Нури Раҳмон  

Нури-Рахмон-1-(2)Нури РаҳмонРоғуннома” Маҷмуаи шеърҳо дар васфи эҳёгари неругоҳи барқи обии РоғунПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон/муратиб Хайрулло Сафарзода. – Душанбе, 2017. – 240с.

Китоби «Нури Раҳмон» соли 2017  бахшида ба  ҷашни 26-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда буд ва  талошу фидокориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди НБО-Роғун инъикос мекунад.

Дар маҷмуа навиштаҳои манзуме, ки бо эҳсоси баланди муҳаббату садоқат дар бораи иншооти бузурги аср ва ситоиши эҳёгари он ба қалам омадаанд, дарҷ гардидаанд.

Чанд ҷумлае аз пешгуфтори Асадулло Раҳмон ба китоби мазкур зери унвони “Тораҳои нури бовар”-ро  ин ҷо меорем:

“Таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ, Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон се самти стратегии тараққиёт муайян гардид, ки дар он миён истиқлолияти энергетикӣ мавқеъи намоён дошт. Ва акнун зикри он нукта хуш аст, ки имрӯз ин вазифаи хеле муҳим қариб дар марҳалаи иҷрост ва бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун бар он нуқтаи фараҳ хоҳад гузошт”.

 

Чуноне зикр кардем, китоб асосан шеърҳо ва аксҳоро дар бар мегирад. Порае аз чакидаҳои хомаи Муҳаммад Ғоиб таҳти унвони “Мавҷи нур”  аз силсилаи Роғун.

МАВҶИ НУР

 Хуфтаро бедор кардӣ бо Сухан,

Шуд ҳамовозат ҳама халқи ватан.

Баъд аз ин дар боби Роғун гап равад

Дар раҳу дар раставу дар анҷуман.

Навҷавон гӯяд: – Ба Роғун меравам,

Дав-давон гӯяд ба Роғун меравам.

Пири аз по монда ҳам дар ин хаёл,

Нотавон гӯяд ба Роғун меравам…

Таҳияи Исмоил САИДЗОДА,

Муовини сардори медиотекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон