Манижа Убайдуллоева: Ксенофонт дар “Курушнома” баъзе иловаҳои дурӯғин ҳам кардааст

Манижа УбайдуллоеваАхиран аз силсилаи  “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун), ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад, боз як китоби арзишманд нашр шуд. Бо талошу кӯшишҳои доктори улуми фалсафӣ, устод Рамазон Назриев “Курушнома”-и донишманди Юнони Бостон Ксенофонт аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон ва инак дар хидмати хонанда қарор гирифт.

Хонандагони огоҳ медонанд, ки “Курушнома”-и Ксенофонт асарест, ки рўзгори сарлашкар ва шоҳаншоҳи Форс-Курушро тасвир мекунад. Ин асари шарҳиҳолӣ ва дастурномаи идорӣ ва роҳбарӣ таъбир мешавад ва дар бораи шахсияти Куруши Бузург маълумоти ҷолиб медиҳад, ҳамзамон он аз аввалин манобеъи муътамади хаттист, ки шахсияти Курушро дар қаламрави хориҷ аз ҳудуди давлати Ҳахоманишиён муаррифӣ мекунад.

Ксенофонт файласуф, муаррих ва сарбози юнонӣ буд, ки дар соли 430 қабл аз милоди Масеҳ дар Эрхиё ба дунё омад ва соли 354 то солшумории мо дар Коринфи Юнон дар синни 76-солагӣ аз олам рафт.

Маъруфтарин навиштаи ӯ «Киропедия» ё «Курушнома» (аз забони юнонӣ таҳтуллафзӣ ҳамчун «Тарбияи Куруш» тарҷума мешавад) мебошад. Он як навъ романи тарбиявӣ дар бораи Куруши Бузург, подшоҳи Форс ва асосгузори сулолаи Ҳахоманишҳост, ки солҳои 559-530 то милод ҳукмронӣ кардааст.

Дар суҳбате, ки бо Манижа Убайдуллоева, сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”-ии Китобхонаи миллӣ доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, ки ибтикори баргардони ин китоб аз кӣ буд?

Китоб бо пешниҳоди Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода тарҷума шуд ва масъулияти ин кори сангинро доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назариев ба уҳда дошт. Тарҷумон то куҷо дар баргардони асар муваффақ буд, бигзор донишмандон изҳори назар кунанд. Вале чизе ки мехоҳам бигӯям, ин аст, ки устод Назриев хеле заҳмат кашиданд, то ин шаҳкори ҷаҳонӣ ба дасти хонандаи тоҷик расад.

Зимнан, бояд бигӯям, ки дар соли 2023 кормандони Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ ду асарро дар ҳамкорӣ бо донишмандон тарҷума, таҳрир ва нашр карданд, ки яке аз онҳо асари арзишманади Ксенофонт “Киропедия” ё “Курушнома” ва дигаре асари Мейендорф “Саёҳат ба Осиёи Миёна” мебошанд. Дуюмӣ берун аз силсилаи  “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) мунташир шуд.

Куруш аз ҷумлаи шоҳонест, ки номаш ҷаҳонгир шудааст. Аз ин рӯ, мо ворисони ин шахси бузург бояд вайро бештар бишносем. Хоса вақте  бегонагон вайро ситоиш карда бошад, пас мо бояд онро бидонем.

  • – Чопи китобе, ки дар асрҳои пеш аз милод навишта шудааст, ба имрӯзиён чӣ медиҳад?
  • – Куруши Бузург бунёдгузори шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён буд, ки сарзаминҳои мардумони ориёиро дар як кишвар муттаҳид мекард. Вай тавонист рақибҳои дерини мардумони ориёиро шикаст диҳад ва нахустин империяи ҷаҳониро падид оварад. Куруш ҳамчунин муаллифи нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар аст.
  • Ин китоб нахустин асар дар бораи мактаби давлатдорӣ ва шахсияти Куруш аст, ки онро як таърихнависи юнонӣ навиштааст ва дигар осоре, ки ба Куруш бахшида шудааст, дар асоси ин сарчашмаи таърихӣ навишта шудаанд. Ин асар барои муаррихон, фарҳангшиносон, ҷомеашиносон ва онҳое, ки ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллатамон шавқу рағбат доранд пешкаш карда мешавад.
  • Хулоса, барои бедории милллатамон донистани таърих ҳатмист, то ҷое, ки аз таърих огоҳем тамоми ҳодисаҳо дар тули таърих дар шаклҳои гуногун ва вобаста ба замон батакрор рух медиҳанд. Мо бояд ҳамватанонамонро ба омӯхтани таърих ва хондани асарҳои таърихӣ тарғиб кунем то аз гузаштаҳо огоҳ бошему ибрат бигирем то дар умури миллӣ ва меҳанӣ ба корамон оянд.
  • Курошнома– Ба андешаи шумо нависандаи “Курушнома” то куҷо дар тасвири ҳақиқати таърих муваффақ будааст?
  • – Нависанда дар ин асар хаёлпардозӣ ҳам кардаву ривоятҳои дурӯғини юнониро ҳам ворид кардааст. Масалан, ҷое мегӯяд, ки дар тарбияи Куруш мураббиёни юнонӣ нақши аслиро доштаанд. Албатта, ин гуна баён то андозае як навъи рашки Ксенофонт аст. Дуруст ин аст, ки дар тарбияи ӯ падараш Камбуҷия нақши аслиро дошта, ки нахустин мураббии ӯ будааст. Ё ҷое дигар мегӯяд, ки гӯё форсҳо номашонро аз Персей – қаҳрамони устураҳои юнонӣ, ки писари Зевс ва Даная аст, гирифтаанд… Ин ривояти дурӯғини юнонист, ки гӯё Персей аз Андромеда Перс ном писаре дошта, ки гӯё падари Ҳахоманиш ва ниёи шоҳони Форс будааст. Воқеият надоштани ин матлабро хонандаи азизи мо метавонанд аз асари Абдукаломи Озод “Куруши Кабир-Зулқарнайн” (хатгардон ва таҳияи Раҳмоналӣ Мирализода.- Душанбе: Адиб, 2019) ва китоби Э.А.Грантовский “Ранняя история иранских племен Передней Азии” дарёбад.
  • Мехостам дар поёни суҳбат дар бораи ҳадафу вазифаҳои роҳандозии чопи китобҳо аз силсилаи “Тоҷнома” ба хонандагон чанд ҳарфе мегуфтед?

– Силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва нашр мегардад. То кунун аз ин силсила 15 китоб нашр шудааст.

Ҳадафи аслии мо аз интихоби асарҳо ва нашри онҳо дар чорчӯби ин силсилакитоб эҳё, густариш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҳамватанонамон, бавижа ҷавонон, аст. Мо ҷавонон, ки ояндаи ин миллат ҳастем, бояд бар пояи манобеи муътамади таърихӣ миллатамонро муаррифӣ кунем. Имрӯз беш аз ҳар замоне моро зарур аст, ки дар заминаи худшиносӣ пойдевори давлати худро бештар аз пеш устувор кунем.

Хушбахтона, имрӯзҳо аз баракати истиқлоли кишвар мо имкон дорем, ки осори бостонии тамаддуни ориёии худро тарҷума таҳия, таҳқиқ ва нашр бикунем.

-Бароятон дар ин амри хайр бурдборӣ мехоҳам.

-Сипос.

Суҳбати Бобоҷон ШАФЕЪ