Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 – уми июн
Соли 1826 дар Санкт-Петербург муаррих ва нависандаи рус, муҳаррири маҷаллаҳои «Москва» (1791-1792) ва «Вестник Европы» (1802-1803) Николай Карамзин дар синни 59-солагӣ аз бемории сил даргузашт.
Николай Михайлович Карамзин нависанда ва муаррихи барҷастаи рус, намояндаи давраи сентиментализм (сентиментализм –ҷараёнест дар адабиёти Аврупо ва Амрикои нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 19, ки тасвири ҷанбаҳои эҳсосотро дар мадди аввал мегузошт), узви фахрии Академияи илмҳои императорӣ, ислоҳотгари забони русӣ мебошад. Ў 12 декабри соли 1766 дар вилояти Симбирск таваллуд шудааст. Падараш ашрофзода ва капитани мустаъфӣ буд. Николай то соли 1778 дар хона таълим гирифт ва баъдан ба мактаб-интернати Москва дохил шуд. Пас аз чанд сол ӯро ба хидмати ҳарбӣ ба полки гвардии шаҳри Санкт-Петербург фиристоданд. Аввалин очеркҳои адабиаш маҳз ба ҳамин давраи хидмати ҳарбӣ дахл доранд.
Аз соли 1789 то соли 1790 дар Аврупо сафар карда, дар он ҷо бо И. Кант вохўрд. Баъди ин сафар «Мактубҳои сайёҳи рус»-и Карамзин ўро ҳамчун нависанда машҳур гардонд.
Повести «Лизаи бечора», ки соли 1792 навишта шудааст, ба ў шўҳрати воқеъӣ овард. Пас аз он як қатор маҷмуаҳо, аз ҷумла «Пантеони адабиёти хориҷӣ» ва «Аноидҳо» рўйи чоп омаданд. Маҳз асарҳои Карамзин сентиментализмро ба ҷараёни пешқадами адабии Русия табдил доданд. Император Александри I соли 1803 ўро бо унвони таърихшинос сарфароз гардонд. Дере нагузашта «Ёддоштҳо дар бораи Русияи қадим ва нав дар муносибатҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии он» пайдо шуд. Нависанда мехост бо ин асараш исбот кунад, ки мамлакат ба ислоҳот ва дигаргуниҳо эҳтиёҷ надорад.
Дар соли 1818 китоби «Таърихи давлати Русия» рўйи чоп омад, ки баъдан ба бисёр забонҳои аврупоӣ нашр шуд. Ин асари таърихӣ нависандаро ба подшоҳ наздик кард, бинобар ин вай дере нагузашта ба наздикии дарбори шоҳ кўчид ва дар натиҷа Карамзин то охири умраш пайрави ашаддии ҳокимияти мутлақа гардид.
Соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд Нависандаи халқии Тоҷикистон, намоишноманавис ва тарҷумон Раҳим Ҷалид таваллуд ёфтааст.
Фаъолияти эҷодияш аз соли 1930 сар шуда, нахуст шеър эҷод мекардааст. Ашъораш таҳти тахаллуси «Даҳрӣ» чоп мешуданд. Аввалин маҷмӯаи ашъораш «Мавҷҳои музаффарият» соли 1933 чоп шудааст. Соли 1936 маҷмӯаи новеллаҳояш «Орзу», соли 1939 китоби «Шеърҳо ва ҳикояҳо»-яш, соли 1940 «Ҳиссае аз қиссаҳо»-яш аз чоп баромадаанд.
Баргузидаи навиштаҳояш дар китобҳои «Ҳикояҳои давраи ҷанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Баҳор» (1950), «Ҳикояҳо» (1953, 1954, 1958), «Ҳамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Асарҳо» (дар чор ҷилд; 1967-1971), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Гардиши фалак» (1981), «Ҳикояҳо» (1984), ва «Куллиёт» (дар 3 ҷилд; 1988-1990) чоп шудаанд.
Романи «Одамони ҷовид» (1941-1949) чанд бор рӯи чопро дидааст, ки дар бораи дӯстии халқҳо, душвориҳои бунёди давлати шӯравӣ, муборизаи тоҷикон барои сохти сотсиалистӣ нақл мекунад. Романи дигари нависанда «Шӯроб» (1959-1967) ҷараёни ташаккули синфи коргари тоҷикро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст. Ҳар ду асар ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва бо теъдоди зиёде чоп шудаанд.
Маълумоти бештар дар бораи адиби номвар ин ҷост: Саду сездаҳ соли муаллифи романи “Одамони ҷовид”
Соли 1924 дар Клостернейбург, нависандаи олмонии чех Франтс Кафка дар синни 40-солагӣ бар асари бемории сил даргузашт.
Кафка 3 июли соли 1883 дар Ҷумҳурии Чех ба дунё омадааст.
Бо вуҷуди дўстдори адабиёт буданаш, аксари навиштаҳои Кафка пас аз маргаш нашр шудаанд. Аксари асарҳои нависанда ба забони олмонӣ эҷод гардидаанд. Дар насри ў ҳароси нависанда аз олами беруна, изтироб ва номуайянӣ инъикос ёфтааст. Ҳамин тавр, дар «Мактуб ба падар» ифодаи муносибати Франтс бо падараш инъикос ёфтааст, ки хеле барвақт бо якдигар ногап буданд.
Нависанда дар ҳаёти худ якчанд бор ошиқ шуда буд, вале боре ҳам оиладор нашудааст.
Кафка ниҳоят одами дардманд буд, вале кўшиш мекард, ки ба тамоми бемориҳои худ муқовимат кунад. Дар соли 1917 Кафка ба бемории вазнин (хунравии шуш) мубтало шуд, ки дар натиҷа нависанда гирифтори бемории сил гардид ва бар асари он ҳангоми табобат вафот кард.
Соли 1945 дар Маскав нависанда, мутарҷим, адабиётшиноси рус, барандаи Ҷоизаи ба номи Пушкин (1919), Ҷоизаи дараҷаи аввали Сталин (1943), Викентий Вересаев дар синни 78-солагӣ вафот кард.
Викентий Викентевич 16 январи соли 1867 дар Тула дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Вай ҳанўз замони дар гимназияи классикии Тула таҳсил карданаш ба адабиёт шавқу ҳавас пайдо кард. Соли 1884 гимназияро бо медали нуқра хатм карда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Петербург дохил мешавад. Дар солҳои донишҷӯӣ ӯ аввалин ҳикояҳояшро эҷод мекунад. Дар натиҷа Викентий Вересаев тасмим гирифт, ки нависанда шавад, аммо пас аз хатми факултаи таъриху филология соли 1888 ба факултаи тиббии Донишгоҳи Дорпат дохил шуд.
Тирамоҳи соли 1894 Вересаев повести «Бе роҳ»-ро, ки дар маҷаллаи «Русское богатсво» чоп мешуд, ба охир расонд. Соли 1901 китоби «Ёддоштҳои духтур» нашр шуд, ки ба ў шўҳрати азим овард.
Соли 1904, дар замони ҷанг миёни русҳову ҷопониҳо Вересаев ҳамчун духтури ҳарбӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Очерку ҳикояҳои дар Манҷурия навиштаи ў китоби «Дар бораи ҷанги Ҷопон»-ро ташкил мекунад.
Пас аз инқилоби солҳои 1905-1907, Вересаев аз ғояҳои инқилоб дилсард гардид, ки дар натиҷа тадқиқоти бузурги фалсафию танқидии «Ҳаёти зинда» рўйи чоп омад. Замони оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, Викентий Вересаев боз ҳамчун духтури полк дар Коломна сафарбар гардид, баъд аз он дар роҳи оҳани Маскав отряди тиббии ҳарбиро сарварӣ мекард.
Баъд аз инқилоб романҳои «Ночорӣ», «Хоҳарон», пажўҳишҳои ҳуҷҷатии «Пушкин дар зиндагӣ», «Гогол дар зиндагӣ» ва «Ҳамсафарони Пушкин», ёддоштҳои «Дар ҷавонӣ», «Солҳои донишҷўйӣ» эҷод шудаанд.
Соли 1950 дар деҳаи Дегайии ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) шоир, намоишноманавис ва рӯзноманигори тоҷик Ҷумъа Қувват таваллуд шудааст.
Китоби нахустини Ҷумъа Қувват бо тавсияи курс-конфаронси адибони ҷавони Тоҷикистон (1982) бо номи «Нони гандум» чоп шудааст. Минбаъда китобҳояш «Орзу», «Чодари сабза», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷойи дору», «Пеш аз субҳ», «Корзори сухан», «Ифтихор», «Ваҳдатистон» ва ғайра дар нашриётҳои Душанбеву Хуҷанд чоп шудаанд.
Шеърҳои Ҷумъа Қувват аз ҷониби овозхонони машҳури мамлакат Ҷӯрабек Мурод,Одина Ҳошим, Нигина Рауфова ба оҳанг дароварда шудаанд.
Асарҳои драмавии ӯ «Иҷоракорони сабзазор», «Пеш аз субҳ» ва «Оқилу одил» бо тавсияи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг аз ҷониби Театри халқии ноҳияи Рашт саҳнагузорӣ шудаанд.
Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо ордени «Шараф» ва медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ шудааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1964 дар Ҳелсинки нависандаи фин, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1939 Франс Силланпяя дар синни 75 солагӣ даргузашт.
Эҷодиёти Франс Силланпяя бо шавқ ба ҳаёти деҳот ва алоқамандии инсон бо табиат машҳур аст.
Дар аввалин романи худ «Ҳаёт ва офтоб» нависанда кўшидааст, ки маҳз рўҳи инсонро тасвир кунад. Силланпяя зиндагии орому саодатмандонаи ҷавонони деҳотро тасвир мекунад, ки замони ҷанг дар Аврупо, онҳо аз табиат ва ҳаёти ишқбори худ лаззат мебаранд.
Муаллиф дар достонҳое, ки ба маҷмуаи «Насли инсон дар маҷрои зиндагӣ» дохил шудаанд, саргузашти донишҷўйи камбағалро тасвир намуда, ба мушкилоти иҷтимоӣ қисман дахл кардааст.
Силланпяя дар романи машҳури худ «Қашшоқии порсоёна» (1919) сарчашмаи ҷанги шаҳрвандиро таҳқиқ намуда, кўшиш кардааст, ки ҳиссиёти «сурхҳо»-ро, ки дар Финляндия мағлуб гардиданд, баён кунад.
Дар соли 1923 повести ӯ «Хилту ва Рагнар» нашр шуд, ки як навъ илова ба мавзуи романи «Қашшоқии просоёна» гардид. Повест дар бораи канизе нақл мекунад, ки ўро писари хўҷаин мафтуни худ мекунад ва дар натиҷа ў аз ноумедӣ худро дар кӯл ғарқ мекунад. Мавзуи ошкорои повест боиси баҳои норавшани ҷомеа гардида буд.
Дар солҳои 30-юм романҳои машҳури нависанда «Марҳуми бемаҳал» (1931), «Роҳи мард» (1934) ва «Мардум дар шаби тобистон» (1934) рўйи чоп омаданд.
Романҳои охирини нависанда «Август» (1941) ва «Зебоӣ ва қашшоқии ҳастии башар» (1945) дар бораи рассоме, ки кӯшиши фирор аз ҳаёти ҳаррӯза ва баргаштан ба гузаштаро дорад, тасвир ёфтааст. Онҳо осори хастагӣ, майзадагӣ ва ахлоқии муаллифро инъикос мекунанд. Бо вуҷуди ин муаллиф дар охири романҳо эътиқоди биологиро ба ояндаи равшан нишон медиҳад.
Соли 1992 ношири маҷаллаи «Мэд» ва комиксҳо (комикс – силсилаи расмҳои матндор, ки мазмуну мундарҷаи пайвастае доранд ва дар нимаи асри ХХ дар ИМА хеле маъмул гардида ақидаҳои зӯроварию сангсӯиро тарғиб мекунанд) Уилям М. Гейнс аз дунё гузашт.
Дар навиштани филмномаҳои «Қиссаҳои дахма: Фоҳишахонаи хунин» (1996), «Дунёи аҷиб» (1995), «Қиссаҳои дахма» (1973) ва ғайра, силсилафилми: «Қиссаҳои дахма» (1989-1996), «Аҷоиботи илм» (1997) иштирок кардааст.
Соли 2014 дар Будапешт, дар кӯчаи Остона маросими ифтитоҳи муҷассамаи шоири бузурги қазоқ Абай Қунанбоев баргузор шуд.
Абай Қунанбоев (1845 – 1904), шоири бузурги халқи қазоқ, файласуф – инсонпарвар, оҳангсоз, устоди бузурги каломи бадеӣ ба шумор меравад.