Аз фавти фоҷеабори Сайф Раҳими Афардӣ 24 сол гузашт…

Аз фавташ 24 сол сипарӣ шуд. Беш аз як бистсола ӯ бо мо нест. Ва агар тири қотил ҷонаш намерабуд, мо шоҳиди даҳҳо навиштаи ҷолибу ҷаззоби ӯ мебудем.  Адиби номвару навпардоз, шахсе, ки дар ҳар калима даҳҳо маъно ғунҷондааст, ҳадафи тири афроде қарор гирифт, ки шояд дар умрашон сатре аз адабиёт нахондаанд, шояд байте намедонистанд ва намедонистанд, ки ин ин кирдори разилона миллатро аз кӣ маҳрум мекунанд.

Оре, Сайф Раҳимзоди Афардӣ инсоне буд, ки умре аз адабиёту ҳунар гуфт ва бо даҳҳо китоби нонавишта олами моро фоҷеавӣ тарк кард. Ёдаш ба хайру хонаи охираташ нуронӣ бод!

Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) нависандаи тоҷик 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Дектури (ҳозира Афардӣ) ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1975 шуъбаи рўзноманигории факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Актёри Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи ш. Кўлоб (1969-1970), корманди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ (1974-1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981-1982), мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият» 1983-1987), тарҷумон дар Афғонистон (1987-1988), раиси Кумитаи киносозони ҷумҳурӣ, коргардони кино, коргардон – таҳиягари «Тоҷикфилм» (1989-1995), Раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷиккино» (1995-1997) шуда кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1997 то моҳи майи соли 2000 Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Асарҳояш аз соли 1980 нашр шудаанд. Бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» Афардӣ аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта гардид. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танўр» (1984) вай чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шуҳрате пайдо кард. Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмуаҳои «Аз ёдҳо, азёдҳо» (1987), «Дурўғи Сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки парниён) (1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003), «Чашми саҳар» (2014) ба табъ расиданд.

Ҳарф бизан, баҳорам!

 

Афардӣ услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дорад. Ў ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ нигаристааст. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе тасвир намудааст.

Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Ситораҳои сари танўр», «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чоре» ва ғайра дар фестивал-озмунҳои байналхалқӣ (масалан, кинофестивали Кани Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Афардӣ дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ – Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба халқу давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуд. Бо ташаббуси ў дар ТВТ телевизиони «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардиданд; дар Кумита рўзномаи «Ҷаҳони паём» таъсис ёфт. Хидмати Афардӣ дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» бузург аст.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ соли 1995 Мукофоти адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айниро гирифт. Пас аз вафоташ ў соли 2002 сазовори Мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дониста шуд.

Қиссаҳову ҳикоёти Афардӣ ба забонҳои русиву украинӣ, қазоқиву қирғизӣ, ўзбакӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Аз соли1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

20 майи соли 2000 ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.

Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 187; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 2004. –  Ҷ. 3. – С. 504-505.

АЗ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОНЕД МУТОЛИА НАМОЕД:

Ситораҳои сари танўр: Повест, ҳикоя ва очеркҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 155 с.

Аз ёдҳо азёдҳо: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 224 с.

Виҷдони коммунистӣ: Иншои хонандагон дар мавзуи ҳамдиёрони мо // Машъал. – 1981. – №8. – С. 5.

Решаҳо: Порча аз повест // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 26 ноябр.

Дурўғи сафед: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1989. – №12. – С. 64-78.

Руор: Ҳикоя // Омўзгор. – 1989. – 12 сентябр.

Як нақл: Шеър // Коммунисти Ховалинг. – 1991. – 16 май.

Лаҳзаҳои ширин: Ҳаҷвия // Хатлон. – 1991. – 4 июн.

Аз розҳо… Аз розҳо…: Ҳикоя барои устод Муъмин Қаноат // Ҷумҳурият. – 1993. – 18-19 сентябр.

Додараки фариштаҳо: Қиссае аз асари «Доғистон»-и нависандаи варзида // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 4 ноябр.

Башорат: Порае аз романи нависанда «Таронаҳо ва тавбаҳо» // Адабиёт  ва санъат. – 1994. – 5 ноябр.

Васвасаҳои Зикравайҳ: Ҳикояҳо // Ҷумҳурият. – 1995. – 7 январ.

 «Ман бо хок робита ёфтам…» // Чархи гардун. – 2000. – 1 декабр.

 ДАР БОРАИ АДИБИ МАЪРУФ

Китоби нав: Нашриёти «Молодая гвардия» (Москва) маҷмуаи нависандаи ҷавони тоҷик Сайф Раҳимро бо номи «Звёзды блестят над тануром» ба забони русӣ аз чоп баровард // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 10 сентябр.

Мирзо, С. Инсоне, ки зиндагиаш ҳунар аст: Чанд лаҳза аз рўзгори нависанда ва коргардони синамои тоҷик Сайф Раҳимзод // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 3 октябр.

Раҳим, А. Таваллуде дигар: Сайф Раҳими Афардӣ // Ҷумҳурият. – 2000. – 12 август.

Ҳақназаров, Ш. Падруду пайғом: Ёде аз Сайф Раҳим // Ҷумҳурият. – 2000. – 18 ноябр.

Зоҳир, А. Ёде аз чеҳраи нотакрори адабиёту фарҳанг: 20 октябр зодрўзи Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Истиқлол. – 2009. – 15 октябр.

Раҳимов, С. Тавбатаронаҳои Сайф: Аз рўзгор ва эҷодиёти Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Ҷумҳурият. – 2011. – 19 май.

Раҳимов, С. Кулвори сафари Сайф китоб буду бас: Аз ҳаёт ва фаъолияти рўзноманигор Сайф Раҳимзод // Миллат. – 2012. – 11 июл.

Сафар, У. Як мусофирати зеҳнӣ: Асарҳои нависанда Сайф Раҳими Афардӣ // Ҷумҳурият. – 2013. – 11 апрел.

Сафар, У. Тавбаҳои дардолуд: Ба истиқболи 60-солагии Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2013. – 17 октябр.

Сафар, У. Дар соясори марг: Ёднома бахшида ба 60-солагии нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 14 ноябр.

Сафар, У. Зеҳнпаймудаҳо: Нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Ҷумҳурият. – 2013. – 14 ноябр.

Ҳақназар, Ш. Шабеҳи каҳкашон роҳи ту монд: Ёднома аз Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 3 июл.

Сафар, У. Ман аз заминам, аз хокам: Китоби «Доғҳои офтоб»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ // Ҷумҳурият. – 2015. – 20 ноябр.

Сафар, У. Фалсафаи ишқи зиндагӣ: Андешаҳои муаллиф роҷеъ ба қиссаҳои охирини Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо номи «Хаёл», ки пас аз маргаш дар маҷмуаи «Чашми саҳар» мунташир гардидааст // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 26 ноябр.

Айюб, И. Чеҳраи миллӣ: Сайф Раҳимзоди Афардиро кӣ кушт ва чаро? // ИмрўзNews. – 2018. – 7 феврал.

Таҳияи Истампулод Ормонов
мутахассиси шуъбаи
библиографияи миллӣ