“Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”. Бахши сеюм
Китобест, ки аз ҷониби донишманди маъруф, марҳум Зафар Мирзоён таълиф шуда ва соли 2020 чоп шудааст. Ин китоб як пурсишу посухест, ки гирдоваранда суол мекунад ва бо истинод ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ посух медиҳад. Яъне, муаллиф посухи ҳар суоли худро аз “Шоҳнома” ҷустааст.
Аспи Рустам – Рахш дар кишвар ягона ва беҳамто буд
Рустам чун 14-сола шуд, барояш аспи бақувват ҷустуҷў карданд.Тамоми галлаҳои Зобулистонро аз пеши Рустам мегузаронданд. Ҳар асперо, ки хуш мекарданд, паҳлавон пушташро бо даст мефишурд, асп шикамашро то ба замин хам мекард. Боре аз наздаш куррае гузашт, ки сумҳояш ба мисли пўлод буданду пайкараш чун шер.
Рустам камандро партофта, курраро ба дом андохт. Модари пилпайкари кура ба сўйи Рустам ҳамла кард. Рустам наъра кашид ва ба сару гардани аспи саркаш мушт зад. Асп ба замин афтода, дубора бархост ва гурехт.
Рустам пушти курраро фишурд, вале курра дар ҷояш устувор истод. Рустам чун бод ба болояш парид ва савор шуд.
Галабон гуфт:
– Агар ту Рустамӣ, ин аспи туст, ки Рахш ном дорад.
Аспи Рустами Дастон шери дарандаро кушт
Боре Рустами паҳлавон пас аз шикор монда шуда, ба хоб меравад. Баногаҳ аз найистон шери жаёне ба тарафи Рахш ва Рустами хобида ҳамла мекунад. Рахш ду пойи пешашро бар сари шер мезанад ва бо дандонҳои тез гардани ўро медаррад. Рустам бедор шуда, дар ҳайрат мемонад.
Бори дигар дар биёбон ба Рустами хобида аждаҳо ҳамла мекунад. Рахш бо сум заминро кўбида, бар сари Рустами хобида хок мепошад, шиҳа мекашад ва ниҳоят Рустамро бедор месозад. Рустам, пас аз задухўрди сахт аждаҳоро мекушад.
Кайхусрав дар синни 10-солагӣ бо гургу гуроз
ва палангу шер меҷангид
Шоҳ Афросиёб Сиёвуши паҳлавон – писари шоҳ Ковусро мекушад. Аз зани Сиёвуш писари паҳлавоне ба дунё меояд. Ў мехоҳад, қасоси падарашро бигирад. Афросиёб аз тарс фармон медиҳад, ки Кайхусрави навзодро ба кўҳ бурда, ба чўпонон бидиҳанд. Кайхусрав аз хурдӣ ба машқу варзиш машғул шуда, дар 10 солагӣ аз чўб камон, аз рўдаи ҳайвонот зеҳ ва аз чўбу пари уқоб тир тайёр мекунад. Вай ба шикори оҳуву нахчир машғул шуда, дар 10 солагӣ бо гуроз ва гург меҷангад. Ў дар ин синну сол палангу шери дарандаро мағлуб месозад.
Кайхусрав бо паҳлавонӣ ва хирадмандӣ шуҳрат ёфта, ба тахти шоҳӣ менишинад.
Рустами Дастон Аквондевро чӣ тарз мағлуб кард?
Шоҳ Кайхусрав ба Рустам нома навишта, таъкид мекунад, ки зудтар назди ў биёяд. Зеро дар чарогоҳ ҳайвони бадҳайбате омада, ҳама чизро нобуд мекунад. Рустам пай мебарад, ки он Аквондев аст. Маънии Аквондев «андешаи бад», яъне ҳиллагару фиребгар аст.
Рустам дар ҷустуҷўи ў хаста шуда, ба хоб меравад. Аквондев аз дур мебинад, ки паҳлавон хоб аст. Вай Рустамро бо қисми замине, ки дар болояш хобида буд, канда ба осмон мебардорад. Аквондев мегўяд: Эй паҳлавон, туро ба замин афканам ё ба баҳр партоям?
Рустам мефаҳмад, ки дев баръакси гуфтаи ў амал мекунад. Рустам мегўяд: «Маро ба баҳр напарто, ки хўроки моҳиён мешавам».
Дев баръакс ўро ба баҳр мепартояд. Рустам шамшерро аз ғилоф кашида, наҳангонро пора мекунад. Сипас ба соҳил шино карда, Рахшро меёбад ва дар пайи ҷустуҷўи дев мешавад. Аквондевро дар лаби чашма дида, бо гурз ба сараш мекўбад. Аквондев кушта мешавад.
Рустами Дастон бо доноиву паҳлавонии худ деви аз ҳама бадҳайбат ва ҳилагар – Аквондевро мағлуб мекунад.
Аз китоби Зафар МИРЗОЁН “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”, таҳияи Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари адабиёти кудакон ва наврасон.
Хонандагони азиз ин китобро метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.