Меҳмони 82-солаи шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Бобои СайидмуродБобои Сайидмурод, ки ҳамакнун аз баҳори 82-умини умр гул мечинад, субҳи рӯзи чоршанбе ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омад,  то бо гӯшаи китобҳои Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи ордени “Ситораи Президент” Ҳошим Гадо дар ин борагоҳи маърифат ошно шавад.

Бобои Сайидмурод зода ва сокини ноҳияи Нуробод аст. Ихтисосаш омӯзгорӣ ва мегӯяд умре аз ҳамин касб нон хӯрдааст. Муддате мактаби миёнаи рақами 72 ноҳияи Нуробод ҳам будааст.

Вай дар суҳбат бо мо гуфт, ки аз хурдӣ мафтуни ҳунари Ҳошим Гадо буду дар гузашта қариб ҳамаи спектаклҳое, ки ин нобиғаи ҳунар ширкат дошт, дида буд. Ҳошим Гадо ҳоло бознишаста аст, вале ба назар мерасад лаҳзаи орому сокит нест. Баъди бознишастагӣ ба нависандагӣ рӯ овард ва ҳоло ҳудуди 700 ҷилд китоби ӯ рӯи чоп омадааст.

Бобои СайидмуродБобои Сайидмурод гуфт, ки то имрӯз 250 ҷилд китобҳои ин ҳунарманди маъруфро хондааст ва ин ҳамаро дар бойгонии китобхонаи шахсиаш нигоҳ медорад. Ба андешаи ӯ он чи Ҳошим Гадо менависад камтар аз достону повесту роман арзиш надораш. Китобҳояш ҳикмати рӯзанд ва он чӣ иншо кардааст, аз таҷрибаи рӯзгор рӯи коғаз овардааст.

Бобои Сайидмурод гуфт, ки китобҳои Ҳошим Гадо хеле самимианд, бидуни рӯ овардан ба тахайюли нависандагӣ воқеъиятро тавре менависад, ки хонанда наметавонад ба он бовар накунад.

Ин пирамарди 82-сола шунидаст, ки Ҳошим Гадо дар Китобхонаи миллӣ ғуфраи китобҳои худро дорад ва омадааст, ки бо он шинос шавад. Вай гуфт, чун ба ин гӯша ворид шудам, дидам, ки ин ҷо танҳо китоби ӯ нест, балки расму плакатҳои зиёде ҳам аз муҳимтарин лаҳзаҳои ҳунарии ӯ ҷо гирифтаанд. Ҳамчунин ба ӯ гуфтем, ки натанҳо китобҳои ҳунарманди мумтоз, балки филмҳое ҳам, ки бо ширкати ӯ наворбардорӣ шудаанд, дар ин ин шуъа мавҷуданд.

Ин манзара меҳмони моро зиёд шод кард ва гуфт ҳоло бо як ҷаҳон таассурот аз ин боздидаш аз Китобхонаи миллӣ ба Нуробод бармегардад ва ҳатман мавзуи чандрӯза қиссаҳои ӯ барои наздиконаш аз ин сафар хоҳад буд.

Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.