Руҷуъ ба таърих. Саодат Икромӣ (1914-1996)
Вақте хостам дар бораи Саодат Икромӣ бинвисам, ба ҷуз чанд ҷумлаи умумӣ дар бораи фаъолияташ дар Китобхонаи ҷумҳуриявӣ матлаби дигар пайдо накардам. Ва дар охирин рӯзҳои ҷустуҷӯям чашмам ба мусоҳибаи ҳамкорамон Бобоҷон Шафеъ бо Дилафрӯз Икромӣ-духтари арҷманди устод Ҷалол Икромӣ уфтоду онро мутолиа кардам. Як бахши ин мусоҳиба дар бораи ишқи Саодатбону ва нависандаи забардаст Ҷалол Икромӣ буд, ки хеле ҷолиб ҳикоят шуда. Он порчаро ин ҷо иқтибос овардам.
Дилафрӯз Икромӣ мегӯяд:
– Падару модари ман 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Вақте ба ҳам расиданд, падарам 19-сола ва модарам 15-сола буданд. Модаркалонам Саломатбибӣ аммаи падарам буданд. Он замон дар Бухоро ҳамин хел одат буд, ки ҳама домоду арӯс бояд аз авлоди якдигар бошанд, бегона ба бегона на духтар медод ва на домод мегирифт.
Модари ман Саодатхон духтари кенҷаи хона, каме шӯху эрка ва ҳам хеле хушрӯ буданд ва талабгорони зиёд доштанд. Модаркалони мо доим мегуфтанд, ки ман ҳамин як ҷиян дорам ва духтарамро ба ӯ медиҳам. Падарам, ки дар хурдсолӣ аз навозиши модарашон маҳрум шуда буданд, модаркалони моро ба ҷойи модарашон медонистанд ва дар ёддоштҳояшон борҳо инро зикр кардаанд. Ҷойи таъкид медонам, ки аввалин тӯйи ба истилоҳ сурх дар Бухоро ин тӯи падару модари ман буд.
Падарам бо Пайрав Сулаймонӣ бисёр дӯстони наздик буданд ва ба Душанбе омадурафт мекарданд. Аммо соли 1930 дар Душанбе конфронси забон баргузор мешавад, ки дар он аз тамоми минтақа касонеро, ки забонро хуб медонистанду боистеъдод буданд, даъват шуданд. Падарам мегуфтанд, ки бори аввал дар ҳамон конфронс устод Лоҳутиро дида буданд. Дар анҷоми ҳамин конфронс қарор мекунад, ки ҳамаи ширкаткунандагон кӯчида ба Душанбе оянд. Падарам баъди як моҳ барои зиндагонии доимӣ ба Душанбе меоянд. Ба онҳо як хонаи якҳуҷрагӣ медиҳанд ва рӯзу моҳҳои аввали зиндагиро дар пойтахт чунин оғоз мекунанд. Дар ҳамон хона ҳам мехобиданд ва ҳам кор мекарданд.
Падару модарам соҳиби 7 фарзанд буданд. 3 нафар дар солҳи гуногун даргузаштанд ва мо чор нафар мондем. Замира Икромӣ, Ҷонон Икромӣ, Дилафрӯз Икромӣ ва Назира Икромӣ. Аввал падарам ва баъд модарам даргузаштанд. Баъдан апаам Замира, 27-уми июни соли 2012 бародарам Ҷонон гузаштанд ва 16 уми сентябри ҳамон сол шавҳарам-Муҳаммадҷон Шакурӣ тарки олам карданд. Ҳоло ману хоҳарам Назира дар ҳаётем. Ҳамаи наберагону аберагони устод Икромӣ соҳиби маълумоти олианд ва аксари инҳо ҳоло дар риштаҳои гуногун дар пажуҳишгоҳҳову марказҳои илмӣ ва таълимӣ кор мекунанд. Падарам фарзанди апаамро ба писарӣ қабул карда буданд, аз ин рӯ вай Озод Ҷалолович Икромӣ ном дорад ва хизматчии ҳарбӣ бо рутбаи полковник буда, дар шаҳри Астархони Русия ҳаёт ба сар мебарад.
– Шумо гуфтед, ки падару модаратон 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Инро чӣ метавон гуфт: ишқу муҳаббат ва ё алоқаи хешутаборӣ?
– Дар ҳақиқат падару модарам бо ҳам хеле дӯст буданд, муҳаббати самимиву боэҳтиромона ба якдигар доштанд. Падарам хеле оиладӯстдору фарзанддӯстдор буданд. Муҳити оилавии мо як муҳити хубе буд, ҳамдигарфаҳмии комил миёни падару модар ва фарзандон ҳоким буд. Падарам табиатан шахси хеле меҳрубон буданд, моро аслан ҷанг намекарданд, намезаданд, ҳатто садояшонро баланд намекарданд, вале як нигоҳашон кифоя буд, ки мо аз тарс дар ҷоямон биншинем. Нигоҳи қаҳролуд надоштанд, вале тарзе менигаристанд, ки мо мефаҳмидем: аз ин корамон розӣ нестанд. Дигар кифоя буд, ки рафтори худро ислоҳ намоем. Аммо модарам баръакси падарам дар оила ва тарбияи фарзандон хеле сахтгир буданд, аз модар сахт метарсидем.
Падарам фарзандонашонро хеле дӯст медоштанд. Ҳатто баъдҳо, ки мо калон шуда, ҳар кадом соҳиби хонаву дари худ шудем, ҳар субҳ ё шом худашон ба мо занг мезаданд ва аҳвол мепурсиданд. Замоне, ки бо модарам ба истироҳатгоҳи Переделкино мерафтанд, таъкид мекарданд, ки пайваста мактуб навишта, аз ҳоламон хабар диҳем. Аммо на ҳамеша мо ин корро мекардем, баръакс худашон нома менавиштанду мепурсиданд ва мо фақат ҷавоб мегардонидем. Бо гузашти солҳо ҳамаи ин меҳрубониҳои падарро ба ёд оварда, имрӯз, ки миёни мо нестанд, аз худ бо як ҷаҳон ғаму андуҳ мепурсам, ки чаро мо чунин мекардем, чаро зиёд наменавиштем, то падарро ҳамеша дар ҷараёни саломативу аҳволамон гузорем. Медонед, бо гузашти умр ва рафтани инсонҳо қадрашон бештар пайдо мешавад, чун холигоҳи падарро каси дигар наметавонад пур кунад.
Аз сӯи дигар модарам барои падарам тамоми шароитҳоро барои навиштану эҷод кардан фароҳам оварда буданд. Ҳама масъалаҳои оилавӣ, аз ҷумла тарбияи фарзандонро пурра бар душ гирифта буданд, то ин ки падарам вақти худро сарфи кори нависандагии худ кунанд.
Ҳам модарам ва ҳам падарам саводи хуби хати ниёгон доштанд. Падарам асарҳои худро аввал бо хати форсӣ менавиштанд, вақте тамом мекарданд, онро ба срилик бармегардониданд. Баъзан ман мегуфтам, ки “дадаҷон, ман ёрдам кунам? Баргардонам”? Мегуфтанд, ки “не духтарҷонам, ман вақти баргардон боз таҳрир ҳам мекунам”.
Модарам дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ 38 сол кор карданд, мудири шуъбаи дастхатҳо ва аввалин зане буданд, ки ба дарёфти унвони “Китобдори Хизматнишондодаи республика” сазовор гаштанд.
ВА МАЪЛУМОТИ ДИГАР:
САОДАТ ИКРОМӢ: Китобдори шоистаи Тоҷикистон (1958). Ҳамсари нависандаи забардасти тоҷик устод Ҷолол Икромӣ аз миёни бонувони точик нахусткорманди Китобхонаи давлатии ҷумҳурист, ки дар Техникуми молияи пойтахт хондааст.
Ӯ тамоми умрашро дар хидмати китоб сарф намуда, ҳанўз соли 1934 дар китобхонаи асосии мамлакат ба фаъолият пардохтааст. Вай мураттиби феҳрасти аввалин китобҳо ба забони тоҷикӣ мебошад, корҳои библиографӣ ва ройзаниро аз худ карда, дар ташкили намоишгоҳҳои китоб фаъолона ширкат варзидааст ва ба китобхонаҳои вилоятию ноҳиявӣ дар коркарди адабиёт ба забонҳои мухталиф бевосита кўмак расонидааст.
Чанд сол дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири китобхона заҳмат кашида, дар гирд овардани адабиёти классикии тоҷик саҳм гузоштааст. Аввалин дастурҳои тавсиявии библиографиро Саодат Икромӣ маҳз бо ҳамдастии Рина Осиповна Талман соли 1941 тартиб додаст, ки «Армияи Сурх- посбони Ватан», «Михаил Лермонтов» (1941) аз ҷумлаи онҳост.
Ў барои ба низом даровардани феҳристи мақолоти рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ хидмати арзанда кардааст. Номашро ҳамчун поягузори низоми китобшиносии тоҷик ба забон мегиранд, дасти даҳҳо ҷавонони навкорро дар ҷодаи касб рост кардааст.
Бо ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:
-
Дилафрӯз Икромӣ: “Падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд” (Бахши аввал)
-
Дилафрӯз Икромӣ: “Падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд” (Бахши ОХИР)
Сабоҳат ИБРАГИМОВА,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт