32 сол пеш дар ин рӯз. Комил Мусофиров: Ба тарҷумон ниёз дорем

Ба-тарчумон-ниёз-доремБо ҳамин сарлавҳа 32 сол пеш дар ҳамин рӯз нашрияи “Ҷумҳурият” суҳбати кутоҳеро бо донишманди маъруфи тоҷик марҳум Комил Мусофиров интишор дода будааст. Устод Мусофиров он замон декани факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

Чуноне аз мусоҳиба бармеояд, соли 1970 вақте факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон созмон ёфт, ҳамагӣ ду шуъба: арабӣ ва форсӣ дошт, ки соле 50 нафар муҳасилинро фаро мегирифт. Баъди 10 сол шуъбаҳои ҳиндӣ, урду ва пашту таъсис ёфт. Ва муаллиф Мусофиров мегӯяд алҳол (яъне соли 1992) дар факулта 32 нафар устодон ба таълиму тарбияи донишҷўён машғуланд, ки аз онҳо ду нафар доктори илм ва 14 нафар номзади илм ҳастанд.

Суҳбатро барои он бозчоп мекунем, ки ҳанӯз 32 сол пеш масъалаи ниёзи кишвар ба тарҷумон чун масъалаи ҳалталаб ба миён гузошта шуда буд. Мусоҳиба бо устод Мусофиров суҳбати се даҳсола пеш аст ва ҳоло ин факулта аз ҳар нигоҳ дигар шудааст, вале ниёз ба тарҷумон ҳамоно боқист.

– Мўҳтарам Комил Мусофирович, аввал сухане чанд дар бораи рушди факултаи шарқшиносӣ мегуфтед?

– Факултаи мо яке аз факултаҳои ҷавонтарини Донишгоҳ ба шумор равад ҳам, вале дар ҷумҳурӣ  ва берун аз он бо кадрҳои баландихтисосу мутарҷимони лаёқамандаш шўҳрат дорад. Нақшаи қабули донишҷўён ба факултаи шарқшиносӣ соле 75 касро ташкил медиҳад: арабӣ – 25, форсӣ – 25, ҳиндӣ – 9, урду ва пашту 8 нафарӣ. Устодони таҷрибадор, собиқ шогирдони худи факулта профессор Т.Э. Бердиева, А.Л. Хромов, дотсентҳо Ҳ.К. Муъминов, Ф.А. Исоева, Ф.Н. Наҷмонов, Ф.Р. Аминова ва дигарон дар тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳм мегиранд. То имрўз зиёда аз 2000 нафар ҷавонон факултаи ховаршиносиро тамом карда, ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марз ба кор рафтаанд. Имрўз шогирдони моро дар тамоми муассисаҳои давлатӣ дидан мумкин аст. Онҳо баъди фориғултаҳсил шудан ду ихтисос: (арабӣ, форсӣ, ҳиндӣ, урду, пушту) ва забону адабиёти тоҷикро мегиранд. Бояд гуфт, ки хатмкунандагони факултаи забонҳои шарқ баъди хатми донишгоҳ аксар муаллими забон ва адабиёти тоҷик мешаванд.

Мо ҳозир нақшаи нави таълимиро тартиб дода истодаем, ки мувофиқи он аз сентябри соли 1992 омўзиши муштараки забонҳои арабӣ-англисӣ, форсӣ-англисӣ, ҳинди-англисӣ ҷорӣ мешавад ва мо тарҷумон-референт тайёр хоҳем кард. Дар факултаи забонҳои шарқ ба корҳои тарбиявӣ, ахлоқию маънавии студентон диққати махсус дода мешавад. Маҳфили илмӣ амал мекунад. Шогирдони мо бо маърўзаҳои илмию ахбориашон дар ин маҳфил иштирок карда, баъди ғолибият дар озмунҳои илмии факултаҳои забонҳои Шарқи дигар донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат меварзанд. Ҳамчунин бо пажўҳишгоҳи шарқшиносии Маскав, Санкт-Петербург, Тифлис, Ереван, Алмаато, Тошканд равобити илмӣ ва таърихӣ дорад, ки дар тайёр намудани мутахассисон самари калон медиҳад. Дар факулта се кабинети лингофонӣ, китобхонаи ба номи Саид Нафисӣ ба хидмати шогирдон омодааст. Факултаи забонҳои шарқ ахиран ба яке аз марказҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ табдил ёфт. Масалан, чанд сол боз шарқшиносони мамлакатҳои хориҷӣ: Олмон, Булғористон, Афғонистон, Ҳоланд ва ғайраҳо таҷрибаомўзи факултаи мо мешаванд.

– Таълими фанҳо магар ба талаботи давр ҷавоб дода метавонад?

– Барнома ва нақшаи таълимии факултаи мо бисёр вазнин аст. Солҳои охир иҷборан ва ба воситаи амру фармон ба нақшаи таълимии мо фанҳоеро дохил намуданд, ки ба толибилм чизе намедиҳад. Аз ҷумла тайёрии ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ, муҳитшиносӣ, тайёрии тиббӣ (барои духтарон) ҳафтае ду маротиба тарбияи ҷисмонӣ ва ғайра. Шогирдон дар омўзиши онҳо шавқу завқ зоҳирн намекунанд. Соатҳои омўзиши фанҳои ҷамъиятиро низ хеле маҳдуд кардан лозим аст.

Феълан нақшаи таълимиро нав карда истодаем ва ният дорем, баъзе фанҳои камаҳамиятро аз нақша берун кунем. Мекўшем, бештар ба омўзиши забон, адабиёт, иқтисодиёт, таърих ва маданияти он кишварҳое аҳамият диҳем, ки  забону фарҳанги онҳоро шогирдони мо меомўзанд.

– Дар афтрофи қабули шогирдон ҳар сол овозаҳои гуногун паҳн мешавад. Чаро чунин аст?

– Баъзеҳо гумон мекунанд, ки аксари шогирдони ин факулта фарзандони ашхоси бузург, мансабдорон, ходимони ҳизбӣ бошанд. Ин дар асл дуруст нест. Бояд гуфт, ки 85 – 90 фоизи шогирдони моро имрўз фарзандони коргару деҳқонон ва зиёиёни тоҷик ташкил медиҳанд.

Газетаи-ЧумхуриятҒайр аз ин, баъзе ашхос, аз ҷумла собиқ шахсони олимақом ҳам шогирдони факултаи моро пештар «Волгашинос», «Чархшинос» ва ғайра ном мебурданд, ки ин ба ҳақиқат мувофиқ намеояд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки шогирдони мо ба хориҷа ба сифати мутарҷим фиристода мешаванд ва онҳо бо меҳнати ҳалоли хеш соҳиби мошинҳои сабукрав мегарданд. Албатта, ин ба он донишҷўён ва хатумкунандагони факулта муяссар мегардад, ки ахлоқу одоби хуб доранд ва бо баҳои аъло таҳсил мекунанд.

– Ҷумҳурии мо ҳамкории иқтисодӣ, маданӣ ва фарҳангиро бо мамолики хориҷӣ ривоҷу равнақ дода истодааст. Лутфан бигўед, ки дастпарварони факултаи шумо дар ин ҷода чӣ саҳме мегиранд?

–  Бояд арз кард, ки шогирдони факултаи мо дар тараққиву инкишофи алоқаҳои маданию иқтисодӣ бо мамолики Шарқ саҳми чашмгир надоранд. Бинобар ин мо бояд номгўи ихтисосҳоро вобаста ба шароити нави иқтисодӣ, муносибатҳои нави байналмилалӣ тағйир диҳем Масалан, ҳоло мо ба тарҷумон-референтҳо эҳтиёҷ дорем. Соли равон ба тайёр намудани ин пеша ооз хоҳем кард.

Тағоймурод ЭШЗОДА,
мухбири ҷамоатии
«Ҷумҳурият»

«Ҷумҳурият» 14-феврали соли 1992
Таҳияи Рухшона КАРИМОВА,
муовини шуъбаи мактбуоти даврӣ

ШАРҲИ МО: КОМИЛ МУСОФИРОВ соли 1937 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, аз аввалин хатмкардаҳои факултаи шарқшиносӣ (забонҳои Осиё ва Аврупо)-и ДМТ дар солҳои 1958—1963 мебошад. Ӯ инчунин муҳассили яксолаи Донишгоҳи Бағдод буда, зиёда аз 50 сол дар кафедраи филологияи араби ДМТ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти араб кор кардааст.

Комил Мусофиров тӯли 12 сол, аз 1983 то 1995 раҳбарии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро ба уҳда дошта, муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмиву таҳқиқотӣ мебошад.

Вай  беш аз 20 китобро аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла «Китоби дарсии забони арабӣ» (1975), «Маҷмуаи ҳикояҳо ва латифаҳои арабӣ» (1970), «Ҳикояҳои арабӣ», «Шарораи аввалин», «Ном ва номгузорӣ» маҳсули қалами Комил Мусофиров мебошанд.

Комил Мусофиров барои хидматҳои шоёнаш дар замони шӯравӣ бо «Нишони аълочии мактабҳои олии СССР», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва дар замони истиқлол ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гаштааст.