Маърифат. Каллисто кӣ буд?
Каллисто – (юн.Каллисто-зеботарин), дар асотири Юнон номи парии маҳбуби Зевс. Тибқи бархе аз тафсирҳо, Каллисто духтари подшоҳи аркадӣ – Ликаон буд, ки бо илоҳаи ҳамешаҷавони шикори юнониён – Артемис иртибот дошт ва яке аз ҳамроҳони ӯ ба шумор мерафт.
Каллисто ба унвони яке аз аъзои гурӯҳи Артемис савганд ёд кард, ки барои ҳамеша бокира боқӣ мемонад ва ӯ аз ёрони вафодори эзадбонуи мазкур гашт. Замоне, ки Каллисто шабу рӯзро ҳамроҳ бо Артемис ва пайравонаш сипарӣ мекард, чашми Зевс ӯро гирифт ва ошиқаш шуд. Зевс, ки аз савганди ҳуриҳо (париҳо) барои доимо бокира мондан огоҳ буд, тасмим гирифт, ки Каллисторо фиреб диҳад.
Зевс худро ба шакли Артемис дароварда, ба назди Каллисто рафт. Ӯ, ки аз тағйири шакли Зевс огоҳ набуд, фиреб хӯрд ва Зевс низ бо истифода аз ин фурсат бо ӯ ҳамхоба шуд. Пас аз ин моҷаро Каллисто ҳомила шуд ва бисёр кӯшиш кард, то ин вазъияти худро аз Артемис пинҳон кунад, зеро Каллисто савганди худро шикаста буд ва метарсид, ки мавриди хашми Артемис қарор гирад.
Ӯ муддате ҳомила буданашро махфӣ нигоҳ дошт, аммо тамоми духтарони ҷавон, ки аз Артемис пайравӣ мекарданд, рӯзе барои ҳаммом ба чашма фаро хонда шуданд. Ҳангоме ки Каллисто бараҳна шуд, розаш ошкор гардид.
Артемис, ки бисёр хашмгин шуда буд, ӯро ба хирсе табдил дод ва аз гурӯҳи худ ронд. Бар асоси нусхаҳои дигар Ҳера – ҳамсари Зевс буд, ки ба яке аз маъшуқаҳои дигари ҳамсараш ҳасодат меварзид ва аз ин фурсат (ҳомилагии Каллисто) истифода карда, бо гирифтани мӯйҳои Каллисто ӯро ба замин афканда, ба хирс мубаддал гардонид.
Фарзанди Каллисто, ки падараш Зевс буд, тавассути эзади паёмрасон – Ҳермиз ба назди Мая (ҳамсари Зевс ва модари Ҳермиз) бурда шуд, то дар дасти вай бузург шавад. Номи ин кӯдакро Аркос (ба маънии хирс) ниҳоданд ва вақте ки бузург гардид, ӯ низ ба шикорчии моҳир табдил шуд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 297.
Муаллиф: С. Наимов
Таҳияи Замира Давлатова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.