Маҳфили «Ҳамешабаҳор» бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии шоири маъруф Хайрандеш
Шоми 16-уми апрели соли 2024 дар саҳни Китобхонаи миллӣ маҳфили «Ҳамешабаҳор» бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии шоири маъруф Хайриддини Хайрандеш баргузор шуд, ки дар он зумрае аз шахсиятҳои шинохта, донишмандон, донишҷӯён, хонандагони ашъори шоир, шогирдони ӯ, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни сухани табрикӣ директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода шоир Хайриддини Хайрандешро аз номи худ ва аз номи кулли кормандони Китобхонаи миллӣ ба ин ҷашни нимасраи фаъолияти эҷодӣ табрику таҳният гуфта, ба корҳояш барору комёбӣ орзу намуд. Директори Китобхонаи миллӣ гуфт устод Хайрандеш ба ғайр аз он ки маҳфили «Ҳамешабаҳор»-ро пеш мебарад, корманди Китобхонаи миллӣ ҳаст, ки бо кўдакон ва навқаламон доимо кор мекунад, шеърашонро таҳлилу баррасӣ мекунад, раҳнамои ҷавонони навроҳи адабиёт аст. Маҳфили имрӯз ба ҳамин санаи таърихии умри шоири маҳбуб бахшида шудааст.
Профессор Ҷумахон Файзализода дар корҳои эҷодии устод Хайрандеш комёбиҳо хост ва аз номи Китобхонаи миллӣ туҳфа тақдим намуд.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ин маҳфил шоирону нависандагони номвари кишвар ва ҳам шоирони навқалами мо қувваи худро озмуданд. Шеър гуфтан ва ба мардум ёрӣ расондан рисолати доимӣ ва азалии Хайрандеш аст. Мо вақте ҳамрҳ дар Донишгоҳи давлатӣ таҳсил мекардем, Хайрандеш аз ҳамон солҳо шеър менавишт. Ва ҳатман дар атрофаш нафароне ҷамъ меомаданд ва чизҳои маҳфилмонанде доир мекард. Оҳиста – оҳиста ин ба хислати Хайрандеш табдил ёфт. Яъне, Хайрандеш, маҳифл, шоирони ҷавон. Ҳамин се чиз рисолати Хайрандеш дар тўли умраш шуданд ва аз Кўлоб сар карданд, баъдан омаданд ба Бохтар, баъд ба Душанбе. Ҳамеша дар атрофаш шеър буд, шоир буд, ҳунар ва санъати нафиса буд. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ Хайрадешро дўст медоранд, зеро бо мардум ҳарф зада метавонад. Хислати дигари Хайрандеш ин аст, ки ҳамеша дар байни халқ аст, дар ҳақиқат шоири халқӣ аст, аз байни халқ баромадаст, бо халқ кор мекунад.
Дар маҳфили шеъри устод Хайрандеш шоирону овозхонон, зиёиёни кишвар ва намояндагони касбҳои гуногун ширкат доштанд, аз ҷумла генерал Юсуфҷон Юсуфзода.
Генерал устод Хайрандешро сершогирдтарин шоири адабиёти муосири тоҷик номид. Вай аз ҷумла гуфт: Аз соли 1991 мо аъзои маҳифл будем дар шаҳри Кўлоб, ман ровӣ будам. Дар ҳамон шароити бисёр носозгори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ғайрату ҷасорат устод Хайрандеш тавонистанд навқаламон ва доираи адабии шаҳри Кўлобро дар Қасри фарҳанги Кўлоб ҳар шоми чоршанбе гирди ҳам оваранд. Кўдаконе, ки машқи шеър мекарданд, падару модаронашонро меоварданд, мўсафедону пирзанҳо, ки таваҷҷуҳ доштанд, ба шеърнависӣ, низ меомаданд.
Генерал Юсуфҷон Юсуфзода як бузургии Хайрандешро дар он шумурд, ки дар ҳамон шабу рўз ягон маҷмуаи худашон ба табъ нарасида буд, вале имкон ёфта эҷодиёти шогирдонашонро дар шакли маҷмуи хурд нашр менамуданд ва бо ин васила завқу шавқи онҳоро ба адабиёт ва фаъолият дар ин самт меафзуданд.
Ин генерали тоҷик ба устод Хайрандеш изҳори миннатдорӣ намуда, ба зиндагӣ соҳиби ҷойгоҳ гаштанашро аз таъсири сухан ва лутфу марҳамати худовандӣ донист.
Аз овозхононе, ки аз ашъори шоир Хайрандеш сурудаанд, Фахриддини Малик – сарояндаи маъруфи кишвар низ ҳузур дошт ва ифтихор намуд, ки бо шоири маъруф Хайрандеш, ҳамкорӣ дорад.
– Номашон алаккай табъи одамро хуш мекунад. Боре устод ба коргоҳи ман ташриф оварданду гуфтанд, ки ин ҷо нишаста, шеър худаш эҷод шудан мегирад. Ва ҳамин тавр як шеваи хос доранд, ки метавонам борҳову борҳо қисса кунам. Устод Хайрадеш 50-умин солгарди корномаи умри муборакатон, ки рисолаест ва ба таърих рақам мезанад, барои шумо муборак бошад. Мо арзи иродат баён мекунем ва ифтихор дорам, ки дар ин маҳфили зебову гарм ширкат меварзам.
Пас аз табрику таҳният Фахриддини Малик барои ҳаводоронаш сурди машҳури «Ватан»-ро сароид.
Устод Хайрандеш шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки онҳо дар пешрафту рушди кишвар саҳми бузург гузошта, шахсиятҳои машҳуру маъруфе гаштаанд. Яке аз шогирдони устод Хайрандеш шоири ҷавон Фатҳулло Кўҳзод мебошад, ки дар маҳфили «Ҳамешабаҳор» ширкат дошт. Ў дар саҳифаи фейсбукии худ дар бораи устодаш нигоштааст:
… Дар соли 2023 зиёда аз 20 узви маҳфили «Ҳамешабаҳор» дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳ6и доноӣ китоб аст» ғолиб шуданд. Хушбахтона, барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмун Шукрона Тоҳирӣ узви фаъоли маҳфил мебошад. Маҳфили «Ҳамешабаҳор» ҳар ҳафта рўзи чоршанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад ва он аз ҳафт равза иборат буда, дар поёни ҳар як равза эҷодиёти навқаламон аз ҷониби роҳбари маҳфил таҳрир мешавад. Дар баробари таҳрири ашъору осори навқаламон дар «Ҳамешабаҳор» ҳар ҳафта ҳафт ғолиб муайян мешавад ва ғолибон бо ҳадяҳои хотирмон ва китобҳои арзишманду хонданӣ сарфароз мегарданд. Ногуфта намонад маҳфил тақрибан дар тамоми гўшаву канори мамлакат баргузор шудааст ва дар ҳар куҷое ҳам ҷараён гирифтааст, иштирокчиён соҳиби туҳфа гардиданд. Дар тўли чордаҳ соле, ки ман узви ин мафил ҳастам, чандин хислату ҳаракатҳои наҷиби устодро омўхтам:
Яке аз хислати хуби устод ин аст, ки тамоми шогиродони худро эҳтиром мекунанд ва маҳалгаро нестанд. Доим таъкид менамоянд, ки эҷодкоре, ки маҳалгароӣ макунад, фарзанди Ватан ва лоиқи дастгирӣ нест. Ҳар сол устод субҳи 20-уми май пиёда ба зиёрати турбати устод Лоиқ мераванд. Пиёда рафтан нишони эҳтироми ва рамзи меҳру муҳаббати устод Хайрандеш нисбат ба устод Лоиқ аст. Вақте устод дар маҳфил бошанд, ба телафони касе ҷавоб намедиҳанд, зеро эҳтироми шогирдону иштирокчиёни маҳфилро пос медоранд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.