Баҳси истифодаи технологияи муосир дар як конференсия дар Китобхонаи миллӣ

техники-1Бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Китобхонаи миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзию техникӣ» баргузор шуд.

Ин конференсия бо ташаббуси шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқи Китобхонаи миллӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид.

Муаттар Норова доктори илмҳои химия, Сафаргул Одиназода номзади илмҳои математика –физика, Умаралӣ Раҷабалӣ Шамс  номзади илмҳои техникӣ, Ятимзода Содиқ Бақо номзади илмҳои техникӣ, Саидаҳмад Нарзуллоев номзади илмҳои техникӣ ва сарварони раёсату кормандони китобхонаи миллӣ дар он ширкат варзиданд.

Конференсияро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз намуда, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани Пешвои муаззами миллатро дар зарурият ва муҳимияти масъала донист. Салима Раҷабзода ҳамчунин эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро  аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат дар ин самт унвон кард ва гуфт, ки акнун ин озмун дар сартосари кишвар ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

техники-2Муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ доир ба тараққиёт ва инкишофи рўзафзуни техника ва технология дар ҷаҳони муосир андешаронӣ намуда, ба бештар шудани ниёзмандиҳои башарият ҷиҳати омўзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таъкид намуд ва гуфт, ки ин мардумро водор ба он менамояд то ба фароҳам овардани шароит ва омўзиши улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ дошта бошанд.

техники-5Ятимзода Содиқ Бақо, номзади илмҳои техникӣ дар ин конференсия суханронӣ намуда, зикр кард, ки тибқи Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020 дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷўён, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда, аз рўи нақшаи чорабиниҳои тахиягардида тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат баҳри рушди фанҳои зикршуда фаъолият карда истодаанд.

Саидаҳмад Нарзуллоев, номзади илмҳои техникӣ зимни суханронӣ дар конференсияи илмӣ-амалӣ гуфт, ки ҳукумати  кишвар роҳи гузаштан ба ҳукумати электрониро тайи даҳсолаи охир пеша кардааст. Ва он дорои афзалияти зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба вуҷуд меоварад. Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар дар суханронии худ махсусан иброз доштанд: «…бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии  назди Перезиденти Тоҷикистон чораҷўӣ намоянд»

техники-4Дар конференсия гуфта шуд, ки барои рушду такомули илмҳои дақиқ, техникаву технология дар тули 33 соли соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде  ба анҷом расонда шудаанд. Ба таъкиди ширкаткунандагони конференсия зарурати бештари омўзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ барои ҷавонон имрўз пеш омадааст ва бояд онро ба насли наврас тарғиб намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафту шукуфоии он аз ҷавонони қобилиятноку соҳибистеъдод вобастгаии бузург дорад.

Дар поёни конференсияи илмӣ-амалӣ миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт. Конференсия бо супоридани туҳфаҳо аз ҷониби роҳбарияти  Китобхонаи миллӣ ба кори худ поён дод.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.