Пайдоиши хома ва давоту ҷавҳар
Чун ёфт дил ин умедворӣ,
Эй хома биёр, то чи дорӣ.
Мефармояд Хусрави Деҳлавӣ. Хома аз маводи қадимтарини нигор аст. Ифодаи ин рустанӣ, ки мафҳуми хома аз он пайдо шуда буд, дар қисматҳои Авасто ҳамчун хаома, аҳома омадааст. Дабирони Миср ҳануз дар асри 3 то милод наи буридаву аз ду ҷониб нўгтезро истифода мекарданд. Онро юнониён бо вожаи «қадам» ифода нмуданд, ки маънои найро дошт. Нўги хома ба ду тақсим мешуд. Вожаи килк ҳам наи миёнхолиро ифода мекунад. Ва найқадам ҳамон килк аст ва баръакс. Яъне ба забони форсӣ-тоҷикӣ ин се вожа ба як маъно истифода мешаванд. Тайёр кардани хома (қалам, килк) маҳорату таҷрибаро тақозо мекард. Барои он аввал найи мувофиқро пайдо намуда, онро то ранги сурху сиёҳ гирифтанаш зери об нигоҳ медоштанд. Баъди коркард найро мебуридаанд ва дар ҷои гиреҳ бо қаламтарош барои рехтани сиёҳӣ сўрохии хурде гузошта, нўги найро борик мекарданд. Вожаи қалам дар матнҳои румӣ низ дучор меояд. Дар асри 10 қалами доимӣ бо анбори сиёҳӣ дар дохил ихтироъ шуд ва онро бидуни ҳарос андаруни остин медоштанд.
ДАВОТУ ҶАВҲАР
Аз номаҳои қадим танҳо тавсифашон боқӣ монда, аммо давот (сиёҳидон), ки аз чўбу сангу филизот тайёр мешуд, айёмҳоро пушти сар карду то ба замони мо расид. Давот ба мисли хомаю коғаз ва лавҳу тўмор ҳамеша аз симоҳои дўстдоштаи шоирони мо буд ҳамчуноне Абурраҳмони Ҷомӣ мефармояд:
Кўҳна давоте чу дилат тору танг,
Коғазе аз тирарухат бурда ранг.
Андаруни ана ҳамин давот сиёҳӣ (ҷавҳар)-ро ҷой медоданд ва бо ёрии хома матнҳои дилхоҳашонро ба рўи киртос ё коғаз менигоштанд. Яъне, сифати нигор бо хубии сиёҳӣ низ бастагӣ дошт. Дар Аҷам аз давраҳо қадим асрори сиёҳии (ҷавҳари) гуногунро медонистанд, вале дар ҳар маҳал унсурҳои ҷавҳар ҳар хел буд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ вожаҳои абир, мушк, анкос ба маънои унсурҳои сиёҳӣ зуд-зуд меоянд.
Бифармуд то пеши ў шуд дабир,
Биёвард киртоку мушку абир.
Ё худ
Набишта зи мушку зи анбар дабир,
Яке нома аз подшоҳ бар ҳарир.
Таркиби абир чандон одӣ набуд. Онро аз сандал, гулоб ва мушки заъфарон месохтанд. Заъфарон, ки гулҳои зарди хушбўй дорад, саёҳиро зардранг мекунад. Мушк моддаи саёҳранги хушбуй аст, ки онро аз нофи як зоти оҳу ҳосил мекарданд. Ва мушк низ ба ҳайси сиёҳӣ масраф мегардид. Абиру мушк ва анбар ба ҳайси моддаи хушбуй, яъне атр низ истифода мешуданд. Онҳоро одамони доро метавонистанд ба кор баранд. Ҳамин гаронӣ боис шуд, ки ба ҳайси ҷавҳари нигор рустаниҳои дигаре низ ба кор баранд. Анкос (туш) масалан, аз дуда ва маҳлули олуболу, сиёҳии одӣ бошад, аз маҳлули зоҷи сафед (кватс) ва ҷавзаҳои дарахти фундуқ тайёр карда мешуд. Нусхаи омодасозии баъзе аз ҷавҳарҳои устувор, саёҳии ранга барои хушнависон таркиби зиёд дошт. Масалан, дуда маҳлули самғи арабӣ, ҳиною сурмаи обакӣ, арақи найшакар ва ғайра.
Дар эҷоди маводи нигор, ҳамчуноне инро Гургонӣ ҳам тайид менамояд, ширкати мардумони дигар низ кам набуд:
Ҳарири нома буд абрешими Чин,
Чу мушк аз Тиббиту анбар зи насрин.
Қадим аз Миср, буд оби гул аз Ҷур,
Давот аз анбарин уди самандур.
Дар «Шоҳнома» вожаи дигари ба сиёҳӣ марбута низ ҳаст ва он анкос аст. Дар луғот онро ҳамчун ранги сиёҳи баланд маънидод мекунад. Шояд ин дуруст бошад. Аммо «Зи мушки сияҳ суда анкос хост» гуфтани Фирдавсро каме дигар хел фаҳмидан мумкин. Яъне агар «анкос» аз калимаи анқо реша дошта бошаду ҳамон мафҳуми ноёбро таҷассум кунад, пас Фирдавсӣ ба ин ифода кадом як ҷавҳари дигареро дар назар дорад. Он сиёҳӣ туш буда метавонад. Агар ин тавр нест, пас натиҷагирии дигар чунин аст. Фирдавсӣ бо ин вожа худи «сиёҳӣ», исми сиёҳиро меномад. Албата, барои номаҳои он айём тарзи навишти худи нигор низ муҳим буд. Хусни нигор ба дабир, ба маҳорату мактаби ў бастагӣ дошт. Худшиносон дар ҳар давру замон эътибор доштанд. Имрўз мо наметавонем доир ба ин қазия баҳс бикунем. Намунаҳои то ба замони мо расида чунин имконро фароҳам наёвардаанд. Ба ин ҳама инро «Шоҳнома» ҳам таъйид менамояд, номаҳои шоҳон, ба вижа теъдоде, ки ба хориҷ аз кишвар ироа мешуд, бисёр хуб ороиш меёфт.
Ба хоқон яке нома аржангвор,
Навиштанд пурбўю рангу нигор.
Бале, гузаштагони мо дар нигору номанигорӣ, дар омодасозии маводи хат андўхти зиёд доштанд. Ва ин таҷриба дертар аз ҷониби дабирони айёми сосонӣ пазируфта шуд.
Форсҳо, тоҷикҳо, афғонҳо ва мардумони дигари эронинажод имрўз паҳлавихону суғдинигор нестанд, вале ҳамагон аз ҳамон фарҳанги эронӣ, ки тўли ҳазорсолаҳо бунёдаш гузошта шуд, нўши ҷон мекунад. Дар воқеъ, дар он айёму ин замон дар ҳеҷ донишободе ба ҳама, ба эҷодкории он ин қадар офарин нагуфтаанд, ки ниёкони мо гуфтаанд. Осоре, ки аз эшон ёдгор аст, аз Бесутун то ба худи «Шоҳнома» Аҷамро шўҳрат овардаанд.
Оре, шўҳрати адабиёти мо оламгир аст, вале аз таъсири маҳз тўмору номаҳо, эъҷози ҳомаи эрониён алъон хеле кам гуфтаанд.
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.