Дастовардҳои илми китобдорӣ дар Тоҷикистон
Китобхона ва фановарии иттилоот [Матн]: Маҷмўаи мақолаҳо /Мураттиб Ш.З. Сўфиев; муҳаррирон С.Ҳ. Шосаидзода, Ё Бердизода. – Душанбе: Аржанг, 2020. – 436 с.
Пешрафти инсоният ва ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами сайёраи замин мебошад. Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Ганди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар самти сиёсат пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамчун нигоҳдорандаи мероси фарҳангӣ ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ- иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносиро таъмин менамояд.
Имрўз мутахассисони соҳаи китобдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ташнаи илм соҳа мебошанд. Қайд қардан ҷоиз аст, ки аз ҷониби Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Ганди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар радифи таҳия ва чопи маҷмўаи мақолаҳо таҳти унвони «Китобхона ва фановарии иттилоот» саҳми муносиб гузоштанд. Маҷмўаи мазкур барои аниқомўзии фанҳои тахассусӣ ва таҳқиқи масоили мубрами соҳаи китобдорӣ, назариявӣ, методӣ ва амалӣ- соҳавии натиҷаи таҳқиқотҳои олимону мутахассисони соҳаро ҷамъоварӣ намудааст, ки ба донишҷуёну, омўзгорон, муҳаққиқону мутахассисони соҳа дар фаъолияти ҳамарўзаи омўзишию таълимӣ ва эҷодиашон мусоидат менамояд. Китоби мазкур дар доираи иҷрои лоиҳаи «Созмондиҳии заҳираҳои электронии илмии иттилоотию библиографӣ ва ҷойгирнамоии он дар сомонаи Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Ганди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ба чоп расидааст.
Дар ин маҷмуа мақолаҳои олимону мутахассисони соҳа Сўфиев Ш.З., Буризода Қ.Б., Шосаидзода С., Маҳмудов Г., Холов Б., Раҷабова Н., Абдумуминзода С., Сафарзода Ҳ., Умарова Н., Бердизода Ё., Даниярова Н, М. Эсанов бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ҷо дода шудааст.
Маҷмўаи мазкур аз пешгуфтор бо суханони Ш. Сўфизода таҳти унвони «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад» оғоз мегардад. Сипас, мақолаҳои маҷмўаи мазкур Ш. Сўфизода оғоз гардида, дар он масъалаҳои «Китоб- гаронбаҳотарин мероси фарҳанги башарӣ», «О создании единого регионального научно- информационного ресурса», «Академик Ольденбург и организация таджикской академической наук», Бўризода Қ.Б. дар масъалаҳои «Омўзиши вазъи фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо», «Рушди библиографияи давлатии тоҷик», История и становление государственной библиографии в Таджикистане (источниковедческий анализ)», Шосаидзода С., «Фановарии китобдорӣ ваъзият ва самтҳои асосии рушд», «Фановарӣ- омили муҳими рушди фаъолияти китобдорӣ (ҳаммуаллифи Ҳ. Сафарзода)», Маҳмудов Г. «Фанноварӣ дар фаъолияти хадамоти методии китобхонаҳо», «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ- иттилоотӣ», Холов Б. «Роҳандозии инноватсия дар соҳаи китобдорӣ», Раҷабова Н. «Инновационная деятельность детских школьных библиотек Республики Таджикистан: социально-психологический аспект», Абдумуминзода С. «Проблемы и переспективы обогощения электронного фонда библиотек вузов Республики Таджикистан», Даниярова Н. «Ҷойгоҳи китобхона дар тарбия маънавии наврасону ҷавонон», Умарова Н. «Роҳандозии инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳо», Бердизода Ё. «Китобхонаҳои электронӣ ҳамчун сарчашмаи нави иттилоотӣ дар ҷомеаи муосир», Эсанов М. «Зарурати истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар рақамикунонии заҳираҳои китобхонаҳо» бахшида шудааст.
Аз ин лиҳоз олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ кўшиш ба харҷ доданд, ки маҷмуаи мақолаҳоро таҳти унвони «Китобхона ва фановарии иттилоот» бо шакли соддаву фаҳмоталаб пешкаши мутахассисони соҳаи китобдорӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки тамоми мақолаҳои маҷумаи мазкур дорои қимати баланди илмию амалӣ буда, барои китобдорону муҳаққиқони соҳа, донишҷуёну омўзгорони риштаи китобдорӣ ҷиҳати шиносоӣ бо дастовардҳои нави илмии соҳаи китобдорӣ раванди комёбиҳои китобхонаҳои мамлакат дар самти раванди пешрафти фаъолияти илмҳои китобшиносӣ ва библиографишиносии миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Валиев Ҷамил – корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон