Наврӯзи диёр омад

Таҳти ин унвон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директори муассиса Ҷалолиддин Нурзода ифтитоҳ намуда, ҳозириниро ба фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ – иди миллии тоҷикон табрику муборакбод намуда, ба онҳо беҳрӯзию сарбаландӣ ва кулли хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.

– Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми шумо ва дар симои шумо ба кулли ҳамватанон самимона таҳният гуфта, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайзро орзу менамоя. Воқеан ҷашни Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад, -иброз дошт Ҷалолуддин Нурзода.

Баъд аз суханони ифтитоҳӣ фаъолони шуъбаи кӯдакон ва наврасон бо хондани шеъру суруд, иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ, бадеҳахонӣ, суруди алла, байтбарак, гулгардонӣ, ҳафтсину ҳафтшин ва суманакпазӣ ба маҳфил зинати дигар бахшида, табъи ҳозиринро шод намуданд.

Ҳунармандони наврас ва кормандони шуъба дар охири чорабнӣ аз ҷониби муовини директори муассиса Ҷалолиддитн Нурзода баҳои баландро сазовор гардиданд.

Бояд гуфт, таҷлили Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби шуъбаи кӯдакон ва наврасон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид, ки он дергоҳ дар хотири иштирокчиён хоҳад монд.

Шаҳодатхон Давлатова,

мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.