Рӯбобнавозони тоҷик дар Чернобил

Рӯбобнавозони тоҷикДастаи 32 нафараи рӯбобнавозони “Чаман” – и  Филармонияи  давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи қурбониёни садамаи Чернобил ба шумор мераванд.  Муслима Боқиева, як бонуи рӯбобнавози тоҷик, ки дар ҳайати дастаи “Чаман” барои болидарӯҳ сохтани низомиёни бартарафсозии садамаи Чернобил, ҳунарнамоӣ доштааст, мегӯяд боиси ифтихор аст, ки мо дӯшодӯши бародарони украин дар бартарафсозии оқибатҳои ин садама саҳм доштаем. Дар ин маврид, ки оё барои  онҳо ҳақеро ҷиҳати ширкаташон дар бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Чернобил касе қоил аст, гуфт: ҳамон дар ҷумҳурии Украина ба ифтихорнома тақдир шуда буд ва ба хотири гузашти 20 сол аз сар задани ин фоҷиа барои дувуми бор аз сӯи бунёди ширкатдорони Чернобил дар Душанбе бо нишон ва ифтихорнома қадрдонӣ шудем.

Ба гуфтаи иштирокчиён акнун онҳо соҳиби шаҳодатномаи иштирокчии Чернобил шудаанд, ки бо доштани он  аз табобати ройгон истифода хоҳанд бурд. Чуноне, ки роҳбари бадеии даста Ҳаётой Муминова мегӯяд, бо ба хотир овардани рӯзҳои сафарашон дар се рӯзи қабл аз ин садама, ки якбора дар рӯзи сафари ҳунарии мо буд, ки барқ қатъ гардид ва дар даҳ – дувоздаҳ рӯзи дигар низ он барқарор нашуд.

Дар мавриди бозгашт ба ватан бошад, ба мо дастур шуд, ки дар ҳамон ҷо боз бимонем ва ҳеҷ воҳима барнаангезем. Ҳамин тариқ дастаи рӯбонавозони  тоҷик ғамшарики фоҷиаи Чернобил гардид ва ҳафтаҳо барои ҳарбиён  консерт баргузор кард, ҳатто пешгомтар аз дастаҳои русӣ. Дар ҳафтаи баъди он овозхони шинохтаи Русия Алла Пугачёва барои  намоиши консерт ба Чернобил омад. Аммо сабаб чӣ шуд, ки дар таърихи сабти асноди ин садама номи дастаи  рӯбобнавозони “Чаман”  сабт нагардид ва дар баробари дигар ширкатдорони ин садама шинохта нашуданд?

Навои рубоби ҷавондухтарони тоҷик, ки аксарият 22-23 сол умр доштанд, дар фазои  пурдаҳшати мавзеи садама занг хӯрд, агарчӣ ҷисми нозуки ин гулдухтарон занги ҳавои олудаи  Чернобилро хӯрда буд!

Аз китоби Ҳабиб Сулаймонӣ ва Мирзоаҳмад Нуров “Ифтихори миллат”, таҳияи Салима Одинаева.

Ин китоб соли 2009 чоп шудааст ва хоҳишмндон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.