Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5 –уми январ
Соли 1524 дар Сплит шоир ва инсонпарвари хорватӣ Марко Марулич дар синни 73-солагӣ даргузашт. Марко Марулич бо номи “падари Эҳёи Хорватия” ва “падари адабиёти Хорватия” маъруф аст. Вай асарҳои худро бо тахаллусҳои “Марко Марулич Спличанин“, “Марко Печенич“, “Маркус Марулус Спалатенсис” (ё “Маркус де Марулис Спалатенсис“) эҷод кардааст.
Бино ба иттилои як қатор маъхазҳо Марулич аввалин шуда, мафҳуми «психология»-ро ба маънои имрӯаи ин истилоҳ истифода кардааст.
Машҳуртарин асари Марко Марулич ба забони хорватӣ достони «Юдита» мебошад, ки соли 1501 офарида шуда, соли 1521 дар Венетсия нашр шудааст.
Расми Марко Марулич дар рӯи асъори 500 кунаи хорватӣ акс ёфтааст.
Соли 1846 дар Аурих нависанда ва файласуфи олмонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1908) Рудолф Эйкен, таваллуд шуд.
Эйкен Рудолф дар донишгоҳҳои Геттинген ва Берлин дар назди Р.Лотзе ва Ф. Тренделенбург таҳсил кардааст. Солҳои 1871-1874 дар донишгоҳи Базел, баъд дар донишгоҳи Йена (то соли 1920) аз фалсафа дарс медод. Асари аввалини ӯ «Усули мантиқи Аристотел» (Die Methode der aristotelischen Forschung, 1872) ном дошт, аммо баъдтар Эйкен ба омӯзиши ахлоқ шурӯъ мекунад. Эйкен муаллифи мафҳумҳои «усули зеҳншиносӣ (ноологӣ)» ва «метафизикаи рӯҳ» мебошад. Аз нигоҳи ў инсон метавонад баракати ҳаёти маънавиро танҳо бо саъю кўшиши беандозааш дар ин самт ба даст орад. Эйкен сотсиализмро барои он танқид кард, ки он озодиро маҳдуд карда, аҳамияти маънавию маданиятро дар ҳаёти инсоният паст мекунад. Ғояҳои Эйкен дар асри ХХ дар Олмон, Англия, ИМА, Ҷопон ва мамлакатхои Скандинавия хеле маъмул буданд
Эйкен 14 сентябри соли 1926 дар Йена вафот кард.
Соли 1921 дар Конолфинген нависанда ва намоишноманависи швейтсарӣ Фридрих Дюрренмат ба олам омад. Вай яке аз устодони шинохтаи жанри детективи психологист.
Падари Фридрих, Рейнхолд Дюрренматт, коҳини протестантии деҳа буд. Бо сабаби мушкилоти молӣ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, оила ба Берн мекӯчад. Фридрих дар гимназияи Озоди Берн ва баъд дар Ҳумболдтианум таҳсил карда, онро соли 1941 хатм мекунад. Нависандаи оянда хонандаи одӣ буд ва аксар вақт мактабашро иваз мекард. Аммо баъдтар ӯ хатмкардаи донишгоҳҳои Берн ва Тсюрих гардид. Вай аз овони хурдсолӣ ба расмкашӣ шавқу ҳаваси калон дошт, ки тамоми умр аз он даст накашид. Соли 1943 ба фаъолияти нависандагӣ оғоз кард. Баъдан, ӯ асарҳояшро бо расмҳои худ тасвир кардааст. Дар соли 1990 расми калони Фридрих Дюрренмат дар хонаи собиқи волидонаш, ки замоне дар он ҷо зиндагӣ мекард, кашф ва барқарор карда шуд.
Фридрих Дюрренмат барои эҷодиёти худ ба ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла мукофотҳои байналмилалӣ қадр шудааст. Ў 14 декабри соли 1990 дар Невшател вафот кард.
Асарҳои «Садама», «Физикдонҳо», «Довар ва ҷаллоди ӯ» ва «Ташрифи хонуми солманд» масуби ўянд.
Соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг шоир, нависанда, достонсаро, мақоланавис, тарҷумони тоҷик Ғаффор Мирзо зода шуд. Вай соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1956 Курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст.
Асарҳояш аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979-1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғ. мебошад.
Барои бачагон асарҳои марғубе навиштааст, ки «Санговдавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961, 1964), «Достак» (1961, 1965), «Шайтони бекафшу маҳсӣ» (1963, 1964), «Як қатра Офтоб» (1965), «Кадом ҳунар беҳтар аст?» (1971), «Гулҳои дастабаста» (1974) ва ғ. аз он шумуланд.
Дар матбуот чанд ҳикояи хубаш чоп шудааст. Очеркҳояш дар байни хонандагон маълуму машҳуранд, ки дар маҷмӯаҳои «Сафари диёри дӯстон» (1960), «Ҷовидонӣ» (1965) ва «Меҳнат мукофот аст» (1977) гирд омадаанд.
Анқариб даҳ маҷмӯаи ашъораш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
Осори алоҳидаи В. Маяковский, Н. Некрасов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат, А. Сурков, П. Воронко, А. Твардовский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Чанд мақолае, ки дар бораи масоили рушду камоли адабиёт ва забони тоҷикӣ навиштааст, бесуд набудаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон (1994).
Аз соли 1952 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
26 августи соли 2006 вафот кард.
Соли 1932 дар Алессандрия нависандаи итолиёвӣ Умберто Эко чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Падар орзу дошт, ки писараш ҳуқуқшинос шавад, аммо Умберто ба факултаи фалсафа дохил шуд. Пас аз омӯзиш ӯ ба ҳайси муҳаррири телевизион фаъолият мекард.
Вақте ки файласуф аз телевизион барканор шуд, дар рӯзномаи бузурги итолиёвии «Эспрессо» ба ҳайси шореҳ ба кор даромад ва баъдтар дар донишгоҳҳои Милан, Флоренсия ва Турин аз фанҳои эстетика ва назарияи фарҳангӣ дарс медод. Аввалин асари назарраси Эко китоби «Мушкилоти эстетикаи Фома Аквинский» буд, ки баъдтар аз нав такмил ва нашр шуд. Дере нагузашта асаре бо номи «Санъат ва зебоӣ дар эстетикаи асримиёнагӣ» нашр гардид, ки он низ аз нав дида баромада шуд. Муваффақияти аввалини нашрияҳои ӯ нависандаро водор сохт, ки асарҳои бадеӣ эҷод кунад.
Эко дар соли 1980 баъди нашри романи «Номи садбарг» маълуму машҳур шуд. Эҷодиёти муаллиф даҳҳо асарҳои илмӣ, мақолаҳои рӯзномавӣ, инчунин романҳои бадеиро дар бар мегирад, ки машҳуртарини онҳо «Номи садбарг», «Маятни Фуко», «Рақами сифр» ва «Қабристони Прага» ба шумор мераванд.
Асарҳои нависандаро метавон беҳамто номид. Сужаҳои детективии онҳо ба фалсафа, дин ва анъанаҳои асримиёнагӣ дахл доранд. Саргузаштҳои печ дар печ диққати хонандагонро ба худ кашида, то охири асар онро шавқангез мекунанд.
Умберто Эко дар саросари ҷаҳон ҳамчун нависанда, файласуф, пажӯҳишгар ва омӯзгор маъруф аст. Ў дар Донишгоҳи Ҷумҳурии Сан- Марино шӯъбаи омӯзиши ВАО-ро таъсис дод. Нависанда президенти мактаби олии гуманитарии Донишгоҳи Болония таъин гардид, инчунин узви Академияи илмҳои Линси, доктори фахрии бисёр донишгоҳҳои хориҷӣ, дорандаи ордени Легиони фахрии Фаронса буд. Олими боистеъдод 19 феврали соли 2016 аз бемории саратони ғадуди зери меъда даргузашт.
Соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пашакӯҳи вилояти Бухоро шоири тоҷик Асад Гулзодаи Бухороӣ таваллуд шуд. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе соҳиб гардидааст.
То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар Бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият доштааст.
Ҳоло машғули кори эҷодист.
Асосан барои кӯдакону наврасон менависад.
Маҷмӯаҳои шеъраш дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки «Насими Бухоро» (2001), «Хатти пешонӣ» (2003), «Бухоро» (2004) ва ғ. аз хамин қабиланд.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
29 майи соли 2023 дар синни 88-солагӣ даргузашт.
Соли 1946 дар Красноярск нависандаи рус Евгений Попов ба дунё омад. Вай баъди мактаб ба Донишкадаи ҷустуҷўи геологии Маскав ба номи С. Орҷоникидзе дохил шуда, онро соли 1968 хатм кард. Пас аз хатми донишкада ба ҳайси геолог фаъолият намуда, ҳамзамон ба эҷодиёт машғул буд. Қаҳрамонони ў оворагардону зиёиёни Сибир, занони сабукпову майзада, амалдорону коммунистон буданд, ки дар якҷоягӣ тасвири дастаҷамъии давру замонро офаридаанд. Тавре Александр Кабаков менависад, «Евгений Попов на танҳо нависандаи халқӣ, балки эҷодкори адабиёти воқеан халқист ва ғояи асосии он дар он аст, ки ақли солими халқ дар интиҳо ғолиб омада, пирӯз мешавад ва беандешагии қудратмандонро мағлуб хоҳад кард, ки ҳар оворагард аз ҳар як сардор озодтар аст».
Евгений Попов соли 1976, вақте ки нашрияаш дар маҷаллаи машҳури «Новый мир» бо пешгуфтори Василий Шукшин чоп шуд машҳур гардид. Нависанда бисёр ҷоизаҳои адабӣ ва унвонҳои фахрӣ дорад. Евгений бо ҷоизаҳои маҷаллаҳои «Волга», «Стрелетс», «Знамя», «Октябр», нишони хотиравии Вазорати маданияти Маҷористон, ҷоизаҳои «Триумф» ва «Китоби калон» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2015 дар нашриёти «Эксмо» ду маҷмӯаи ҳикояҳои Евгений Попов «Видоъ бо Ватан» ва «Писари бемўй. Наср P.S.» ба таъб расиданд.
Соли 1951 дар Маскав, нависанда, шоир ва мақоланависи шӯравии рус, намоишноманавис, филмноманавис, рӯзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ, муҳандис ва ихтироъкор Андрей Платонов бар асари бемории сил дар синни 51-солагӣ даргузашт.
Андрей Платонов яке аз асилтарин нависандагони рус дар сабк ва забони адабии руси нимаи аввали асри ХХ аст. Андрей Платонович 28 августи соли 1899 дар Воронеж таваллуд шудааст. Соли 1906 ба мактаби маҳаллӣ дохил шуд. Аз соли 1909 то соли 1913 дар мактаби 4-солаи шаҳр таҳсил кардааст.
Соли 1918 ба факултаи электротехникии Донишкадаи политехникии Воронеж дохил шуд. Аз соли 1919 ба сифати шоир, мақоланавис ва мунаққид бо якчанд рўзнома ҳамкорӣ карда, асарҳои худро нашр мекунад. Тобистони соли 1919 вай ба сифати мухбири рўзномаи «Известия Совета Обороны Воронежского укрепленного района» ба Новохопёрск омад. Соли 1921 китобчаи аввалини ў «Барқрасонӣ» ва шеърҳояш низ дар маҷмуаи дастаҷамъиии «Шеърҳо» чоп шуданд. Соли 1922 дар Краснодар китоби ашъори Платонов «Умқи кабуд» нашр шуд.
Солҳои 1920 насабашро аз Климентов ба Платонов иваз кард. Дар соли 1931 асари «Барои оянда»-и ӯ аз чоп баромад. Дар соли 1934 Платонов бо дастгирии ҳукумат бо гурўҳи нависандагон ба Осиёи Миёна сафар кард. Нависанда достони «Тақир»-ро аз Туркманистон овард ва таъқиби ӯ дубора оғоз шуд: 18 январи соли 1935 дар «Правда» мақолае нашр шуд, ки баъд аз он маҷаллаҳо дастнависҳои Платоновро рад мекарданд. Дар соли 1936 ҳикояҳои «Фро», «Ҷовидон», «Хонаи гилин дар боғи музофот», «Писари сеюм», «Семён» ба табъ расидаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нависанда бо рутбаи капитанӣ ба ҳайси хабарнигори ҷангии рӯзномаи «Красная звезда» хидмат мекард. Дар охири соли 1946 достони Платонов «Бозгашт» нашр шуд, ки барои он нависанда соли 1947 мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар охири солҳои 1940, ки дигар нависанда аз фоидаи эҷодиёт маҳрум гашта буд, ба такмили адабии афсонаҳое, ки дар маҷаллаҳои кӯдакона нашр мешуданд, машғул буд.
Соли 1951 дар деҳаи Падрохини ноҳияи Масчо нависандаи маъруф Муҳаммадзамони Солеҳ ба дунё омад. Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.
Қиссаи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоровро ба тоҷикӣ тарҷума, «Готҳо»-и Зардуштро ба хатти имрӯза баргардон кардааст.
Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
1 феврали соли 2009 аз олам гузашт.
Соли 1964 дар Ростови лаби Дон шоир, насрнавис, коргардони синамо, адабиётшинос ва муаррихи мусиқӣ Игор Вишневетский, барандаи ҷоизаи NOS-2011, ба дунё омад.
Игор Вишневетский назми классикии русии асри 18 ва ибтидои асри 20-ро бо андозаҳо, жанр ва низоми қофияаш коштааст, ки ин махсусан дар маҷмуаи аввалинаш «Шеърҳо» (1992) мушоҳида мешавад. Дар маҷмўаи дуюм «Рўи сегона» (1997) тақвияти шадиди ҷузъи метафизикӣ мушоҳида мешавад. Маҷмӯаи сеюм «Почтаи ҳавоӣ» (2001) аллакай асарҳоеро дар бар мегирад, ки дар шакли озоди шеърӣ навишта шуда, байти классикӣ, ғайриклассикӣ ва он чиро, ки ба таври анъанавӣ наср тасниф мекунанд, дарбар мегирад. Тақвияти минбаъдаи ҷузъи мифологӣ дар ашъоре, ки ба маҷмўаи «Барфи аввал» (2007) дохил шудаанд, мушоҳида мешавад. Шеърҳои аз миёнаҳои солҳои 2000-ум навишташуда дар матбуоти даврӣ («Дунёи нав», «Шарҳи адабии нав» ва ғ.) ба табъ мерасиданд, вале то соли 2021 ҳамчун китоби алоҳида нашр нашуданд.
Дар соли 2010 достони Вишневетский “Ленинград” нашр шуд, ки он ҳашт моҳи муҳосираи шаҳрро (аз сентябри 1941 то апрели 1942) тасвир мекунад. “Ленинград” ҳамчун як ривояти фалсафӣ ва равонӣ бо услуби романҳои Достоевский эҷод шудааст, аммо унсурҳои насри тадқиқотӣ (иқтибосҳо аз ҳуҷҷатҳои аслӣ, бозсозии таърихӣ ва забонӣ) ва ҳатто шеъри лирикиро дар бар мегирад. Дар маркази достон вазъияти «ғайриинсонӣ» ва он чизест, ки дар дохили ҳар як қаҳрамон ба он мухолифат мекунад. Соли 2014 ба унвони «замима»-и «Ленинград» матни насриву назмии «Шоири фаромӯшнашаванда» ба табъ расид. Дар соли 2013 достони дуюми Вишневетский «Ҷазираҳо дар халиҷ» нашр шуд.
Соли 2017 «Монандии ғайриихтиёрӣ. Роман аз соли 1835» чоп шуд, ки ба андешаи мунаққидон он бо маҳорати «нодир» ва «тақлид»-и насрҳои ошиқонаи солҳои 1830 эҷод шудааст.
Соли 2018 достони чоруми насрии “Шӯъла” ба табъ расид.
Моҳи апрели соли 2019 дар фестивали «Чорроҳаи тамаддун» (Венетсия) суханронӣ карда гуфт, ки дар оянда ба эҷоди назм машғул мешавад.
Соли 1978 дар Мартинес, Калифорния нависандаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Шеннон Макгвайр, барандаи ҷоизаҳои Nebula ва Hugo ба дунё омад.
Шеннон муаллифи силсилаасарҳои тахайюлии «Рӯзи Октябр» ва сегонаи «Newsflesh» бо тахаллуси Мира Грант мебошад. Вай дар болои ҳафт китоби дигар кор мекунад ва ҳикояҳои ӯ дар як қатор тазкираҳо нашр шудаанд. Дар вақти холии худ, Шеннон мусиқӣ эҷод мекунад. Вай аллакай се диск нашр кардааст, инчунин фузунсоз ва рассом аст.
Шеннон Макгвайр барандаи ҷоизаи Ҷон Кэмпбелл барои беҳтарин навоварони соли 2010 мебошад. Романи ӯ «Feed» бо ақидаи Publishers Weekly яке аз беҳтарин романҳои дар соли 2010 дониста шуд.
Соли 1982 дар Маскав насрнавис, рӯзноманигор, тарҷумони забонҳои олмонӣ ва англисӣ, ҳунарпеша Даря Бобилева, узви Иттифоқи нависандагони Маскав таваллуд шуд.
Пас аз мактаб ба шуъбаи насри Донишкадаи адабии Горкий дохил шуда, семинари Руслан Тимофеевич Киреевро хатм кард. Асарҳои ӯ соли 2010 дар саҳифаҳои маҷаллаҳои «Октябр», «Нева», «Чароғи Сибир», «Флорида» ва нашрияҳои дигар мунтазам нашр мешуданд.
Соли 2014 нависанда дар Озмуни XII байналмилалии адабии ба номи Волошин иштирок карда, дар он ҳикояҳои ӯ «Истироҳат» ва «Ободонии шаҳр» сазовори дипломҳо шуданд. Дар ҳамон сол маҷмӯааш «Одами фаромӯшшуда» ба табъ расид, ки достони ирфониро дар бар мегирад. Дере нагузашта Даря Бобилева ба Иттифоқи нависандагони Москва қабул шуд. Дар соли 2016, ӯ якчанд асарҳоро барои интихоб ба тазкираи “Даҳшатноктарин китоби соли 2017″ пешниҳод кард. Дар натиҷа достони ў «Зани оташин» ба маҷмуа дохил шуд. Дар соли 2018 нависанда романи «Саъваҳо»-ро нашр кард, ки аз чанд ҳикоя иборат буда, воқеаҳои онҳо бо як макони умумӣ алоқаманданд.
Асарҳои маъмултарини Даря Леонидовна «Хона аз кулчақанд», «Алоқаҳои наздик дар боғчаи сездаҳум», «Садо аз дарё», «Кӣ аз ҷангал баромад», «Ҷанги гурбаҳо ва помидорҳо» ва «Тарс чашмони парвонаро дорад» мебошанд.
Нависанда бо оилааш дар Маскав зиндагӣ мекунанд. Вай вақти холии худро ба эҷодкорӣ, мутолиа ва тарҷумаи адабиёти классикии олмон сарф мекунад.
Соли 1987 нависандаи англисзабони канадагӣ Маргарет Лоуренс, ки гирифтори бемории саратони шуш буд, дар синни 60-солагӣ дар хонаи худ худкушӣ кард.
Падари Маргарет Лоуренс ҳуқуқшинос Роберт Ҳаррисон Вемисс ва модараш Верна Жан Симпсон буданд. Дар синни 4-солагиаш (1930), модараш вафот кард ва падараш бо хоҳари ҳамсараш Маргарет Кэмпбелл Симпсон издивоҷ мекунад. Пас аз панҷ соли вафоти модар падар низ аз дунё гузашт (1935).
Пас аз он, Пегги бо кӯмаки модарандараш дар синни 15-солагӣ ба навиштани мақолаҳо барои «Black and Gold», рӯзномаи Мактаби миёнаи Коллеҷи Непав оғоз кард.
Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1944, вай барои гирифтани унвони бакалаври санъат дар Донишгоҳи муосири Виннипег тайёрӣ мебинад ва дар соли 1947 онро соҳиб мешавад.
Дар эҷодиёти ӯ мавзӯъҳои мақоми инсон, бахусус занон дар ҷомеаи Англо-Канада омӯхта мешавад. Як қатор романҳои ӯ дар деҳаи тахайюлии Манавака дар Манитоба ҷойгир шудаанд, гарчанде ки қаҳрамонҳо аз манотиқи мухталифи кишвар, аз Ванкувер то Онтарио омадаанд.
Соли 2002 дар Санкт-Петербург насрнавис, шоир ва тарҷумони шӯравии рус Вадим Шефнер, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Аэлита (2000) дар синни 86-солагӣ даргузашт.
Вадим Сергеевич 12 январи соли 1915 дар Петроград таваллуд ёфтааст. Вадим айёми бачагӣ ва ҷавонии худро дар Петроград гузаронда, соли 1931 мактаби миёна соли 1937 факултаи коргарии Донишгоҳи Ленинградро хатм кардааст.
Вадим Сергеевич соли 1936 ба нашри ашъор шурӯъ карда, аз соли 1938 дар семинар-студияи назми «Иттиҳоди ҷавонон»-и назди Иттифоқи нависандагон таҳсил кардааст. Аввалин маҷмуаи ашъори Шефнер «Соҳили равшан» соли 1940 аз чоп баромад. Худи ҳамон сол ҳикояи аввалинаш нашр гардид. Соли 1943 дар Ленинград китоби дуюми ашъораш «Мудофиа» аз чоп баромад. Солҳои 1943-45 бузургтарин асари назмии худ – достони «Вохурӣ дар канори шаҳр»-ро офарид. Аввалин маҷмуаи насриаш «Абрҳои болои роҳ» соли 1957 интишор ёфт.
Достони “Хоҳари ғам“-ро Шефнер барҷастатарин осори насрии худ медонист. Аз солҳои 60-ум Шефнер инчунин дар жанри асарҳои тахайюлӣ кор карда, асарҳои худро ҳамчун “Ҳикояҳои нимимконпазир” ва “Афсонаҳо барои доноён“ номидааст. Солҳои 1973-1975 достони «Ном барои мурғ ё чойнўшӣ дар айвони зард»-ро эҷод карда, дар он ба як табақаи дигари эҷодиёти худ – насри хотиравӣ асос гузошт. Идомаи «Ном барои парранда» китоби «Роҳи бахмалӣ» буд, ки соли 1999 ба табъ расид.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА