Сабти барномаи навбатии “Шоҳасари безавол” дар  Китобхонаи миллӣ (ВИДЕО)

Шоҳасари безаволДар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи навбати “Шоҳасари безавол” сабт шуд ва қарор аст ҳамин бегоҳ  аз тариқи телевизиони “Илм ва табиат” намоиш дода шавад.

Тавре аз номаш пайдост, дар ин барнома ширкаткунандагон ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” атрофи достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ баҳс мекунанд.

Дар барномаи навбатӣ баҳс аз достони “Бежан ва Манижа” аст. Рафти барномаи “Шоҳасари безавол” бо қироати порчаҳои назмӣ, насрӣ ва таҳлили онҳо аз ҷониби хонандагон сурат гирифта, ширкаткунандагон бештар аз “Шоҳнома”-и насрии Сотим Улуғзода порчаҳо аз корномаҳои “Бежан ва Манижа” қироат намуданд.

Сужети мухтасари достон дар «Шоҳнома» бад-ин қарор аст: Бежан ҳамроҳи Гургин барои маҳв кардани гурозон меравад. Пас аз анҷоми кор ба марғзоре дар марзи Эрону Турон меояд. Дар ин марғзор духтари Афросиёб бо ҳамроҳонаш базм ороста буд.

Бежан ва Манижа ҳамдигарро мебинанд ва дар дилашон меҳр пайдо мешавад. Манижа Бежанро ба қасри худ мебарад. Дарбориён ба Афросиёб хабар мерасонанд. Афросиёб Бежанро дастгир мекунад ва ӯро чун маҳбус ба чоҳе меафканад. Манижаро аз қаср меронад.

Рустам Бежанро аз чоҳ раҳо карда, ҳамроҳи Манижа ба Эрон мебарад. Манбаи достони «Бежану Манижа» достонҳои бостонии мардуми ориёиянд. Бинобар пажӯҳишҳо оид ба «Шоҳнома», Фирдавсӣ «Бежану Манижа»-ро чун достони алоҳида, берун аз ҷараёни воқеоти «Шоҳнома» эҷод карда, баъдан ба он ворид намудааст.

Барномаи “Шоҳасари безавол”-ро шоми имрӯз аз тариқи телевизиони “Илм ва табиат” метавонед тамошо кунед.

Абдуғаюр Саломов, шуъбаи таблиғ ва чорабиниҳои фарҳангӣ