Бо бачаҳо. Гулчаҳра Муҳаммадиева: “Ғалабаи Ситора”
Бобо дар полиз алафҳои бегонаро решакан мекард. Ситораю Мунис ба ў ёрӣ медоданд. Вақти кандани бутта, шишипорае парида ба чашми Ситора расид. Чашми Ситора осеб дид.
Ситораро ба назди духтури чашм бурданд. Духтур чашмашро ҷарроҳӣ кард. Малҳам гузошту бо дока баст. Маслиҳат дод, ки докаи чашмашро даҳ рўз накушояд.
Ситора мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд. Зеро дар барномаи наврўзӣ ў бояд шеър қироат мекард.
Аҳволи Ситора аҳли хонаводаро ба ташвиш овард. Модар пинҳонӣ мегирист. Падар метарсид, ки мабодо духтараш нобино шавад. Бибию бобо шабу рўз дуо мекарданд, ки набераашон шифо ёбад.
Ҳама роҳи ҳалли масъаларо меҷустанд. Илоҷе ёфтан даркор буд, ки Ситора ором шавад. Дасташро ба докаи чашмаш нарасонад. Падараш хирсаки калон харида овард. Ситора ба хирсак нигоҳ накард.
Модараш барои ў куртаи нав дўхт. Аммо Ситора дилтангӣ мекард. Мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд.
Мунис тўбашро ба Ситора дод. Ситора онро қабул накард. Китоби расмдори зебоеро низ ба наздаш гузошт. Тамошои китоб ҳам ба ў хуш наомад.
Хоҳари калонӣ Лутфия ҷӯроб бофта, ба ў ҳадя карда гуфт:
– Азизам, Ситораҷон, дилат боз чӣ мехоҳад? Ҳар чӣ бигўйӣ иҷро мекунам.
Ситора хоҳиш мекард, ки докаи чашмашро кушода партояд…
Хоҳаракаш Шоҳона зочаашро ба ў дод. Ду пуфак ҳам овард:
– Сурхашро мегирӣ, ё кабудашро? – гуфт ва афзуд: – Агар хоҳӣ, ҳар дуяшро бигир.
Ситора қаҳр карда, ба ҳуҷраи дигар рафт. Ахли оила дар ҳолати ногувор монданд.
Ҳамсинфаш Дилбар ба хабаргирии ў омад. Модари Ситора бо алам воқеаро нақл кард:
– Агар Ситора докаро аз чашмаш кушояд, табобаташ душвор мешавад.
– Холаҷон, шумо ташвиш нашавед, ман илоҷашро меёбам, – гуфт Дилбар. Вай ба назди Ситора даромад.
– Дугонаҷон, хушхабар овардам. Хонандагони синфамон саҳначаи «Алибобо ва чиҳил роҳзан» – ро омода карда истодаанд. Мо мехоҳем, ки дар нақши роҳзани якчашма ту бозӣ кунӣ.
Ситора хурсанд шуд. Ў ҳар рўз нақши роҳзани якчашмаро машқ мекард.
Ситора нақши мардонаи роҳзани якчашмаро хуб иҷро кард. Тамошобинон ва ҳакамон ба ҳунари ў баҳои баланд доданд. Вай дигар дарди чашмашро ҳис намекард. Рўзи дигар докаро аз чашмаш гирифтанд. Ў шифо ёфта буд.
Таҳияи Шабнами МУСТАФО, сармутахассиси шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои беҳтаринро метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед. Ин толори хониш дар ошёнаи якуми Китобхонаи ҷойгир аст.
Мо ҳамарӯза интизори шумоем, хонандагони азиз!