Устоди каломи бадеъ Меҳмон Бахтӣ 80-сола шуд
Шоир, нависанда, дрматурги маъруф Меҳмон Бахтӣ ба синни мубораки 79 расид. Устод Меҳмон бидуни шак аз чеҳраҳои мондагори олами адаби кишвар аст. Кам адиберо суроғ дорем, ки дар назму наср ва драматургия баробар муваффақ шуда бошад. Устод Меҳмон дар ҳамаи ин жанрҳо қалам фарсудаву муваффақ шудааст.
МЕҲМОН БАХТӢ 25 марти соли 1941 дар деҳаи Шул, ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) касби камол намудааст.
Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё»-ст.
Аз соли 2003 то 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» ва ғ. мебошад.
Намоишномаҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд.
Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Камоли Хуҷандӣ борҳо саҳнагузорӣ кардаанд.
«Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзӯи доғи солҳои сиюм дар адабиёти ҳозираи тоҷик.
Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» соли 1972 эҷод шуда, дар Озмуни умумииттифоқии ҳамҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шӯравӣ (1977) сазовори мукофот гардидааст. Аз тариқи телевизиони марказии Тошканд низ соли 1982 намоиш дода шудааст.
Намоишномаи «Роҳзан ва кӯзагар» (1974) дар саҳнаҳои театру телевизиони Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия намоиш дода шудааст.
Намоишномаи «Захми забон» соли 1980 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Ошёни баланд» (бахшида ба ҷашни 70-солагии устод Мирзо Турсунзода) дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пешкаши умум гардидаанд.
Муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.
Повести «Хубон» (1982) дар мачаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин, соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.
Соли 1963 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи пйесаҳояшро таҳти унвони «Минута вечности», соли 1990 маҷмӯаи қиссаҳояшро бо номи «Слёзы радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровардааст..
Дар давоми даҳсолаи ахир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайҳун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст.
«Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд.
Ҳамчунин, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, «Нангбардори Хуҷанд» дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст. Соли 2014 «Фирдавсӣ» дар Афғонистон ва ҳам дар театри ш.Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1997 нашрияи «Сурӯш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст.
Асарҳои «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкӯча» дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.
Ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрати тамоме дошта, бастакорони маъруфи ҷумҳурӣ ба силсилаи ашъораш оҳанг бастаанд.
Соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевский гардидааст.
Солҳои 1995-2000 вакили мардумӣ дар парлумони мамлакат, солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст.
Бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон аст.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Таҳияи Саодат Набиева