Бо бачаҳо. Баҳром   Фирўз: “Бобо”

Баҳром   ФирўзМан  ҳамроҳи  бобоям ба деҳа  меравам. Бобоям пиранд, ман  ҳоло  бачаам. Бо вуҷуди  ин сўҳбати мо гарм  аст. Баъди як соли ба шаҳр кўчиданамон  дадаам  ба  ҷанг рафтанд.Чаҳор сол дар ҷанг буданд. Дар тўли ин солу моҳҳо рўзе набуд, ки ман деҳаамонро ба ёд наоварда бошам.

Аз боғҳои мевазору сою чашмасорон, аз рамаҳои бузу гўсфанду чарогоҳҳои  сабзу гулпўши он, аз одамони дилкушодаву ҳимматбаланд ва хушҳолаш бо муболиғаҳои зиёд ба дўстони шаҳриам  ҳикоя мекардам. Ман деҳаамонро  пазмон  будам. Модарам  мегуфтанд, ки дадаат аз ҷанг баргарданд, мо боз ба деҳа кўчида меравем. Дадаам дар номаашон ҳамин хел навиштаанд. Дар ҷанг деҳаамонро хоб медидаанд, оби чашмаро хоб медидаанд. Боз  бўӣи хирмани навкўфтаи гандум ба димоғашон мерасидааст. Зиндаву саломат  аз ҷанг баргарданд, аввал ба деҳа рафта, ду кафашонро пур карда, аз чашма об менўшидаанд.

Оқибат он рўз ҳам расид: падарам аз ҷабҳа мустақим ба деҳа рафтанду падарбузургамро фиристоданд, ки аз шаҳр моро  кўчонда баранд. Модарам аввал ҳайрон шуданд, ки дадаам  чаро  рост ба назди  мо наомада, ба деҳа рафтаанд.

Аз баъзе шиносони инҷоияш дилмонда барин, – гуфтанд  бобоям.

Ба маънии ин хел суханони он кас дуруст  сарфаҳм  намеравам.

Ана, ба ҳамин  тариқ, ҳоло ману бобоям ба деҳа равонем.

Дашти ҳамвору якранг ва бе долу дарахт ақиб монд. Мо ба домани кўҳҳо расидем ва якбора ба дараи кўҳ, ки шав-шуви оби сойчае  хомўшии онро халалдор мекард, даромадем. Дар ду тарафи роҳ кўҳҳои баланд ва шаху зовҳо соя андохта буданд. Паррандагони бешумори ин ҷо, ки чириқ-чириқ, чув-чув садо мебароварданд, аз чӣ сабаб бошад, ба ман бегона намуданд. Гунҷишкакони  сабзу нилобӣ, сурху зард дучор мешуданд, ки  ман  номашонро  намедонистам. Онҳо  чўҷаи  парида наметавонистагӣ  барин аз як шох ба шохи дигар ҷаҳида, маро фирефтан мехостанд.

Мисле  ки парандагон ҳам ба мисли мо – бачаҳо, баҳорро бесаброна интизорӣ мекашанд. Баҳор наомада, онҳо парида меоянду хомўшии зимистон  мераванд. Умуман, агар ба хониши парандагон бодиққат гўш кунед, мефаҳмед, ки онҳо ба сари худ, беҳуда чаҳ-чаҳ намезананд. Ана, гўш кунед, яке бо дигаре  ҳамовозӣ мекунад, дар ҷавоби фарёди яке дигаре садо медиҳад. Ҳо ана, дар он ҷо ҷамъ шуда, бо ҳам баҳсу хархаша мекунанд. Баъзан, аввал ду  тан ором нишаста, сўҳбат мекунанду  баъд ба манша  мегузаранд.

Гоҳо дар осмон калхоте  пайдо  шуда, ором чарх мезанад. Ба синфи пурғулғула  гўё  муаллим даромада  бошад, парандагони атроф якбора хомўш  мешаванд.

Ҳоло ману бобоям ба деҳа меравем. Вақти ба шаҳр кўчиданамон ман хурд будам, ба  мактаб  намерафтам. Дар деҳа хешу таборамон бисёр, аммо ман аз ҳама зиёдтар ҳамсояамон – амаки  Хушвақтро  ёд  дорам. Марди  миёнақади ситорагарм, бурутдор буданд. Амаки  Хушвақт ба мо хеши наздик набошанд ҳам, ба қавли модарам, бо дадаам дўсти ҷонӣ будаанд. Он кас  баъди кор аксар вақт бо ман андармон мешуданд. Ман гаҳвораи  духтарчаашонро  меҷунбонидам  ва  дар  ивазаш  аз он кас конфетҳо мукофот мегирифтам. Амаки Хушвақт  боре аз сой ба ман гулмоҳӣ дошта доданд.Ёд дорам, рўзе  бодбаракпаронии  бачагони  бузургсолтарро  дида, «бодбарак  сохта  медиҳӣ»  гўён, модарамро  хеле  азият  додам. Амаки Хушвақт  ба ман бодбарак  сохта  доданд. Он солҳо  мудири  дўкон  буданд. Мегўянд, ки ҳоло он кас одами калон шудагӣ. Дар ҷойи дигар хона сохта, аз ҳамсоягии мо рафтагӣ.

Роҳ  печутоб хўрда, бештар ба дарунтари дара медаромаду деворҳои он ба сўи мо ҷафстар  мешуд. Ба боло нигоҳ кунам, ба назар чунон  менамуд, ки  гўё  қуллаҳо чун сутунҳо ба китфи худ осмонро дошта истодаанд. Диламро ваҳм зер мекард. Кошкӣ, зудтар аз бағали хилвати ин кўҳҳо баромада, ба ягон деҳа ё ақалллан ба манзили чўпонон мерасидем. Ман бо халачўб ба гардани хар зада, онро аз роҳ боздоштанӣ шудам, то ки аз бобоям, ки бо хари сустпойи худ хеле ақиб монданд, дур наравам.

Гашти харро суст кардаму чӣ гуна бо дадаам вохўрданамро пеши назар оварданӣ шудам: бузургсолон аз ҷанг омадагиҳоро оғўш гирифта, вохўрӣ  мекунанд. Ман дадаамро  андаке  дар ёд дорам. Рўзи ба ҷанг рафтанашон  маро  боло бардошта, дар саҳни истгоҳи қатор бо модарам гуфтугўкунон, худо  ҳофизиашон дар ёдам  мондааст. Баъд аксашонро фиристоданд. Ман одамро аз аксаш  шинохта  наметавонам. Акси падари  Олимҷонро  дар хонаашон  борҳо дида будам. Аммо як  саҳарӣ, вақте ки ба мактаб  мерафтам, он кас ҷомадон дар даст, дар раҳ пеш омаданду нашинохтам. Агар  мешинохтам, тозон ба холаи  Назокат хушхабар  мебурдаму  шодиёна  мегирифтам. Ҳар хонаводае, ки чашм ба роҳ аст, барои  шодиёна  чизе  пинҳон карда  дорад. Дадаам  нишону медали зиёд гирифтагӣ. Ҳар бор дар мактубашон ордени нав гирифтанашонро менавиштанд. Агар дар шаҳр мебудем, ман ҳам бо дадаам  ба  кўча  мебаромадам, бачаҳо дида ҳайрону ҳасудӣ мекарданд.

Бобо, дадаам ордени бисёр доранд-а?- ба ақиб нигариста, аз бобоям, ки  ба  зўр  ба  хари  ман расида  омада  буданд, пурсидам.

– Ҳа, рўзи омаданаш сари синааш пури орден буд. Баъд, ба фикрам гирифта  монд.

Ба куҷо гирифта монданд?

– Ба  ягон ҷо руст кардагист- дия.

Ордена руст намекунанд, ҳама овехта мегарданд-ку!

– Чӣ… Ҳар бор шишта  хезад, шутури зангўладор барин ҷарангос занонда  гардад?

Ман ба  ришханди  бобоям  ҷавобе  нагуфтам.

– Ордени  Ленин  ҳам  доранд?

– Аз ҳар хелаш  буд.

– «Ситораи  тилло»  надоранд?

–  Доштагист. Муаллимони мактаб омада  буданд, дадата дар қишлоқ  аз ҳама  серорден  гуфтанд.

–  Шояд «Ситораи  тилло» надоранд, қаҳрамон  нашудаанд. Шумо намедонед. Аз гузари мо як нафар қахрамон  шуда, «Ситораи тилло» гирифта буд, ҳукумат ба  вай  ҳама  чиза бепул дод. Хонаи  нав  дод, гов дод.

Хари  бобоям  боз  ақиб  монд. Худашон пинак  мераванду харашон  ақиб  мемонад. Хайрият, ки  хар пинак намеравад, набошад ҳоло  чандин бор ба замин  ғелида, пешониамон қашқа  мешуд. Ба хар мушкил, ҷонвар  як умр дар азоб:  савор  мешаванд, хала мекунанд, бор мекашонанд, баста  мемонанд…

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси  шуъбаи
адабиёти
кӯдакон ва  наврасон