Ҷумъабой Азизқулов дар бораи Ҷумъа Одина
Имрӯз зодрӯзи суханвару суханшинос ва донишманди маъруф Ҷӯмъабой Азизқулов аст. Ҷумъабой Азизқулов – олим, пажӯҳишгар, донишноманавис, тарҷумони тоҷик 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Баъдан ходими илмии пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррири илмӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик будааст.
Соли 1974 дар мавзӯи «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст.
«Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд.Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Ҷумъабой Азизқулов 13 августи соли 2021 дар синни 87-солагӣ аз олам рафт.
Ҳоло бахше аз мақолаи марҳум “Шиносоии ман бо Ҷумъа Одина”-ро меорем ва ҳамзамон аз шумо, хонандаҳои азиз хоҳиш мекунем идомаи ин мақолаи хубро аз китоби донишманди тоҷик Ҷумъабой Азизқулов “Андӯхти рӯзгор” бихонед. Ин китоб соли 2014 чоп шуда, нусхае аз он дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мавҷуд мебошад.
ШИНОСОИИ МАН БО ҶУМЪА ОДИНА
Моҳи сентябри соли 1947 ба мактаби ҳафтсолаи деҳаи Панҷрўд ба ҳайси муаллими забони русӣ тоҷикписари сабзинае ба кор сар кард. То ин дам ҷавонзанони рустаборе аз ин фан дарс медоданд, ки онҳо маъмулан ҳамсари ягон нафар тоҷики аз ҷанг баргашта буданд. Муаллими нав, ки тоҷикписар буд, тасаввури ҳамаро доир ба муаллими забони русӣ такон дод, зеро русидонӣ ба назари одамон як неъмати дастнорасе буд, хусусан ки муаллими мо аз ҷумлаи русигўёне буд, ки овози «г»-ро «ҳ» талаффуз мекард (масалан дар нутқаш таъбири «изменение глагола»-ро «изменение ҳлагола» мегуфт) ва алфози тоҷикиро ба лаҳне талаффуз мекард, ки гўё ғайри тоҷики навомўзе бошад.
Одатан дар ҷомиа каси наве, ки пайдо шуд, мардум таҳту бунёдашро ҷустуҷў мекунанд. Дере нагузашта аҳли деҳа маълум карданд, ки муаллими нав писари Қараи Одинаи нигнотии ҳамсоядеҳаашон будааст, ки хонадонашон ба наздикӣ аз бадарға озод шудааст. Қараи Одина дар давраи колхозсозӣ чун баъзе дигар киштўдиҳои мо ҳамчун «кулак»-у «унсур» таъбид гардида, ба шимоли Қафқоз рафта буд. «Киштўд» номи пешинаи дараи деҳоти ҷамоатҳои ҳозираи Ворўю Рўдакист.
Муаллими нав – Ҷумъабой Одинаев, ки баъди тарҷумони касбиву нависанда гардиданаш бо номи Ҷумъа Одина шўҳратёр шуд, бо бародари калони ман Рустам Азизқулови низ муаллими мактаби ҳафтсолаи деҳа унс гирифт ва онҳо тарҳи дўстӣ афканданд, ки ҳамин дўстиву ихлосмандӣ то лаҳзаи охири ҳаёташон барқарор буд. Баъди ба поён расидани соли таҳсил ҳар ду муаллими ҷавон ба шуъбаи ғоибонаи Омўзишгоҳи Омўзгории Панҷакент дохил шуданд ба баъди хатми таҳсили омўзишгоҳ боз ҳар ду ба шуъбаи таҳсили рўзонаи Донишкадаи дусолаи муаллимии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Самарқанд ба хондан рафтанд.
Муаллим Ҷумъабой Қараевич Одинаев хушсаводу зирак буд, ба далели ҳамин зиракиаш воқиаеро аз давраи муаллимиаш дар Панҷрўд ёдовар мешавам. Тобистони соли 1948 роҳбарони ҳамонвақтаи колхози Панҷрўд (он солҳо ҳар деҳа колхози мустақиле дошт) дастгоҳи аз шир саршир, рўи шир, сипас маска ҷудо кардан – сепаратори дастӣ харида оварданд, то кори фермаҳои чорводориро як дараҷа сабук гардонанд. Вале дар колхоз касе набуд, ки принсипи кори ин дастгоҳро донаду аз он баҳра бардорад. Бародари ман гуфт, ки рафта Одинаев ва модарашро меоварам. Онҳо, ки чандин сол дар Русия умр ба сар бурдаанд, бояд кор фармудни ин дастгоҳро донанд. Муаллим Одинаев бе модараш танҳо омад. Азбаски муаллимон ба таътил баромада буданд, Одинаев ҳамроҳи бародарам чанд рўз меҳмони чорводорон шуданд. Мани талаба, ки бузғолабону дастёри овул будам, ҳамроҳашон рафтам. Овул дар Искорон ном айлоқи офтобрўяи деҳа буд.
Муаллими ҳамадон қуттиро кушод, қисмҳои дастгоҳро шуста пок кард, мураттаб рўи ҳам гузошта олате барпо кард ва фармуд, ки ширро ба деги сари он резанд ва мурватро тоб додан гирифт. Аз новаҳои муқобили ҳам шир – дўғ ва саршир (қаймоқ) рехтан гирифт. Усто тарзи кори дастгоҳро ба бойбучаҳо – занони ширдўши колхоз фаҳмондаву нишон дода ба хонааш баргашт.
Баъд аз гузашти солҳо дар Душанбе аз акаи Ҷумъабой пурсон шудам, ки: Оё тарзи кори он дастгоҳро дар Қафқоз ёд гирифта будед?
– Не, гуфт, – он дастгоҳро бори нахуст дар овули шумо дидам.
Гуфтам: – Пас, ба чӣ тариқ дилпурона ба кор андохтедаш?
Бо табассум ҷавоб гардонд, ки: «Одамро ақлу гўсоларо дум» – дар дохили қуттӣ як дафтари дастурамал ҳам буд. Аз рўи он ҷобаҷо карда ба кор андохтам.
Барои истифода бурдан аз ҳамон дастурамали раҳнамо фаҳмиши техникӣ мебоист, инчунин саводи русидонӣ ҳам лозим буд, ки дар он солҳо дар кўҳистони мо ҳар ду тухми анқо буд…
Таҳияи: Барно Саидмуродова
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.