Ёде аз Лутфӣ Кабирова баъди 10 соли реҳлаташ аз олам
Аз марги ҳунарманди мумтоз Лутфӣ Кабирова 10 сол сипарӣ шуд. Ӯро аз беҳтарин сарояндагони опера дар кишвар медонанд. Марҳум Низом Нурҷонов дар таҳлеле аз эҷодиёти ҳунарманд навишта буд: Диапазони овози Кабирова васеъ ва тобишнок буда, дар барномаҳои консертии ў инчунин ария аз операҳо ва сурудҳои оҳангсозони тоҷик, рус ва дигарон низ ҷой доштанд. Кабирова ба Полша, Эрон, Олмон, Белгия, Дания, Австрия, Туркия ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ кардааст.
Кабирова Лутфӣ Раҳимҷоновна 7-уми октябри соли 1932 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Сарояндаи операи тоҷик (сопранои лирикӣ-драмавӣ). Артисти халқии ИҶШС (1977). Хатмкардаи Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1949) ва Консерваторияи Маскав (1954). Аз соли 1954 ҳунарпешаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.
Услуби овозхониро дар ҳамаи регистр (бўъд)-ҳо моҳирона истифода кардааст. Ў тавасути овозхонӣ ҳолатҳои гуногуни қаҳрамонон ва шўру ғалаёни ботинии онҳоро амиқу равшан ифода мекард.
Кабирова дар операҳои тоҷик як силсила образҳои ҷолиб офаридааст: Нисо («Бахтиёр ва Нисо»)-и С. Баласанян, 1954), Гулрў («Пўлод ва Гулрў»-и Ш. Сайфиддинов, 1957), Малоҳат («Бозгашт»-и Ё. Сабзанов, 1967). Аз операҳои классикии русу ғарб партияҳои мураккабро иҷро карда, як қатор образҳои барҷаста офаридааст: Мария, Татяна, Лиза («Мазепа», «Евгений Онегин» ва «Моткаи қарамашшоқ»-и П. Чайковский, 1957, 1958, 1962), Дездимона, Леонора («Отелло» ва «Трубадур»-и Ҷ. Верди, 1966-1967), Чио-чио-сан (операи ҳамноми Ҷ. Пуччини, 1971).
Маҳорати баланди ҳунарварӣ ба Кабирова имкон дод, ки хулқу хислати қаҳрамононро воқеӣ, ҳаётӣ ва дилчасп офарад. Дар операҳои бастакорони шўравии рус нақшҳои Анхела («Духтари Куба»-и К. Листов, 1963), Наталия («Дони ором»-и И. Дзержинский, 1975), Катерина («Духтари ромшуда»-и В. Шебалин 1959, 1976) ва дигаронро хуб иҷро кардааст. Кабирова дар оппереттаҳо низ ба бозёфтҳои эҷодӣ ноил шудааст: Силва Мариса (опперетаҳои ҳамноми И. Калман ва ғ.)
Диапазони овози Кабирова васеъ ва тобишнок буда, дар барномаҳои консертии ў инчунин ария аз операҳо ва сурудҳои оҳангсозони тоҷик, рус ва дигарон низ ҷой доштанд. Кабирова ба Полша, Эрон, Олмон, Белгия, Дания, Австрия, Туркия ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ кардааст.
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
19-уми майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз олам гузашт.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 182.
Муаллиф: Н. Нурҷонов
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.