Боз як китоби нав аз Салими Хатлонӣ. “Сарфарози ишқ…Дар фарози ишқ…”
Китоби шоир, пажуҳишгар ва донишманди шинохтаи тоҷик Салими Хатлонӣ бо номи «Сарфарози ишқ… Дар фарози ишқ» соли равон дар шаҳри Душанбе зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Лоло Давлатбеков ва номзади илмҳои филологӣ Нурмуҳаммад Сироҷӣ ба табъ расидааст.
Ин китоб Салими Хатлонӣ таҳлилӣ таҳқиқӣ буда, андешаву назарияи муҳаққиқ дар робита ба ақидаҳое оид ба ирфон ва тасаввуф, бо таваҷҷуҳи бештар дар муқоиса ба хулосаи рӯзгор, афкор ва тазкори ашъори орифонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ, болои кор оварда, манзури ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.
Дар муқаддимаи китоб муаллиф мегӯяд, ки ирфон ва тасаввуф, ду шохаи ба ҳам алоқаманд ва дар ҳамбастагӣ бо орои панду ҳикмат ва каломи маънавӣ буда, мактаби таълиму тарбияи башариятро аз ҳар назар бо самараи маърифатгароёнаи хеш бештару беҳтар борвар гардонидаанд. Чунон ки бо пайгирӣ бар асоси ин макотиби таълимгар ва равияҳову тариқаҳои ибратомӯзи даврони мухталифи онҳо бармеояд, бо пеш овардани мақсуд аз баррасиву омӯзиши дастовардҳои илмиву маърифатӣ ва бо такя бар ҳосилу таҳсили онҳо, саъй низ мубтанӣ бар он комёб мегардад, ки дар заминаи болои кор овардани фикру фаҳми ягона бар шинохти ҳақиқат, барои кушоиши рамзу мубҳамоти назарӣ дар илму ирфон ва дарёфти таобири боварбахш бар матолиби илмии муштамил ба мавзуъҳои ирфонӣ дошта бошем, то ба ҳидоёти созанда моро ба камоли худшиносӣ ва худошиносӣ раҳнамун бошанд. Дар манзари омӯзишу пажуҳиш бошад, чунон ки маълум мегардад, таҳқиқот бештар бар асари ғояҳои ирфону тасаввуф, ҳамчун маводи аввалия, дар заминаи доштани асолати сарчашмавӣ ва ё маъхазӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд ва бе ҳеч муболиға, низ бар ин манзур ба баррасӣ кашида мешаванд.
Дар робита омӯзиши осори ирфонии классикони адабиёти форс – тоҷик, ки мабнӣ бар каломи аҳли сӯфия ва орифони номвар мавриди баҳраҷӯии аҳли дилу дидаву унс қарор гирифтааст, дар саромади ин мактаб ҷойгоҳи хос ва аввалия дорад, ки дар миёни садҳо тан аз ин орифони номвар метавон таваҷҷуҳи вижае бар рӯзгору осору афкори яке аз симоҳои ҷазбдиҳандаи он Мавлоно Ҷалолуддин изҳор дошт, ки дар сифоти ишқи ҳидоятгар ва ба камолбарандаи инсон каломи масҳургар офарида ва дар такомули хулқи инсон ва ҷомеа унвони «пиру – мурод»- ро ба ғояти сазоворӣ комёб шудааст.
Хондагон метавонанд китоби мазкурро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.