Шиносоӣ бо як китоби “Рубоиёти Умари Хайём”-и толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон

Умари ХайёмҲаким Умари Хайём, ки муаллифи беҳтарин рубоиҳо дар адабиёти классикии форсу тоҷик аст, аз ҷумлаи шоиронест, ки маъруфияти ҷаҳонӣ доранд. Рубоиёти ин нобиғаи ҳама давру замон аз форсӣ ба кулли забонҳои машҳури олам, аз ҷумла, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҳиндӣ, русӣ, туркӣ, узбекӣ ва ғайра тарҷумаву борҳо нашр шудаанд.

Чопи рубоиҳои Хайём ва баргардони онҳо аз хати форсӣ ба крилӣ аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда ва то кунун даҳҳо китоби рубоии шоири маъруф аз ҷониби ноширон ба дасти хонанда расидааст.

Баргардон аз хати форсӣ душвориҳои хос дорад, бахусус баргардони рубоиёти Хайём, ки ҳар нусхаи қаламӣ, дастхат ва ё чопи сангӣ бо иловаву изофаву афзуданҳои лозиму нолозим дастрас шуда ва ин кори донишмандону матншиносонро мушкил кардааст.

Китобе, ки соли 2018  бо ибтикори вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст, як талоши дигари ислоҳи рубоиҳои иштибоҳроҳёфтаи Умари Хайём аст. Дар ин амали хайр Алишери Муҳаммадӣ, Умарҷони Эмомалӣ (баргардонанда) ва Мубашшир Акбарзод (муҳаррир) саҳм доранд. Нусхае аз ин китоб дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад, ки хонандагон ҳар вақт мехоҳанд метавонанд аз он истифода кунанд.

Китоб бо сарсухани донишманди тоҷик Мубашшир Акбарзод рӯи чоп омадааст, ки лозим донистем онро ба хонандагони худ ошно созем.

ПЕШГУФТОР

УМАРИ  ХАЙЁМ агарчи аслан  олими ситорашинос аст, дар  миёни аҳли  адаб  ва  ҳаводорони адабиёти куҳансоли  форсӣ- тоҷикӣ ба унвони  шоири рубоисаро шинохта  шудааст. Ў  аҳёнан ба сурудани рубоӣ  мепардохт ва  андешаҳои  фалсафии худро дар ин қолаб баён  мекард. Рубоиёти ваӣ  аз  замони зиндагияш то  ба  имрўз ба тариқи навишторию шифоҳӣ расидааст. Тавре ки аҳли таҳқиқ маълум  кардаанд, аз ў  рубоии зиёде боқӣ  намондааст. Вале баъд аз даргузашти  Хайём  котибону  хушнависон аз роҳи ишқу алоқае, ки  ба ин рубоиёт доштаанд, ё аз худ, ё аз дигарон ба шумораи онҳо  афзудаанд. Аз ин рў, теъдоди ин рубоиёт дар китобу маҷмўаҳо  гуногун ба назар мерасад.

Маҷмўаи  мавриди истифода дар заминаи китобе, ки соли 1319 ҳ.қ. баробари 1901  милодӣ  ба  қалами котиб  Абдуссамади Табрезӣ  китобат шудаву  дар  Истанбул  бо  хатти  форсӣ  ба табъ расидааст  ва намунаи ашъори чанд шоирро дар  бар мегирад, ба чоп  омода  гардид, ки нияти  хайр  ва  сазовори таҳсин аст. Бояд гуфт, ки  маҷмўаи мавриди назар хеле хуб  баргардонӣ карда шудааст, ки ин аз  шеърфаҳмию завқи дарроки  таҳиягарон гувоҳӣ медиҳад. Вале як нигоҳи иҷмолӣ ба ин ашъор бармало мекунад,ки нусхаи хаттӣ  аз иштибоҳот  орӣ  нест. Ғалатҳо  гуногунанд: забти нодурусти  вожаҳо, афтодагӣ дар матни ашъор, қофияҳои ғалат ва ниҳоят ба номи Хайём нисбат додани рубоиёти шоирони дигар. Ин  ғалатҳо дар рубоиёти шумораи 14, 46, 81, 107, 240, 243, 247, 249, 396… ба мушоҳида мерасанд.

Баъзе  ғалатҳо, ки аз қалами котиб сар зада буд, аз рўи  нусхаҳои чопшудаи  рубоиёти  шоир ба қадри имкон дуруст карда шуд, то ки  нусхаи ҳозир бо ғалатҳо ба дасти  хонанда  нарасад. Ба таври мисол, рубоии зер:

Май  гарчи ба  шаръ зиштном аст, хуш аст,

Чун  дар кафат (?) шоҳиде ғулом аст, хуш аст.

Талх  асту  ҳаром  асту  хушам меояд,

Дерест, ки то ҳар чӣ  ҳаром  аст, хуш аст.

Паӣдост, ки  ба  сабаби афзуда  шудани ҳиҷое  вазни мисраи дувум хароб шудааст. Бино бар ин, он чунин ислоҳ карда шуд:

                 Чун  дар  кафи  шоҳиде ғулом  аст, хуш  аст.                         

Рубоии  дигар:

Аз  ҳарза  ба  ҳар  даре ҳамебояд (?) тохт,

Бо  неку  бади  замона  мебояд  сохт.

Аз  тосаки  чарху  каъбатайни  тақдир

Ҳар  нақш, ки  пайдо  шавад, он бояд сохт.(?)

Аз  он  ки  қофияву  маънӣ  хароб  шудааст, рубоии  мазкур ба  тариқи зайл  дуруст  карда  шуд:

              Аз  ҳарза  ба  ҳар  даре намебояд  тохт,

              Бо  неку  бади  замона  мебояд  сохт.

                Аз  тосаки  чарху  каъбатайни тақдир

                Ҳар  нақш, ки  пайдо  шавад, он  бояд бохт.

Ин  гуна  намунаҳо дар нусхаи  хатии  рубоиёти  Хайём  ҷо-ҷо ба назар расид, ки  бо такя  ба мантиқи сухан  дуруст  карда  шуд. Албатта, чопи  ҳозир  чопи  илмию  интиқодии ин  маҷмўа нест, ки ба  тамоми талаботи  матншиносӣ  ҷавобгў   бошад, танҳо  талоше  барои  муаррифии  маҷмўаи  рубоиётест, ки  ба номи  Хайём омадааст. Кўшиши  ба  хатти  кириллӣ  баргардон   кардану ба хонандаи  имрўзӣ   дастрас  намудани  осори  гузаштагон   кори  хайру  савоб   ва шоистаи  қадршиносист, ки  аҳли  илму  адаб ва дўстдорони  адабиёт  бо  ишқу  алоқаи   хоссе  ба анҷом мерасонанд.

Ин  маҷмўа  бо  ташаббусу   дастгирӣ ва сарпарастии  марди адабдўсту  фарҳангпарвар,  вазири  муҳтарами  корҳои  дохилаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Рамазон  Раҳимзода  Ҳамро ва  дар  асоси нусхаи  хаттии  маҳфуз   дар  китобхонаи  шахсии эшон ба  табъ   мерасад, ки  иқдоми  хубест  дар  роҳи  ошноии  бештари  хонандагон   ба  рубоиёти  Ҳаким  Умари  Хайём.

Мубашшир  Акбарзод

Таҳияи Зарина ЗИЁВУДДИНОВА, мутахассиси  шуъбаи адабиёти

 кӯдакон  ва  наврасон.