556 китоб ва 24 маҷаллаи илмӣ аз академик Обидов ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд
Фарзандони академик Иброҳим Обидов 556 адад китоб ва 24 адад маҷалларо аз китобхонаи шахсии олими маъруф ба Китобхонаи миллӣ супурданд. Таҳвили ин китобҳо ҳафтаи сипаришуда сурат гирифт ва шуъбаи мукаммалгардонии фонд ҳар китобу маҷалларо рақамгузорӣ кард, ба соҳаҳо тақсим намуд, муҳр зад ва ба шуъбаҳои дахлдор тақсим намуд.
Ҳамзамон 113 китоб, ки ба фаъолиятҳои илмии олими шинохта иртибот доштанд, ба толори академикҳо дар гӯшаи махсус ва 443 адад китоби боқимонда ба фонди асосӣ фиристода шуд.
Гуфтанист, ки академик Иброҳим Обидов 20-уми июни соли 1923 дар деҳаи Пӯлотони ноҳияи Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1941 омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Конибодом ва соли 1951 Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинободро хатм намудааст.
Аз соли 1946 ба фаъолияти сар карда, то соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа намудааст. Солҳои 1978- 1980 ҳамчун декани факултети такмили ихтисоси мактабҳои миёна дар назди Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ва аз соли 1980 то соли 2008 мудири кафедраи педагогикаи ДДОТ-и ба номи С. Айнӣ кор кардааст.
Иброҳим Обидов муааллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифоташ масъалаҳои таърихи инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон, илми педагогика, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳҳои касбию техникиро дар бар мегирад. Оид ба инкишофи маданияти тоҷик, методикаи таълими фанни таърих, ҳаёти педогогҳои намоён мақолаву китобҳо интишор додааст. Аз ҷумлаи нахустин муаллимони ҷумҳурӣ буда, муҳаррир ва муаллифи як қатор асарҳои дастаҷамъӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии Иброҳим Обидов чанд нафар рисолаҳои докториву номзадии худро ҳимоя кардаанд.
Барои хидматҳои намоёнаш Иброҳим Обидов бо ордени «Ситораи Сурх» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шўрои олии ИҶШС сарфароз гардонида шудааст.
Узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии ИҶШС (1968), доктори илмҳои педагогӣ (1977), профессор (1980), академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС (1990), узви хориҷии Академияи илмҳои Русия (1999) буд.
Академик Обидов Иброҳим Обидович 22 ноябри соли 2011 дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам гузашт.
Китобҳои китобхонаи шахсии олими барҷаста даҳсолаҳо чун манбаъҳои муҳими илмӣ барои унвонҷӯён, докторони илм, донишҷӯён ва ташнагони илму маърифат хидмат хоҳанд кард.
Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.