Кампири асотирӣ дар асл кист?
Кампир, кампирак, холакампирак, образи асотирии фолклори тоҷик, намоди зимистон. Тибқи тасаввуроти асотирии сокинони баъзе ноҳияҳо (Ховалинг, Язгулом) кампир тимсоли сармо ва зимистони қаҳратун ба шумор мерафт ва мардум бовар доштанд, ки ў дар айёми Наврўз мемирад.
Дар Язгулом, мувофиқи маълумоти М. С. Андреев, рўзҳои сарди зимистонро «кампир дар ғор» меномиданд ва дар фасли баҳор «вай ба маконаш мерад, мўлҷараш-ба мебиёд» мегуфтанд. Ба ақидаи мардуми Язгулом Кампирдегӣ чил гўшае доштааст, ки он рамзе аз чиллаи зимистон мебошад. Дар ҷашни Наврўз язгуломиҳо хурсандӣ мекарданд, ки Кампир мурд. Инчунин дар арафаи баҳор «кампира гиру дар оташ парто» мегуфтанд.
Дар бисёр ҷойҳо, аз ҷумла водиҳои Рашт ва Ҳисор, зарбулмасали «Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад» роиҷ буда, зери мафҳуми «кампир» на пирзани воқеӣ, балки симои кампири асотириро дар назар доштанд. Дар Яғноб ба ҷои кампир тимсоли сарморо «Холҷун» меномидаанд. Мардуми Яғноб сабаби идомаи сардиҳоро дар он медиданд, ки гўё кампири Холҷун фавтидаасту ўро ба хок насупурдаанд ва аз ин сабаб сармо давомдор мешавад. Баробари дафн кардани Кампир гармӣ ва баҳор фаро мерасад.
Дар миёни тоҷикони Афғонистон низ ривояте ҳаст, ки гўё Бобо наврўз, пирмарде, ки ҳар сол бо омадани баҳор ҷавон мешавад, ба дунболи Холакампирак меояд. Инҳо замоне, ки хеле ҷавон буданд ва таровати баҳорон дар симояшон нуҳуфта буд, бо ҳам ваъдаи издивоҷ низ додаанд. Аз ин рў, ин ҳарду ошиқу маъшуқи ҳамдигаранд ва бо омадани Наврўз Холакампирак худро ороста карда, хешро ё ба об ва ё ба хушкӣ меандозад. Мардум ақида доранд, ки агар Холакампирак бо об афтад, ҳаво боронӣ ва агар ба хушкӣ биафтад, осмон софу офтобӣ мешавад.
Дар баъзе достонҳои эпоси «Гўрғулӣ» симои «Кампири мастон» тасвир шудааст, ки ў пирзане ҷодугар аст ва худро ба ҳар гуна ҷонвару инсон табдил медиҳад. Дар афсонаҳои тоҷикӣ Кампири ҷодугар бо номҳои Кўрбарзангӣ, Пирбарзангӣ, Аҷузкампир, Девкампир ва ғайра ёд мешавад, ки он ба зимистон ва сардиҳо рабт надорад. Тасаввурот дар бораи Кампир ҳамчун намоди зимистон ба ақидаҳои хеле қадимии инсоният – анимизм рафта мерасад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 379. Муаллиф: Д. Раҳимӣ.
Таҳияи Шаҳноза Садирзода,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.