Китоби нав. Рақиб Абдулҳаев: “Ситораи дурахшони осмони маъонӣ”
Китоб соли ҷорӣ дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидааст. Муаллиф Рақиб Абулҳаев китобашро ба бародарони азизу меҳрубон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аълочии маорифи халқ Ҷалоли Абулҳай ва омӯзгори собиқадор Салоҳи Абулҳай бахшидааст.
Китоби доктори илмҳои таърих профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рақиб Абулҳаев ба ҳаёти илмиву омӯзгорӣ ва фаъолияти ҷамъиятии академик, доктори илмҳои таърих, профессор арбоби илму техника, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино Зариф Шарипович Раҷабов бахшида шудааст. Дар китоб дар бораи роҳи тайкардаи устод дар давраи ҷавонӣ ва ба шоҳроҳи душвору печдарпечи илмӣ қадамҳои дилпурона гузоштан, пас аз такопую хидматҳои душворро паси сар карда, ба унвонҳои баландӣ илмӣ соҳиб гардидан ва баъзе хотираҳо бахшида ба ин шахси бузург сухан меравад.
Муаллиф мувофиқи фаҳмишу биниши худ чун чун шогирди академик Зариф Раҷабов кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар барои асарҳои таърихии даврони пеш аз инқилобӣ ва давраи шуравӣ бахшидаи ӯ ба таври мухтасар шарҳу эзоҳ дода, ба дӯстдорони таърихи Ватан пешкаш намояд.
Хонандагон китоби «Ситораи дурахшони осмони маъонӣ»-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.