Раҳмонов, Э. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1. – Душанбе: Эр – граф, 2016. – 516 саҳ.
Китоб ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашр гардидааст. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.
Китоби мазкур аз мундариҷа ва 6 боб иборат аст: Боби якум “Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ”, боби дуюм “Саргузашти таърихии вожаи “Тоҷик” ва забони тоҷикӣ”, боби сеюм “Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор”, боби чорум “Забони навиштории тоҷикӣ”, боби панҷум “Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ”, боби шашум “Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ”.