Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми март

Як-рузи-таърих-28-03-2024Соли 966 дар  Реймс  муаррих ва воқеанигори фронкӣ  Флодоард аз олам рафт.  Вай аз донишмандони дудмони каролинжӣ (як дудмони фармонраво дар кишвари Фаронса) ба шумор мерафт.  Таъсири зиёде ба усқуфҳои Эрв ва Сеулф дошт. Аммо соли 925 ба сабаби мухолифати фаъолонааш ба ниятҳои граф Вермандуа Герберти II, ки мехост писари ноболиғи худ Гугоро ба усқуфӣ биншонад,  аз ҳама имтиёзҳои худ маҳрум шуд.

Соли 948, вақте Артолд ба кафедраи Реймс  баргашт, то соли 952 Флодоард сармушовири усқуфи аъзам буд. Баъди марги Раул ӯ усқуфии Нуайон интихоб гардид, вале бо сабабҳои номълум соли 953 барканор шуд. Худи ҳамон сол Флодоард ба дайри Базола ворид гашт ва баъдан пири ҳамин дайри калисои католикӣ шуд.

Машҳуртарин асари ӯ “Таърихи Калисои Реймс дар се китоб” ва “Солномаҳо” буд. Достони  De triumphis Christi et sanctorum (Дар бораи тантанаҳои Масеҳ ва муқаддасот), ки дарбаргирандаи тахминан 29 000 шеър мебошад, мансуб ба ӯ медонанд.

Соли 1868 дар Нижний Новгород нависанда, намоишноманависи маъруфи Максим ГорькийШӯравии рус Максим Горкий ба дунё омад. Горкийро поягузори реализми сотсиалистии Шӯравӣ меноманд.

Соли 1889 барои фаъолияти махфиёнаи зидди ҳукумат боздошт гардид, сипас дар Нижний Новгород зери назорати полис зиндагӣ мекард. Бо В. Г. Короленко шинос шуда, навиштаҳои худро ба ӯ пешниҳод намуд.

Соли 1892 дар рӯзномаи «Кавказ”, ки дар Тифлис интишор меёфт, аввалин ҳикояи ӯ бо номи “Макар Чудра” чоп шуд. Ин ҳикоя соли 1944 ба тоҷикӣ низ тарҷума шудааст.  Пас аз нашри ҳикояи «Челкаш» (1895) ва маҷмӯаи дуҷилдаи «Очерку ҳикояҳо» (1898) Горкийро хонандагони рус бештар шинохтанд ва чун нависандаи воқеанигор машҳур гардид. Дар охири садаи XIX Горкий, ки чун «баёнгари боистеъдоди афкори оммаи эътирозкунанда» шуҳрат ёфт, асарҳои дар равияи романтизм эҷодшудаи «Кампир Изергил», (1895, тарҷумаи тоҷикӣ 1935), «Таронаи Лочин» (1895, тарҷумаи тоҷикӣ 1932), «Таронаи мурғи тӯфон» (1901, тарҷумаи тоҷикӣ 1938)-ро ба нашр расонд.

Усули реализми сотсиалистӣ дар асарҳои Горкий аз оғози садаи XX арзи вуҷуд намуд. Дар романҳои «Фома Гордеев» (1899, тарҷумаи тоҷикӣ 1948), «Се нафар» (1900) роҳи рушди капитализм дар Русияи подшоҳӣ инъикос ёфтааст.

Соли 1902 бори нахуст ба навиштани намоишномаҳо иқдом намуд ва асарҳои саҳнавии «Мешанҳо», «Дар қаър», «Ваҳшиҳо»; «Дачанишинҳо», «Фарзандони офтоб», «Варварҳо» маҳсули қалами ӯянд.

Солҳои 1902–1904 бо болшевикон наздик шуд, барои онҳо, аз ҷумла, барои нашри газетаҳои «Искра» ва «Вперёд», кумакҳои молӣ расонд.  Солҳои 1921–1924 дар  Олмон ва Чехословакия, баъдан дар Итолиё (Сорренто) зиндагӣ кард. Бахши 3-юми асари тарҷумаиҳолиаш «Донишгоҳҳои ман» (1923), романи «Кори Артамоновҳо» (1925), силсилаи очеркҳои ёддоштии худро интишор дод.

Горкий ба таърихи куҳану фарҳанги ғании мардумони Шарқ, адабиёти форс-тоҷик ва намояндагони он Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз муҳаббату ихлоси бузург дошт. Вай бо адабиёт ва эҷодиёти шоирони Шарқ аз солҳои 90 садаи XIX ошноӣ пайдо кард.

Горкий барои рушду нумӯи адабиёти шӯравии тоҷик низ хидматҳо кардааст. Ӯ аз нақшаҳои эҷодии Айниву Лоҳутӣ воқиф буд. Бахусус, ба назми Лоҳутӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Горкий ният дошт, ки ба китоби ашъори мунтахаби Лоҳутӣ (ба забони русӣ) пешгуфтор нависад, аммо марги бемаҳал имкон надод, ки ин нияти наҷиб амалӣ гардад. Дар номааш ба идораи нашрияи «Коммунист Таджикистана» аз Лоҳутӣ ёдовар шудааст.

Лоҳутӣ достони «Тоҷ ва байрақ»-ро (1935) бо талқину машварати бевоситаи Горкий навиштааст ва сипосу эҳтироми хешро ба Горкий тавассути шеъри «Ба Максим Горкий» (1930) ва достони машҳури «Се қатра» (1932) иброз доштааст.

Нависандагони тоҷик усул ва шеваҳои эҷодии реализми сотсиалистиро маҳз аз осори Горкий омӯхтаанд. Таъсири Горкий, бавижа, дар эҷодиёти устод Айнӣ  эҳсосшаванда аст. Айнӣ дар мақолаҳои «Зиндаи абадӣ» (1936), «Омӯзиши ман аз Максим Горкий» (1937), «Симои фаромӯшношуданӣ» (1946), «Падари тарбиятгари адабиёти советӣ» (1951) доир ба таъсири бевоситаи эҷодиёти Горкий дар муҳтавою сабки нигориши ӯ, маслиҳатҳои муфиди Горкий баҳри пешрафти адабиёти шӯравӣ, ғамхориҳову дастгириҳои холисонааш дар худшиносию пойдории адабиётҳои қавму миллатҳои гуногун ва хидматҳои дигари ин адиб сухан рондааст.

Аксари асарҳои Максим Горкий ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ки намунаҳое аз онҳоро болотар овардем.

Дебелянов ДимчоСоли 1887 дар Копривштист шоири булғор  Димчо Дебелянов ба дунё омад. Дар оила кӯдаки шашум буд. Забонҳои фаронсавӣ, русӣ ва англисиро омӯхта ва Бодлер, Верлен ва Шекспирро ба булғорӣ тарҷума карда буд. Соли 1910 ҳамроҳ бо Дмитрий Подвирачев аввалин антологияи назми Булғористонро тартиб дод.

Охири моҳи октябри соли 1912 Дебеляновро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Дар Ҷанги аввали Байкал сарбози қаторӣ хидмат кард. Соли 1913 дар мактаби афсарӣ таҳсил намуд. Соли 1914 дар баробари оғози Ҷанги якуми Ҷаҳон аз хидмати ҳарбӣ канор рафт, вале баъдтар ихтиёрӣ ба ҷабҳа сафарбар шуд. Охири январи соли 1916 ихтиёрӣ ба ҷабҳаи Македония рафт ва маҳз дар ҳамин сангар шеърҳои сангарӣ навишт ва номаҳои хубе ба ёру дӯстонаш ирсол намуд. Ашъори давраи ҷангии Дебеляновро ҳоло ҳам дар Булғористон беҳтарин шеърҳои ӯ медонанд.

2-уми окттябри ҳамон сол дар ҷанг бо англисҳо кушта шуд.

Баъди маргаш дӯстони ӯ китоби дуҷилдаи ӯро интишор доданд, ки кулли шеърҳо ва номаҳои адибро дар бар мегирифт.

Дэй КинСоли 1904 дар шаҳри Чикаго нависанда, намоишноманавис ва ҳунарманди амрикоӣ Дей Кин зода шуд. Вай яке аз нависандагони муваффақи жанри детектив дар Амрико ба шумор меравад.

Роҳи эҷодии худро аз ҳунарманд дар театр оғоз кардааст ва ҳамзамон чанд намоишнома ҳам навиштааст ва дар ин кор комёб ҳам шудааст. Муддате дар радио барномаҳо менавишт ва аз аввали солҳои 1940 даст ба навиштани романҳои детективӣ зад, ки яке паси ҳам дар маҷаллаҳо чоп мешуданд.

“Бӯсаи хайрбодӣ”, “Аз  ман шаву бимир”, “Дар бешаҳои инсонӣ”, “Рӯзи мавлуд”, “Ӯро мурда биёр”, “Хонае, ки куштор рух додааст”, “Маҳбубаи гумшуда”, “Ҳар кас метавонад бимирад”, “Хонуми қотил”, “Муҳаббат ва кинаи ҷиноӣ”, “Бӯса ва ё  марг”, “Биёву бибар” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

9 январи соли 1969 дар Лос-Анжелес фавтидааст.

Жюль ВернСоли 1905  дар  қабристони Мадлени Амен маросими ботантанаи ба хок супурдани адиби маъруфи Фаронса Жюл Верн баргузор шуд.

Шоир, нависанда, намоишноманавис, яке аз поягузорони асарҳои илмӣ-тахайюлӣ, классики адабиёти саргузаштиву моҷароҷӯёнаи фаронсавӣ Жюл Верн 8 феврали соли 1828 дар минтақаи бандари Нант, Фаронса ба дунё омад.  Вай узви Анҷумани ҷуғрофиёдонҳои Фаронса буд. Бино ба маълумоти  ЮНЕСКО теъдоди асарҳои тарҷу­машудаи Жюл Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм аст. Пеш аз ӯ Агата Кристи ва баъд аз ӯ Шекспир ҷой доранд.

Жюл Верн таҳсилотро бо хости падараш дар риштаи ҳуқуқ ба поён расонид, аммо завқи намоишноманивисӣ ва романнависӣ ӯро ба сӯи адабиёт кашид. Романҳои машҳуру сертарҷума ва серхонандаи адиб «Панҷ ҳафта дар болин», «Фарзандони капитан Грант», «Бист ҳазор франк дар зери баҳр», “Дар мадори моҳ”, “Моҷароҳои Африқо”, “Савдогарони пӯст”, “Даври дунё дар ҳафтод рӯз”, “Сафар ба аъмоқи Замин”, «Ҷазираҳои пурасрор», «Капитани понздаҳсола», «Тақдири Жан Морин»  ва амсоли инҳо мебошанд.

Жюл Верн 24-уми марти соли 1905 дар синни 78-солагӣ аз бемории диабети қанд дар манзили худ чашм аз олам пӯшид. Дар маросими видоъ бо адиби оламшумул беш аз 5 ҳазор нафар сокинон ширкат карданд. Императори Олмон Вилгелми II бо воситаи сафири ин кишвар дар Фаронса, ки дар ҷаноза иштирок дошт, таъзия баён кард. Вале аз ҷониби ҳукумати Фаронса ягон ҳайате иштирок надошт.

Бабич Шайхзада МухаметзакировичСоли 1919 дар деҳаи Зилаир шоир ва фаъоли сиёсии тотору бошқир Шайхзода Муҳаммадзокирович Бабич кушта шуд. Вай ҳамагӣ 24 сол дошт.

Асарҳои худро бо забони тоторӣ навиштааст. Ягона маҷмӯаи шеърии ӯ, ки дар зинда буданаш нашр шудааст, “Сурудҳои сабз. Бошқирдистони ҷавон” ном дошт.

Ӯро 28-уми марти соли 1919 ҳамроҳ бо дӯсти шоираш Габдулҳай Эркабоев аскарони сурх ба ҳалокат расонданд.

Соли 1930 Михаил Булгаков ба ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ нома навишт, ки ӯро озод гузоранд. Булгаков баъди фишорҳо аз ҷониби мунаққидони ба истилоҳ пролетарӣ, ки навиштаҳои ӯро ноҳақ нақд мекарданд, ба дод омад ба ҳукумат навишт: “”Ман бо боварӣ ба инсонияти ҳукумати шӯравӣ муроҷиат мекунам, ки саховатмандона ман, нависандаеро, ки наметавонад дар кишвари худ муфид бошад,  озод кунед”. 

Михаил Булгаков нависанда, намоишноманавис, духтур, коргардони театр ва ҳунарманди маъруфи рус буд. Муаллифи романҳо, пйесаҳо, филмномаҳо ва фелетонҳои зиёд.

Машҳуртарин асарҳои ӯ “Қалби сагӣ”, “Ёддоштҳои табиби ҷавон”, “Романи театрӣ”, “Горди сафед”, “Тухммурғҳои шум”, “Иван Василевич” ва романи “Мастер ва Маргарита” мебошад, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Ду маротиба хоҳиш кард барои ба хориҷ рафтанаш иҷозат диҳанд ва ду бор ҳам посухи рад гирифт.

Аз фишорҳо болои адиби маъруфт Максим Горкий огоҳ буд ва шахсан ба Сталин нома навишт ва хоҳиш кард шароите ба Булгаков фароҳам оварда шавад, то аз истеъдоди ӯ хуб истифода шавад.

10 – уми марти соли 1940, замоне, ки ҳамагӣ 49 сол дошт, бар асари беморӣ даргузашт.

Марио Варгас ЛьосаСоли 1936 дар шаҳри Арекипаи Перу нависанда, намоишноманавис, публистист ва фаъоли сиёсӣ Марио Варгас Лоса ба дунё омад.  Ӯ яке аз муҳимтарин романнависон ва мақоланависони муосири Амрикои Ҷанубӣ ва аз муътабартарин нависандагони асри худ аст.

Ӯ 30 роман ва намоишнома навиштааст, ки муҳимтаринашон “Ҷанги охирзамлон”, “Дар ситоиши номодарӣ”, “Қиссагӯ”, “Ёддоштҳои Ироқ”, “Роҳи Биҳишт”, “Гуфтугӯ дар Котдрол”, “Хонаи сабз”, “Асри қаҳрамон” мебошад.

Соли 1882 дар Кенсингтон Ҷанубӣ очеркнавис, романнавис, ношири англис Аделин Вирҷиния Вулф (анг. Virginia Woolf) Англия таваллуд шудааст. Падари вай Лесли Стефан олим ва хоҳараш Венесса Белл наққош буд. Вирҷиниа 2 бародар дошт, ки яке аз онҳо Боби дар Чанги якуми ҷаҳон кушта шудааст.

Осори машҳури нависанда: «Хонум Далловэй» (1925), «Ба сўи фонуси дарёӣ» (1927), «Орландо: Тарҷумаи ҳол» (1928), «Як ҳуҷраи шахсии худ» (1929), «Мавҷҳо» (1931) ва ғайраҳо мебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ