Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ

МолиявиИн китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.

Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.

Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.

 

 

НАМОИШГОҲИ БУЗУРГ

Вақте  ки дар ҷангал ҳосили заҳмати ҳамаи ҷонварон пухта расид, онҳо қарор доданд, ки маҳсулоти худро дар як макони бузург ба намоиш бигузоранд ва онҳоро байни худ бо маҳсулоти дигар иваз кунанд. Намоишгоҳ дар канори ҷангал, дар ҳамон ҷое, ки соҳил тамому баҳри паҳновар оғоз мегардид, баргузор шуд. Ба намоишгоҳ аз гўшаву канорҳои гуногуни олам бо анвои маҳсулоти аҷибу ғариб ҷонварони зиёде савори киштиҳо ҳозир шуданд.

Ду рўзу се шаб ҷонварон бо маҳсулоти бисёри ғайриоддӣ ба намоишгоҳ омаданд. Онҳо  он қадар зиёд ҷамъ омада буданд, ки хаёл мекардӣ дар марғзор барои ҳамаашон ҷой намерасад.

Дар як рўзи гарми тирамоҳ, вақте  ки ҳамаи  ҷонварон дар марғзор ҷо ба ҷо шуданд, намоишгоҳ кушода шуда, ба кор оғоз кард. Ҷонварон маҳсулоти  худро барои мубодила ба якдигар пешниҳод мекарданд. Харгўшак карамро бо сабзӣ иваз мекард. Кўрмушҳо бошанд, рашаро бо мураббо  иваз  мекарданд.  Санҷобакҳо чормағзу замбурўғро бо себу муруд  мубодила мекарданд. Хирси ландаҳур ба ивази тути ҷангалӣ як бочка асал талаб мекард. Гурбаҳои лаққӣ абрешимро бо пўст иваз мекрданд. Хулоса, ғавғою ҳаёҳу намоишгоҳро пур карда буд.

Як рўз, ду рўз, се  рўз …, ҷонварон ҳеҷ наметавонистанд, ки ба осонӣ молу маҳсулоти худро бо якдигар мубодила кунанду ба як қароре биёянд. Савдо ҳеҷ не ки пеш равад.Дар фикр рафтанд  ҷонварон:  Чӣ бояд кард!? Аз кӣ маслиҳат пурсанд?

Ногоҳ ба ёди санҷобакҳо расид, ки дар ҷангал дарахти булути пире мавҷуд аст, ки дар шохаи баланди он Буми куҳансоли доное лона дорад.

Замоне  ки ҷонварон ба фикри ташкили намоишгоҳ дар ҷангал ин тарафу он тараф  мегаштанд  ва дар бораи кадом масъалае  баланд-баланд байни  ҳам гуфтугў мекарданд, Буми пир, ки дар шохаи баланде нишаста, гуфтугўи онҳоро мешунид, ба гапҳои ҳавоии онҳо ҳамроҳ шудан намехост. Ў хомўшона ҳамаро зери назар  мегирифт.

Яке аз ҷонварон ҳатто мунтазири ҷавоб нашуда, ба Бум муроҷиат кард: «Э-э, мешинад доим дар сари шох, ин хомўши мағрур». «Хомўши Мағрур» – ҷонварон ба Буми пири доно ҳамин номро гузошта буданд, ба Буме, ки ҳеҷ вақт сухани беҳуда намегуфт, Буме, ки танҳо сухани дуруст аз забонаш берун меомад.

Ҷонварон ба назди Буми доно ба зери булути пир барои машварат рафтанд. Бумро садо зада, шуруъ карданд ба пурсидан: «Бу-ум, ҳо Бу-ум, ту дар ин дунёи  рўшан хеле зиндагӣ кардаӣ, ку ба мо бигў, ки мо чӣ тавр молҳоямонро бо якдигар иваз кунем !?». Бум каме андеша карду гуфт: «Шумо бояд пул дошта бошед».

«Пул чист? Чӣ лозим аст барои мо пул, вақте ки мо наметавонем молҳоямонро бо якдигар иваз кунем?» – ҳайрон шуданд ҷонварон.

«Бо пул ҳар молеро мешавад иваз кард. Пул воситаи мубодила, яъне иваз кардани мол аст» – идома дод сухани худро Буми хирадманди Хомўши Мағрур.

«Ура-а!  – фарёд заданд ҷавонон, – мо метавонем моли худро  бо пул иваз кунем, ана баъд пули ба даст овардаамонро бо ҳар моли дилхоҳамон мубодила кунем!»

«Дуруст,-  тасдиқ намуд Буми доно – ҳар молеро мешавад бо пул ва пулро мешавад бо мол иваз кард».

«Хеле пештар аз ин, кўрмушҳо дар ҷангал як сандуқ тангаи тиллову нуқра ёфта буданд. Пул ҳамин тангаҳоеро, мегўянд, ки дар он сандуқи калон вуҷуд дорад. Шумо метавонед ин тангаҳоро барои мубодилаи молҳоятон истифода  кунед», – ҷавоб  дод Буми хирадманд.

«Эй, Буми донои боақл, барои дуруст мубодила кардани молҳоямон бо пул, моро ёрӣ деҳ», – илтимос карданд ҷонварон.

Мағрури Хомўш барои ёрӣ додан розӣ шуд.

Кўрмушҳо сандуқи тангаро ба намоишгоҳ оварданд. Бум ду рўзи дароз фақат танга тақсим кард. Охир ба намоишгоҳ моли бениҳоят бисёр оварда буданд.

Намоишгоҳро шўру ғавғою валвала аз нав пур кард.Ҷонварон тавонистанд молҳои худро бо пул мубодила карда, моли нав харидорӣ намоянд. Ҳама аз ин муомила  розӣ буданд.

Аз ҳамон рўзе, ки Буми балои доно истифода кардани пулро дар мубодилаи мол ба ҷонварон ёд дод, марғзор номи Намоишгоҳи бузургро гирифт.

 

ЧӢ ТАВР ҶОНВАРОН БОНК СОХТАНД?

афсонаДар ҷангали афсонавӣ, дар ҳамон ҷое, ки ҷонварон хушу хурсандона зиндагӣ мекарданд, ду рўд ҷорӣ буд – Тезоб ва Сангоб.

Тезобро ҷонварон барои он Тезоб номида буданд, ки ҳаракаташ бисёр тез буд ва ҳарчиро, ки аз сари роҳаш мебаромад, бо худ мебурд.Сангоб ҳам номи худро аз сангҳои бузурги соҳилаш гирифта буд.Аз набудани кўпрук дар болои ин ду рўди хурўшон ҷонварон ранҷу азоби бисёр мекашиданд.Ҳангоми  баргузор кардани намоишгоҳҳо, бозорҳо ва ҷашнҳо ҷонварон наметавонистанд аз рўдҳо гузаранд.

Як рўзи баҳор ҷонварон фикр карданд, ки яхи рўи Тезоб ба андозаи кофӣ устувор аст ва аз болои он чизҳои заруриро ба соҳили он тарафи рўд гузаронидан мумкин аст.То миёнаи Тезоб расида буданд, ки ногаҳон ях кафид.Ҷонварон барои наҷот  ёфтан саросема худро ба ҳар тараф заданд.Бечораҳо ба таври мўъҷизаосое аз ғарқ шудан наҷот ёфтанд. Як қисмашон дар ин тарафи рўд, вале Тезоб ҳамаи борашонро бо худ бурд. «Эҳ, агар кўпрук медоштем, ҳар вақте ки мехостем, аз ин соҳил ба он соҳил мегузаштем», – ҳасрат кард Қашқалдоқи  ғамгин. Ҷонварон  қарор доданд, ки дар болои ҳарду рўд кўпрук бисозанд.Барои сохтани кўпрукҳо ду сандуқ пул ҷамъ кардан лозим буд. Танҳо дар ин сурат онҳо метавонистанд, ки ду гуруҳ қундузҳои обии сохтмончиро киро карда, дар болои рўдҳо кўпрукҳои васеи боқувват бисозанд.

Ҷонварон ба ҷамъ кардани пул шурўъ карданд. Дар ду моҳ сандуқҳо пури пул шуд.Шодӣ мекарданд, ки акнун соҳиби ду кўпруки нав мешаванду ранҷу азоби гузаштан аз Тезобу Сангоб пушти сар мемонад.

«Фалокат аз таги по мехезад» – мегўянд, рост будааст. Пишакҳои дузд вақте хабар ёфтанд, ки ҷонварон ду сандуқро пури пул кардаанд, як шаб ҳамаи тангаҳоро ба ғорат бурданд.

Ҷонварон  ҳар қадар кўшиданд, ки пишакҳои дузди ҷангалиро дастгир кунанд, кўшишашон ягон натиҷа надод. Аз дуздон на пай монда буду на асар.

Ҷонварон дар беша ҷамъ омада, дар фикр афтоданд, ки чӣ тавр барои сохтани кўпрукҳо пул захира кунанд? Фикр карданд-фикр карданд, ҳеҷ фикри тозае ба зеҳнашон наёмад.Ба қароре омаданд, ки боз барои ёрӣ хостан ба назди буми донои Мағрури Хомўш бираванд,ҳамоне, ки  дар шохаи баланди дарахти булути пир лона дорад.

Ҷонварон пеши Буми хирадманд омаданд.Фарёдаш заданд:

«Бу-ум, ҳо-о Бу-ум, дар ин ҷангал ту аз ҳама донотарӣ, як лаҳза пеши мо фаро!».

Бум аз шохи булут поин омада, ғур-ғур кард: «Боз чӣ гап шуд дар ҷангал, барои чи маро аз кору борам мемонед*?».

Ҷонварон моҷароро баён карданд: «Вақти зиёде сарф карда, пул ҷамъ кардем, ки дар болои Тезобу Сангоб кўпрук бисозем, аммо пишакҳои дузд ҳамаи тангаҳоро дуздиданд».

«Ту ҳоло ба мо бигў, ки барои сохтани кўпрукҳо чи тавр пул захира кунем?», – пурсид Харгўшаки хокистарӣ.

«Хомўш, хомўш!», – болҳояшро сахт-сахт ба ҳам зад Бум.Вақте ки ҷонварон ором шуданд, Бум суханашро давом дод: «Хеле хуб, як роҳи ҷамъ кардану нигаҳ доштани пул вуҷуд дорад!»

«Кадом роҳ?»- дарҳол пурсиданд санҷобакҳо.

«Аввалан, шумо бояд як хонаи устувори боэътимод бисозед»,- ҷавоб  дод Буми хирадманд. Ҷонварон ғавғо бардоштанд: «Чӣ лозим барои мо хона, намехоҳем хона бисозем!».

«Агар хонаи устувор насозед, наметавонед бонк бисозед»- изҳор кард Хомўши Мағрур.

Аз шунидани калимаи нави «бонк» ҷонварон ҳайрон монданд.Ҳеҷ кас намедонист, ки бонк чист? Мағрури Хомўш, ку-бигў, ки бонк чист ва он барои чӣ лозим аст?», – ябора бо як овоз пурсиданд ҷонварони  ҳайрон.

«Бонк» – муассисае (хонае) мебошад, ки дар он пул (танга) нигаҳдорӣ, захира ва барои ҳар зарурате дода мешавад»,-ҷавоб дод Буми хирадманд.

Дер буд ё зуд буд, ки ҷонварон бинои устувории боэътимодеро барои бонк бунёд карданд.Ҳар хишташро, ҳар сутунашро месанҷиданд, ки мабодо заиф набошад.Кор, ки тамом шуд, ҷонварон Буми хирадмандро барои таъсис додани бонк даъват карданд.Бум омад. Ба ҷонварон барои кори хуби якҷояи дўстонашон «офарин» хонд.

«Бинои хуби устувори боэътимоде сохтаед, ана дар чунин биное метавонад бонк ҷойгир шавад»,- хитоб кард Мағрури Хомўш. Ҷонварон бисёр хушҳолу хурсанд шуданд. Ҳар кас чӣ қадаре , ки метавонист,ба бонк танга овард. Шабу рўз ҷонварон бонкро муҳофизат мекарданд. Бино он қадар устувор сохта шуда буд, ки ҳеҷ кас наметавонист ба он ворид шавад. Барои сохтани кўпрукҳо ҳам рўз то рўз пули бештар ҷамъ мегардид.

Як рўз Бум ҳамаи ҷонваронро дар беша ҷамъ оварда, эълон кард, ки пул барои сохтани ду кўпрук ба андозаи кофӣ захира шудааст. Ҷонварон ҳай шодӣ карданд-е! Дарҳол ду гуруҳ қундузҳои сохтмончиро ба кор даъват карданд. Сохтани кўпрукхо дар ҳарду соҳили Тезобу Сангоб дар як вақт шурўъ гардид. Қундузҳо кўпрукҳоро хеле устувор сохтанд. Аз ҳамон рўзе , ки дар ҷангал бонк ва кўпрукҳо сохта шуд, зиндагии ҷонварон бисёр хубу роҳат шуд.

(Давом дорад)

Таҳияи  Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари шуъбаи

 адабиёти кўдакон ва наврасон.