Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 1-уми феврал
Соли 1851 дар Лондон романнавис, нависандаи достонҳои кутоҳ ва сафарноманависи аҳли Британияи Кабир Мэри Шеллӣ ба дунё омад. Шинохтатарин асари ӯ романи “Франкенштейн ва ё Промитейи навин” аст, ки яке аз нахустин намунаҳои адабиёти илмӣ-тахайюлӣ ба шумор меравад.
Мэри Шеллӣ дар синни 53-солагӣ даргузашт. Ў инчунин асарҳои шавҳараш, шоири ашъори ошиқона ва файласуф Перси Бисше Шеллиро таҳрир ва таблиғ мекард. Падари ӯ файласуфи сиёсӣ Вилям Годвин ва модараш файласуф ва фаъоли феминистӣ Мэри Воллстоункрафт буданд.
Модари Шелли камтар аз як моҳ пас аз таваллуди ӯ даргузашт. Вайро падараш ба воя расонд, соҳибмаълумот кард ва ташвиқ намуд, ки ба назарияҳои сиёсии анархистии ӯ пайравӣ кунад. Ба асарҳои адабии ӯ, бахусус ба романҳои таърихии “Валперга”, «Одами охирин» (1826), «Лодор» (1835), “Мотилда” таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Дар навиштаҳои Шеллӣ аксар вақт баҳс мешавад, ки ҳамкорӣ ва ҳамдардӣ, бахусус он чизе, ки занон дар оила ба амал меоранд, роҳҳои ислоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд.
Соли 1870 дар деҳаи Рокай дар наздикии Ковна шоир, мутарҷим, адабиётшинос ва коҳини католикӣ Мотеюс Густаитис, асосгузори рамзшиносии Литва таваллуд шудааст. Вай аввалин китоби худро соли 1914 нашр кардааст. Инчунин драмаи поэтикиро дар панҷ парда нашр кардааст.
Соли 1884 дар Лебедян нависанда, публитсист, адабиётшинос ва намоишноманависи рус муаллифи романҳои «Мо», «Афсона», «Дар миёнаи ҳеҷ ҷо» ва ғайра Евгений Иванович Замятин таваллуд шудааст.
Соли 1913 Александр Блок драмаи «Садбарг ва салиб»-ро ба анҷом расонидааст. Александр Александрович Блок шоир, нависанда, публитсист, мутарҷим, адабиётшинос ва яке аз маъруфтарин намояндагони намодгароӣ (символизм)-и рус мебошад.
Вай 28 ноябри соли 1880 дар Санкт-Петербург ба дунё омад.
Ў аввалин шеърҳои худро пеш аз гимназия навишта буд. Блок дар синни 14-солагӣ маҷаллаи дастнависи “Вестник”-ро нашр кард, дар 17-солагӣ бошад, дар саҳнаи театри хонагӣ песаҳояшро ба саҳна гузошта, дар онҳо нақш мебозид, дар 22-солагӣ шеърҳояшро дар маҷмўаи Валерий Брюсов “Гулҳои шимол” нашр кардааст.
Шеърҳои Блок ба қалами шоирони маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон ба тоҷикӣ баргардон ва дар чандин маҷмуаҳо нашр шудаанд. Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.
Соли 1977 дар Ланкастери Калифорния дар синни 72-солагӣ нависандаи асарҳои илмӣ – тахаюлии амрикоӣ Эдмонд Гамилтон баъди ҷарроҳии номуваффақи гурда аз олам даргузашт. Вай яке аз асосгузорони жанри операи кайҳонӣ буд.
Соли 2012 дар Краков, дар синни 89-солагӣ, шоир, мақоланавис, мутарҷими лаҳистонӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1996 Вислава Шимборска дар манзили истиқоматиаш даргузашт. Доварони ҷоизаи Нобел дар тавсифи худ ӯро “Мотсарти шеър” хонда буданд, касе, ки зарфиятҳои забониро бо “шӯру ҳаяҷонҳои Бетховенӣ дар ҳам омехта буд”.
Шеъҳои вай бо бисёре аз забони аврупоӣ, чинӣ, форсӣ, арабӣ тарҷума шудаанд.
“Барои ин аст, ки зиндаем”, “Яксаду як шеър”, “Ашъори мунтахаб”, “Ба ҳар ҳол”, “Поён ва оғоз”, “Сад шеъ, сад шодӣ”, “Лаҳзаи 2002”, “Ин ҷо 2009” ва ғайра номи китобҳои ӯ мебошанд.
Соли 2009 дар синни 58-солгаӣ адиби маъруф, яке аз чеҳраҳои шинохтаи насли тоҷик аз олам гузашт. Муҳаммадзамони Солеҳ 5-уми январи соли 1951 дар деҳаи Падрохини ноҳияи Масчоҳ Муҳаммадзамони Солеҳ ба дунё омад. Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.
Қиссаи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоровро ба тоҷикӣ тарҷума, «Готҳо»-и Зардуштро ба хатти имрӯза баргардон кардааст.
Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.