1181 китоби электронии як барномаи мобилӣ дар Китобхонаи миллӣ
Хонандагон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд 1181китоби электрониро дар як барномаи мобилӣ, ки ахиран дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхона насб шуд, мутолиа кунанд.
Ин барнома дирӯз дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб бо ҳузури ҷамъе аз хонандагон ва мутахассисон роҳандозӣ шуд. Барнома шомили як силсила китобҳои маъруфи адибони олам, афсонаҳо, осори насриву назмӣ барои бачаҳо, китобҳои аудиоӣ ва мусаввараҳо мебошад.
Ёқубҷон Бобохонов, сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ гуфт, ин барнома ҳар моҳ бо китобҳои ҷадид, дастурҳои илмӣ ва мусаввараҳои ҷолибу диданӣ нав мешавад ва шумори китобҳои он то ба беохир меафзояд.
Аксари ин китобҳо ҳамон адабиёте мебошанд, ки маъмулан хонандагон зиёд дархост мекунанд ва баъзан барои пайдо кардани китоби чопӣ соатҳо навбат мепоянд.
Ҳамзамон тибқи як созишномаи ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Русия панҷ планшет ба Китобхона тақдим шуд, ки бо барномаи ёдшудаи мобилӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ёқубҷон Бобохонов ҳамчунин гуфт ин барнома ҳатто бидуни иртибот бо шабакаи ҷаҳонии Интернет, яъне дар низоми онлайн ва офлайн аз тариқи корбурди ин планшетҳо барои корбарон дастрас аст.