Назари як олмонӣ ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар дар рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Олмон

Президент

Бешубҳа, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди инкишофи соҳоти мухталифи кишварашон саҳми бағоят бузург доранд. Талошҳои ғамхоронаашон танҳо дар бахшҳои сиёсати дохилӣ, балки дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намудани Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар ин ҷода ҳанӯз аз солҳои аввали ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон роҳбари он замон ҷавони кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши густариши муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Олмон, диққати алоҳида зоҳир намуданд. Натиҷаи ин ғамхориҳо буд, ки соли 1994 Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бонн ифтитоҳ ва ҳамин тариқ, заминаи рушди робитаҳои байни ду давлат гузошта шуд.

Дар баробари бахшҳои дигари ҳамкорӣ самти табодули фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор мерафт. Аллакай, моҳи августи соли 1995 Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории фарҳангӣ таҳия ва ба имзо расонда шуд, ки асоси фаъолияти ду кишварро дар ин самт ташкил медод.

Ба дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2000 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСНО /2000 дар Ҳанновер Тоҷикистон дар он на танҳо ғурфаи худро таъсис дод, балки барномаи фарҳангии бошаҳомати устодони санъати тоҷик ба тамошобинони олмонӣ муваффақона пешниҳод гардид.

Дар партави супоришҳои роҳбарияти олии Тоҷикистон масъулони ин намояндагии дипломатӣ конференсияҳо, ба монанди «1100-солагии Рӯдакӣ» дар Осорхонаи исломии Берлин, тарҷума ва муаррифии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони олмонӣ ва дигар чорабиниҳоро муваффақона баргузор намуданд.

Ҳамасола дар шаҳри Берлин Иди Наврӯз ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад, ки мавриди қабули сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон қарор гирифтааст. Тавре маълум аст, Ҷашни Наврӯз бо пешниҳоду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО феҳристи мероси фарҳангии башарият ворид карда шуда, мақоми байналмилалӣ пайдо кард.

Дар солҳои гуногун дар Ҷашни Наврӯз ва зиёфатҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои «Шамс» ва «Авесто», ансамбли халқии мусиқӣ таҳти роҳбарии ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, сарояндаи эстрада Шабнами Сурайё ва Фахриддини Малик, скрипканавозон Ноҳид Зайналпур ва Азалия Гулахметова, иҷрокунандагони машҳури рақсҳои тоҷикӣ аз ансамбли «Гулрез» Абригул Навҷувонова ва Таҳмина Мирзоева, инчунин Хайринисо Ватанова, Ирина Алкова ва Меҳрубони Азиз баромад кардаанд.

Соли 2001 ба муносибати даҳсолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби оҳангсози маъруф Фирӯз Баҳор, Эрна Гейзер, Наталия ва Александр Ҳайзерҳо дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷамъияти олмонӣ-тоҷикӣ таъсис дода шуд.

Мақсади асосии ҷамъият тарғиби фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Германия аст. Фаъолияти фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти олмонӣ-тоҷикӣ, инчунин, барои муттаҳидсозии диаспораи тоҷикистониён дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хидмат менамояд.

Дар доираи ин ҳамкориҳои судманд ҷониби олмонӣ ҳам дар таблиғи фарҳанги Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. Ҳамин тавр, Институти археологияи Олмон дар асоси Ёддошти тафоҳуми якҷоя бо Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнография ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай, давоми чандин сол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳафриёти археологӣ мегузаронанд. То ин дам бостоншиносии олмонӣ дар ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Восеъ, Кангурт ва Фархори вилояти Хатлон ҳафриёти археологӣ гузаронда, бозёфтҳои беназири таърихӣ пайдо намуданд. Натиҷаҳои ин корҳо дастраси доираҳои олмонӣ низ мегарданд. Маҷаллаи олмонии «Восток» аксаран мавод оид ба Тоҷикистон ва фарҳанги онро нашр менамояд. Соли 2007 ва дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маҷалла шумораи махсуси худро пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намудааст, ки қисми зиёди онҳо дар якҷоягӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гузаронда шуданд. Аз миёни чорабиниҳои фарҳангии Ҷамъият  метавон консерти оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, баромади сарояндаи «Шашмақом» Гулчеҳра Қурбонова, сарояндагони муосири машҳур Парвин Юсуфӣ, Олим ва Алишер Солизодаҳо, Бобоҷон Амонулло, намоишгоҳҳои расмҳои Заур Дахте ва Шӯҳрат Ёров, намоишномаҳои мусаввараҳои рассомони тоҷик, намоиши филмҳои устодони тоҷик, якчанд шоу-мӯдҳо бо намоиши рангии либосҳои занона аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро зикр кард.

Конференсияи илмӣ бахшида ба адабиёти тоҷик низ гузаронида мешавад. Чунончи, дар ҳамбастагӣ бо олими Донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин ҳамоиши исломӣ бо номи «Адабиёти тоҷик дар анҷоми аввали аср. Роҳ ба сӯи оянда» доир гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо раиси – Ҷамъияти олмонӣ-тоҷикӣ Александр Хайзер маҷмуаи тарҷумаҳои олмонии ашъори Рӯдакӣ (2008), Фарзона (2014), ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ («Ишқи минуӣ», 2018) ва «Китоби ишқ» (2020) ба нашр расонида шуд.

Воқеаи равшан ва хотирамони ҳаёти фарҳангии Берлин ташкили сафарҳои ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар соли 2014 мебошад, ки аз ҷониби Ҷамъият бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Александр Ҳайзер,
доктори илмҳои филология
профессор, Олмон.

Аз китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” таҳияи Мавзуна САЛИМОВА, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро, ки соли 2022 нашр шудааст, дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.