Шингили хотираҳо. Кубоналӣ Абдуллоев дар бораи Дўстмурод Алиев
Аз китоби “Ашкборон”-и Сафар Розиқов навиштаи ҳунарманди варзида Файзалӣ Ҳасанро дар бораи Дӯстмурод Алиев дар сомона чоп карда будем. Дониёр Абдуллозода аз шаҳри Душанбе дар шарҳе навишт, ки ин гуна назарҳо ҷолибанду хушанд ва кош иқдом мешуд, ки навиштаҳои дигаронро ҳам дар бораи ҳунарманди дӯстдошта марҳум Дӯстмурод Алиев меовардем. Хоҳиши хонандаи сомонаро иҷро кардем ва ҳоло рӯ овардаем ба хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон марҳум Қурбоналӣ Абдуллоев.
**** ***** ****
Шингили хотираҳо
Банда яке аз хушбахттарин фарди кишвар ҳастам, ки бо бузургтарин ҳунармандони асри 20-уми миллати тоҷик ҳамдавру ҳаммаслаку ҳамнафас будам. Яке аз ин бузургон Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев мебошанд. Овози рўшану қавӣ, гирову гарми ин ҳунарманди худодод аз гўшаки радио ба қалби навраси банда аз соли 1974 оғоз карда туғён меандохт. Соли 1976 устоди азизро ба сифати базморо ба хонаи ҳамсояамон даъват намуданд. Ба даъват ва охиран таҳдиди волидайн тан надода, чунки пасон чанд мушту шаппотии обдор хўрдан лозим омад, то охири базм бо як нафас, ҳунарнамоии устодро тамошо кардам. Дар дил қарор додам, ки мисли Дўстмуроди Алӣ сароянда мешавам, вассалом.
Таронаи аввалине, ки дар гўшам хона карда буд, ин таронаи «Комсомоли Ленинӣ» буд. Бо розигии Офаридгор соли 1979 дар яке аз рўзҳои гарми тобистон дар базми арўсӣ бори аввал ба сифати сароянда бо устоди гиромӣ вохўрдам. Пас аз хатми базм устод Дўстмурод бо ишораи сарашон маро наздашон хонданд. Бисёр бо меҳрубонӣ таассуроташонро аз ҳунарнамоии банда изҳор намуда, инчунин чанд маслиҳатҳои муфид ҳам доданд, ки то ҳол аз хотирам намераванд.
Қуввату тапиш, ларзишу нолиши садои Дўстмурод Алиев беҳамтост. Ҳунари воло ва ҷозибаи овозаш ҳамагуна ноқисҳои мутрибонро рупўш менамуд.
Сабти консерти ҳисоботие, ки дар «Театри сабз» (Зелённый театр)- и пойтахт соли 1978 барпо шуда ба дастам хўрд. Гўши банда он вақтҳо ба ду овоз ошиқ буд: Аҳмад Зоҳир ва Дўстмурод Алиев. Навори ҳамон консертро гаштаю баргашта гўш мекардам. Ҳар бор дар овозаш чизи наверо ошкор менамудам. Дўстмурод Алиев ва Аҳмад Зоҳир – ин ду хонандаи нотакрору ҷовидон раҳнамои банда дар олами бекарони ҳунар шуданд. Бо гузашти 43 соли фаъолияти ҳунариам ин ду ситораи қутбнамои ман дигар нашудаанд, то ба имрўз.
Боз як рўзеро, ки вуҷуди бандаро такорў намуд, ёд наоварда наметавонам…
Соли 1989 баҳор дар авҷ буд. Аммо устоди азиз маризи шадид буданд. Ҳангоми фориғ будан аз дарсҳои Донишкадаи санъат ба аёдаташон мерафтем. Афсўс, танҳо аз пушти тирезаи беморхона иҷозати дидан буду халос.
Рўзи 16- уми апрели соли 1989 дар ҳайати ансамбли «Ғунча», ки банда роҳбариашро ба дўш доштам, дар Кохи фарҳанги ноҳияи Файзобод бояд ду консерт баргузор мекардем. Дар ҳайати ансамбл инчунин ҳофизони шўҳратманд Сангалӣ Мирзоев ва Сайвалӣ Тоҳиров овозхонӣ мекарданд. Консерти аввал соати 16:00 ва дуюмаш соати 20:00 бояд баргузор мешуд. Ҳангоме, ки автобуси хидматӣ моро ба назди Кохи фарҳанг овард, он тамоман холӣ буд. Одатан ба ҳар куҷое, ки меомадем, аллакай издиҳоми мухлисонро пеш аз оғози консертҳо мушоҳида менамудем, ки пешвозамон мегирифтанд.
Вақте ба бино ворид шудем, он ҷо танҳо як фаррошзанеро бо дидаҳои гиряолуд вохўрдем. Сангалӣ шўхиомез ба он зан муроҷиат намуд, ки мардуми Файзобод магар аз омадани Қубоналиву Сангалӣ бехабаранд? Дар ҷавоб фаррошзан якбора бо садои баланд навҳа сар дода гуфт:-«Магар шумо хабар надоред Дўстмуродҷони мо ҳозиракак ҷон ба офаридгораш таслим кард». Мо ҳамагӣ шах шудем. Мисле, ки хабари оғози ҷанги ядроиро шунида бошем…
Во – вайло, во – вайло! 16- уми апрель, соати 15:30 устод Дўстмурод Алиев ҷон ба ҳақ супориданд. 17-уми апрел бошад ўро ба хок супориданд, аммо танҳо ҷисмашро, чунки рўҳаш, ёдаш, осори беҳамтояш бо ману моҳост.
Мард намирад ба марг,
Марг аз ў ном ҷўст.
Ном чу ҷовид шуд,
Мурданаш осон куҷост!
Намедонам, ки дар вақти ҳаёт буданам ё баъд аз он, ҳофизоне пайдо мешуда бошанд, ки ин ду нобиға; Дўстмурод Алиев ва Аҳмад Зоҳирро ҷой иваз кунанд. Агар пайдо ҳам шаванд, ман онҳоро шогирдони ин ду булбулони нотакрори ҳаёти инсонӣ меҳисобам…
Эй Худованде, ки мулку салтанатҳо з-они туст! Биомурзаш ва аз мартабаи Фирдавс қасраш бидеҳ, ки бениҳоят хоксору хокӣ буд. Омин.
Ба бародари меҳрубону гиромиқадрам Сафарҷон, аҳсантҳои бепоён мегўям, ки рўҳи устодамро шод гардондаасту осори мусиқиашро абадӣ. Розиқов, ки худ санъаткори беҳамтост ба қадри ин ганҷинаи фарҳанги миллат расидааст. Халқ беҳуда нагуфтааст, ки қадри зарро заргар медонад.
Рўҳи бе кинаю покат шод бод, устоди абадзинда!
Аз китоби “Ашкборон”-и Сафар Розиқов таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.