳифзи  Истиқлолу  озодии Меҳан, ки  омили  пойдории  миллат  ва  рушду  сарсабзии  он  аст  ҷоннисорӣ  мекунад.

Носиҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” дар сарсухане, ки бо номи “Эҳсоси гарми ватандӯстӣ омили муҳимтарини рушди давлат аст” навиштааст, аз ҷумла овардааст, ки Пешвои  миллат  барҳақ  таъкид  намудаанд, ки  тоҷику  тоҷикистонӣ  дар  ҳамон  ҳолат  тинҷу  осуда  ва сарбаланд зиста  метавонад, ки  истиқлолияти  миллатро  ҳифз  намояд, анъанаҳои  неки  башардўстонаи  аҷдодонро  идома  диҳад. Зеро миллате, ки худро намешиносад, ифтихору ғурури миллӣ надорад, метавонад зуд парешон ва пароканда гардад. Миллати худогоҳ баръакс, ҳар лаҳза дар рушду тараққӣ буда, умр ба хушнудии дилҳо мегузаронад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.

Китоб  бо  ташаббуси  ҳайати  таҳририяи  рўзномаи  «Хатлон»  ҷиҳати  тибқи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бори  тарбияи  ватандўстии  шаҳрвандон»  ва «Барномаи  давлатии  тарбияи  ватандўстӣ, эҳсоси  масъулияти  шаҳрвандӣ  ва таҳкими  ҳувияти  миллии ҷавонони  вилояти  Хатлон  барои  солҳои  2023-2027»  таҳия  ва  интишор  ёфтааст.

Хонандагони  азиз  ин китобро  метавонанд  дар Китобхонаи  миллӣ мутолиа  намоянд.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.