Китоби нав. «Фолклори Панҷакент»
Эҷодиёти шифоҳии бадеии мардумро донишмандони бузурги дунё ҳамчун ифодаи ақлу заковат, донишу биниш ва орзуву омоли мардуми заҳматпеша арзёбӣ намуданд.
Эҷодиёти шифоҳии ҳар халқ сарчашмаи файзбори адабиёту фарҳанг ва тамаддуни вай аст. Бузургтарин суханварони олам маҳз аз ҳамин баҳри бекарон ва хазинаи ганҷи шойгон сарчашмаи гуҳарбор файзёб гардида, дар навбати худ бо осори гаронбаҳояшон онро шодоб намудаанд. Эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик таърихи куҳан дошта, бино бар сабаби пурра ё ба таври комил сабт нашуданаш то ба имрӯз дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маҳфуз мондааст.
Барои ҷамъоварии маводи фолклори минтақаҳои гуногуни кишвар аз солҳои 20 – 30 асри гузашта сар карда, то имрӯз шоирону нависандагон ва фолклоршиносон машғул шуда, осори зиёди шифоҳии халқро ҷамъовари намудаанд, ки дар фонди фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфуз мебошад.
Сафарҳои хидматӣ барои гирдоварии фолклори тоҷик, алалхусус, эҷодиёти шифоҳии сокинони шаҳри Панҷакент ва деҳоти атрофи он аз тарафи институти мазкур ва Академияи улуми Ҷумҳурӣ аз давраи ҷустуҷӯҳои устод Садриддин Айнӣ дар бораи муайян намудани зодгоҳ ва марқади поягузори адабиёти классикии форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ якчанд маротиба анҷом дода шудааст. Маводи фолклорие, ки аз аз тарафи устод С.Айнӣ, Л. Бузургзода ва Гарретский дар соли 1940 ҷамъоварӣ шудааст, дар шакли дастнавис ҳоло дар бойгонии осорхонаи ба номи С. Айнӣ нигоҳ дошта мешавад. Дигар кори майдоние, ки аз рӯйи нақшаи экспедитсияи фолклорӣ охирон маротиба ба нақша гирифта шуда буд, дар соли 1956 аз тарафи ходимони илмии шуъбаи фолклори институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Р. Амонов, Р.Аҳмадов ва М. Холов ба анҷом расонидаанд…
Ин чанд ҷумла аз пешгутори китоби “Фолклори Панҷакент” иқтибос шуд. Китоб соли 2024 чоп шуда ва ҳамакнун онро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кард.
Китобро Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ зери назари донишманди маъруф Боймурод Шарифзода ба чоп ҳозир кардааст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.