Ричард Фрай. Ҷаҳони умумии Эрон ва Ислом

Ричард Фрай. Ҷаҳони умумии Эрон ва Ислом

Ба даштҳо ва бахши шарқии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир нашудааст, вале симои ояндаи тамоми минтақа бо охирин ҳаракати бузурги одамон ба ҷануб муайян мешавад ва аз ин рў мо дар бораи минтақаи марказии Осиёи Марказӣ – Туркистони шарқӣ ва ғарбӣ сухан хоҳем гуфт: туркҳо ба таркиби аҳолии ин ҷо чӣ гуна дигаргунӣ ворид карданд? Дар мавриди муносибати худ бо туркҳо мо бояд каме ба қафо баргардем.

            Қабилаҳои турк ба давлатҳои воҳаҳои бахшҳои шарқӣ ва ғарбии Осиёи Марказӣ ҳанўз дар оғози ҳазорсолаи солшумории мо ворид шуда буданд, вале дар ин бора ба ҷуз манбаъҳои хонаводаҳои чинӣ, ки бештар дар мавриди ҳамлаҳо ва ихтилофҳо ҳикоят мекунанд, дар бораи сокин шудани туркҳо дар воҳаҳо, маълумоти кофӣ надорем. То замони тасарруфи Турфон, Комул ва воҳаҳои дигар аз тарафи уйғурҳо, мо ҳеҷ гуна фарҳанги муқиминишинии вобаста ба туркҳоро пайдо намекунем, зеро пеш аз асри IX қабилаҳои турк ё кўчнишин буданд ё чўпон. Ҳамчунин наметавон иддао кард, ки туркҳо дар шаҳрҳо сокин намешуданд, махсусан дар водиҳои Или ва Чу, аммо ҳукумат ва қудрат ҳамоно дар дасти сардорони қабилаҳо буд. Туркҳо ягона халқе набуданд, ки Туркистони шарқиро ғорат карда, барои ҳамеша дар ин ҷо сокин шуданд.

            Халқи дигар, ки дар ин давра дар таърихи Синтзян нақши муҳим доштааст, тибетиҳо мебошанд, ки аз соли 660 дар тўли беш аз як аср бо чиниён барои нуфуз бар давлатҳои воҳаҳо мубориза карданд. Онҳо баъзан бо туркҳо муттаҳид мешуданд, вале ҳеҷ гоҳ дар ин минтақа нуфузи таъсирбахши худро барқарор накарданд. Дар сарчашмаҳои арабӣ дар бораи фаъолиятҳои тибетиҳо дар Трансоксиана ё Тахористон ба нерўҳои империяи тибетиҳо ва пойтахти онҳо Лҳаса ишора намешавад ва он бештар дар бораи мардумони Қарақорум ва Ҳимолой мебошад. Он чӣ ба мусулмонон тааллуқ дорад, он аст, ки истилоҳи «тибетӣ» истилоҳи умумие буд, ки ба аҳолии марказии бахши шимолии Ҳиндустон ва эҳтимолан танҳо онҳое, ки чеҳраи муғулӣ доштанд, мутааллиқ буд. Чун туркҳо дар саҳнаи таърихи шарқ бартарӣ доштанд, ҳоло мо ба онҳо муроҷиа хоҳем кард.

            Мо аллакай дар бораи шикасти ҳайтолиён аз тарафи нерўҳое, ки маъмулан нахустин хоқони турк хонда мешаванд, зикр кардем. Пас аз ин воқеа хонадонҳои маҳаллии ҳокимони турк пайдо шуданд, ки муҳимтарини онҳо салтанати шоҳони турк дар Кобул буд, ки эҳтимолан дар охири асри VII эҷод шуда буд. Пеш аз ин, чунин чунин ба назар мерасад, ки дар ин ҷо омехтае аз туркҳо ва гурўҳҳои эронизабони ҳайтолӣ мавҷуд буданд. Ба ҳар сурат, туркҳои халаҷ нахустин туркҳои кўчнишини чорводоре мебошанд, ки дар кўҳҳои Афғонистон зиндагӣ мекарданд ва дар сарчашмаҳо сабт шудаанд. Пайдоиши онҳо маълум нест, ҳарчанд баъзе сарчашмаҳои арабӣ ва форсӣ бархости онҳоро аз ҳайтолиён медонанд, вале онҳо дар таърихи ин давра чандон нақше надоштанд. Рақибони аслии арабҳо дар Трансоксиана ҳадди ақал дар замони нахустин салтанати хоқони турк дар Муғулистон ва минтақаи Олтой тургешҳо буданд. Дар соли 766 қарлуқҳо ҷойгузини  тургешҳо шуданд ва иттиҳоди қарлуқҳо ташкил шуд.

            Дувумин салтанати хоқони турк, ки дар замони сардороне чун Тонйукук, Култегин ва Билга-хоқон дар оғози асри VIII тараққӣ карда буд, зиёд тўл накашид ва уйғурҳо лаҷоми қудратро дар Муғулистон ва даштҳо дар соли 744 ба даст гирифтанд. Дар ғарб қарлуқҳоро барои ҳукумат мубориза мекарданд ва душманӣ миёни ин ду қабила барои ҳукумати олӣ бар қабилаҳои турк то замоне давом кард, ки дар соли 840 қирғизҳо давлати уйғурҳоро дар Муғулистон торумор намуданд. Баъзе қабилаҳои турк аз ин муборизаҳо барканор монда буданд. Яке аз чунин қабилаҳо қабилаи оғуз ё ғуз мебошад, ки дар шарқи Баҳри Хазар ба сўи Сирдарё машғули зиндагӣ  ва кўчокўч буданд. Оғузҳо ва қарлуқҳо бо мусулмонон мубориза мекарданд, вале баъдан дар асри Х исломро пазируфтанд.

            Уйғурҳо пас аз шикаст дар Муғулистон нопадид нашуданд, балки дар давлатҳои воҳаҳои ҷанубии ҳавзаи Тарим пас аз соли 840 зуҳур карданд. Ҳанӯз дар наздикии соли 760 хоқони онҳо ба номи Моу-йу тибқи навиштаҳои чинӣ аз суғдҳо дини монавиро қабул кард. Шаҳри дурафтодаи ҷанубии Бешбалик, ки дар шарқи Урумчии кунунӣ ҷойгир буд, пойтахти нави уйғурҳои муқимӣ гардид. Уйғурҳо баъдтар дини худро табдил карданд  ва дини буддоиро пазируфтанд. Уйғурҳо мумкин буд аз тарафи тахориёни Куча ва дигар воҳаҳои канораи ҷанубии ҳавзаи Тарим омезиш ёфта бошад, аммо онҳо забони худро аз сокинони маҳаллӣ гирифтанд. Дар охири ҳазорсола туркисозии Туркистони шарқӣ хеле хуб сурат мегирифт.

            Дар худи ҳамон замон иттиҳоди қабилаҳои қарлуқ дар бахши ғарбии Осиёи Марказӣ ба муборизаҳои дохилии қабилаҳои гуногун ба номҳои яғмо ва чигил гирифтор буд, ки натиҷаи он дар охири асри Х аз тарафи қабилаҳои мухталиф ва бо таъсиси давлате бо номи Қарахониён ё мулки Илекхонҳо поён ёфт, ки мушаххас ва муайян кардани ҳар дуи онҳо муаммоангез аст. Асосгузори давлати нав ва нахустин доҳии пазируфтаи ислом дар баъзе сарчашмаҳо Сатук Буграхон номида шудааст. Тибқи манбаъҳо ў Кошғарро тасхир намуд, ки нахустин маркази Карахониён гардид.

            Мо дар ин ҷо ба тасвири таърихи Қарахониён ва дигар хонадонҳои туркӣ дар Осиёи Марказӣ машғул нахоҳем шуд. Қарахониён бар зиддии уйғурҳои буддоӣ дар шарқ ба ҷанг пардохтанд ва то давраи муғулҳо ислом дар сарзамини уйғурҳо пирўз нашуд. Дар давраи муғулҳо лаҳҷаҳои туркӣ ҷойгузини забонҳои қадимии Туркистони шарқӣ шуданд. Аз тарафи дигар дар ғарби Осиёи Марказӣ забони форсӣ дар шаҳрҳо махсусан Хуҷанд, Самарқанд ва Бухоро бартарӣ дошт ва забонҳои туркӣ натавонистанд ҷои онро бигиранд ва монанди Озарбойҷон раванди туркисозӣ дар минтақаҳои деҳистонӣ паҳншуда набуд. Дар водии Фарғона дар кўҳистони қисмати шарқии Тошканд ва ҷойҳои дигар деҳаҳои форсизабон то ҳанӯз мавҷуднд. Дар минтақаҳои кўҳистонӣ бозмондаи забони суғдӣ ва дигар забонҳои бостонии эронӣ то имрўз вуҷуд доранд.

            Ҳамин тавр, ин раванд дар муқоиса бо густариши туркҳо бештар густариши ислом буд, ки симои ояндаи Осиёи Марказиро то имрўз муайян намуд. Сомониён охирин хонадони эронӣ буданд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳукумат карданд ва соли 1000 поёни хонадони сомониро нишон медиҳад, вале тамаддуни туркиву исломӣ ҷойгузини фарҳанги эрониву исломӣ нашуд. Бештар аз он адаби туркии  исломӣ, ки дар замони Қарахониён оғоз шуда буд ва аз фарҳанги эронӣ реша мегирифт, баъдтар аз тарафи суннати адабии форсӣ ҷазб шуд, дар ҳоле ки адабиёт ва фарҳанги ғайриисломии уйғурҳо охирин зуҳури мероси бостонии Осиёи Марказиро нишон медиҳад. Ин фарҳанги уйғурҳо ҳам дар амвоҷи ислом нопадид шуд.

            Агар мо бихоҳем фарҳанги Осиёи Марказиро дар оғози асри ХII тавсиф кунем, қобили ёдоварист, ки бахши ғарбии Осиёи Марказӣ идомаи фаҳанги ҷаҳони ислом дар Шарқи наздик буд, дар ҳоле ки дар бахши шарқии он фарҳанг танҳо ҷилои зоҳирӣ дошт ва ба тадриҷ ба умқи он ворид мешуд. Албатта, аз нигоҳи сиёсӣ Осиёи Марказӣ бахше аз империяи Русия буд ва бахши шарқӣ ба империяи Чин тааллуқ дошт.

            Дар охири асри ХХ, бо фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ таҳти фишори тамаддуни Ғарб (тамаддуни муосир ва технологишуда) саросари Осиёи Марказӣ дар ихтилофҳои зиёди маҳаллӣ фурў рафта, мехоҳад гузаштаи худро бозсозӣ намояд ва дар рў ба рўи муборизаҳои бисёр ҷиддӣ – дар ростои ҷаҳони дорои миллатҳои гуногун ва технологияи пешрафта мақоми худро пайдо кунад. Ду тамоюл дар ин ҷо вуҷуд дорад: яке пайвастан бо бахшҳои дигари ҷаҳон ва дигаре худмуайянкунии миллӣ, ки ба самти мухолиф мекашад ва ба табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи ҳарҷу марҷ ва ноором таҳдид мекунад. Ҳалли масъалаҳо ё созиш дар миёни ин ду тамоюл масъалаи асосии ояндаи Осиёи Марказӣ мебошад. Албатта, ин танҳо масъалаи Осиёи Марказӣ набуда, балки он ба дигар минтақаҳои ҷаҳон низ тааллуқ дорад ва ҷопуниён дар ин робита мушкилиҳои худро бомуваффақият ҳал карданд. Бо ин ҳол, бисёриҳо бар ин назаранд, ки дар Ҷопун раванди тавозуни ду фарҳанг натиҷаи дугонагии шахсияти фарҳангӣ мебошад, дар ҳоле ки дигарон эътироз менамоянд, ки чунин вазъият на бадбахтӣ, балки хушбахтист.

Созиши фарҳангҳои маҳаллӣ бо фарҳанги ҷаҳонӣ дар воқеъ яке аз масъалаҳои бузург дар оянда аст ва Ориёи Марказӣ бо шавқу рағбат ба ин ин ҷараён кашида шудааст. Фақат вақт метавонад қазоват кунад, ки дар миёни масъалаҳои бешуморе, ки ҷаҳони ояндаро фаро хоҳад гирифт, оё одамон метавонанд ин масъалаи душворро ҳал кунанд.

Ёддоштҳо

  1. Ман мақсад надоштам, ки таърихи туркҳои Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор диҳам, ки он як мавзўи васеъ аст, вале ҳангоми танзими унсурҳои қадимӣ ва пайвастани онҳо бо давраи пеш аз исломӣ, лозим аст, ки ба омили туркӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунем. Барои ошноии бештар нигаред ба фаслҳои гуногуни китоби D. Sinor. ed. The Camdridge History of Earlu Inner Asia. Op cit.
  2. Китоби C. Beckwith. The Tibetan Empire in Central Asia (Princeton, 1987) дар бораи фаъолияти тибетиён дар шимоли Тибет тавзеҳоти хубе медиҳад, вале он дар мавриди аҳамияти тасарруфот ва фаъолиятҳои сиёсии онҳо дар бахши ғарбии минтақаи Тибет муболиға мекунад.

Аз китоби Ричард Нелсон Фрай “Мероси Осиёи Марказӣ. Аз замони бостон то истилои туркҳо”. Душанбе соли 2000. Тарҷума аз англисӣ Баҳриддин Ализода (Т). Муҳаррири матни тоҷикӣ Додхудо Саймиддинов.

Таҳияи Уғул Бобораҳимова,

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон     

МАТЛАБИ ҲАМСОН:

Ричард Фрайро мешиносед?

http://old.kmt.tj/richard-frayro-meshinosed