Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10-уми июн

Як-рузи-таърих-10-06-2024Соли 1580 дар Лиссабон  шоири португалӣ Луис де Камоэнс аз дунё гузашт. Луис де Камоэнс дар оилаи хурдамлоки фақир ба дунё омадааст. Ў Донишгоҳи Коимбраро хатм кардааст. Луис ба ҷамъияти асилзодагони Лиссабон аъзо шуд, ки дар натиҷа ба дарбориёни шоҳ наздикӣ пайдо кард.

Оғози бадбахтиҳои ӯ аз муҳаббат ба Кэтрин де Атаида, хоҳари дӯстдоштаи шоҳ Ҷон III Дон Антонио сар задааст. Баъди соли 1545 аз Лиссабон ба Рибатейо бадарға шуд. Шомили экспедитсияи баҳрӣ ба Ҳиндустон гардид. Вай мехост, ки бо хидматҳои ҳарбиаш дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад, бинобар ин ба Африқо ба мубориза алайҳи мағрибиҳо рафт. Дар яке аз набардҳо сахт захмӣ шуд ва аз як чашм маҳрум гардид.

Дар ватани худ эътироф наёфт ва соли 1553 ба Ҳиндустон сафар кард. Муносибати ў бо губернатори Гоа бе натиҷа буданд. Бинобар ин Камойес ба Макао, аввалин колонияи Португалия дар Чин рафт. Вай тўли шаш соли дар Макао буданаш сарвати зиёд ҷамъ кард ва аз ҳама муҳимаш асари баргузидаи худ – достони «Лузиадҳо»-ро эҷод кард.

Баъди бозгашт ба Гоа сафинаи Камойес  ба садама гирифор шуд, ки дар натиҷа шоир ҳама сарваташро аз даст дод ва аз мавҷҳо танҳо бо дастнависи достонаш баромад.

Дар Ҳиндустон мусибатҳои зиёдеро аз cap гузаронда, соли 1569 ба Лиссабон баргашт. Соли 1572 достони «Лузиадҳо» ду маротиба ба табъ расид ва муваффақияти зиёд ба бор овард. Вале новобаста аз ин, Камойес солҳои охири ҳаёташро дар фақирӣ ба сар бурд.

Соли 1632 дар Пернес-ле-Фонтен воиз ва нависандаи фаронсавӣ Эсприт Флешер таваллуд шудааст.

Луис КоломаСоли 1915 дар Мадрид нависандаи испанӣ Луис Колома дар синни 64-солагӣ даргузашт.

Падари Луис Колома, Рамон Колома Гарсес табиби маъруф буд. Соли 1863, дар синни 12-солагӣ, Луис ба Академияи баҳрии Сан-Фернандо ва баъдтар, соли 1868  ба Донишгоҳи Севиля дохил шуда,  касби ҳуқуқшиносиро аз худ кард ва дараҷаи тахассусӣ гирифт.

Луис Колома дар асарҳои адабии худ инқилобро маҳкум мекунад. Ҳамзамон бо нависандаи маъруфи испанӣ Сесилия Белле де Фабер (1796-1877), ки бо тахаллуси Фернан Кабалеро маъруф аст, вохӯрда дӯстӣ пайдо кард. Сипас ӯ ба Мадрид кӯчид ва дар он ҷо дар идораи ҳуқуқшинос Хиларио Пина ба ҳайси таҷрибаомӯз ба кор шурӯъ кард. Вай инчунин ба ҳайси мухбир  фаъолият ва бо рӯзномаҳои гуногун ҳамкорӣ кардааст. Дере нагузашат рӯзноманигориро тарк кард ва худро комилан ба адабиёт бахшид. Вай бо ҳикояҳо ва новеллаҳои диниву пандомези худ баромад мекард.

Дар романи «Pequeñeces» (1891) ў бо иқтидор ва рангорангии аҷиб, ахлоқи ҷомеаи болоиро дар Мадрид тасвир кардааст.  Инчунин асарҳои «Juan Miseria» (1891), «Por un piojo» (1894), «La reina martir» (1901); «Nuevas lecturas» (1902), «Cuentos para ninos» (1889, афсонаҳо) эҷод кардааст. Луис Колома соли 1908 узви Академияи шоҳии забони испанӣ шуд. Маҷмӯаи осори Колома 19 ҷилдро дар бар мегирад. Он соли 1942 аз ҷониби як нашриёти Мадрид нашр шудааст, ки аз 2 роман, 41 ҳикоя, 6 зиндагиномаи таърихӣ, 2 китоби мазҳабиву академӣ иборат аст.

Соли 1915 дар шаҳри Лачини Квебек нависандаи амрикоӣ Соул Беллоу, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1976 ба дунё омадааст.

Квебек дар оилаи русу яҳудӣ  таваллуд шуда, дар маҳаллаҳои фақирнишини Монреал ва Чикаго ба воя расидааст. Соли 1937 Донишкадаи  Шимолу Ғарбиро хатм кардааст.

Асарҳои ў бештар масъалаҳои бузурги фалсафиро мекушоданд: ҷустуҷўи маънӣ, зиддиятҳои бенизомии ахлоқ ва ҷустуҷўи ахлоқи ҳамида, зиддият миёни шахсони эҷодкор ва баъзан бепарвоие, ки оламу одамро ба гумроҳӣ мебарад.

Соул Беллоу яке аз барҷастатарин нависандагони асри ХХ буд, ки дар соли 1976 сазовори ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид.

Романҳои барҷастаи ӯ «Инсон миёни осмону замин» (1994), «Лаҳзаро дарёбед» (1956), «Ҳендерсон ҳокими борон» (1959), «Тӯҳфаи Ҳумболдт» (1975), «Декабри декан» (1982), Равелштайн (2000) ба шумор мераванд.

Соли 1933 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд адиби маъруф, Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ ба дунё омад. Дар бораи Аминҷон Шукӯҳӣ матлаби вижа дар сомона дорем, ки лутфан ба он таваҷҷуҳ кунед.

Ҷумъабой АзизқуловСоли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент донишманд ва тарҷумони тоҷик Ҷумъабой Азизқулов ба ҷаҳон омадааст. Соли 1974 «дар мавзӯи «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст.

«Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд.

Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ҷумъабой Азизқулов 13 августи соли 2021 аз олам даргузашт.

Сигрид УнсетСоли 1949 дар Лиллехаммер нависандаи норвежӣ Сигрид Унсет барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1928 дар синни 67-солагӣ вафот кард.

Соли 1919 Унсет бо аҳли оилааш дар Лиллехаммер, ки дар 130 километр шимолтар аз Кристиания воқеъ аст, маскан гирифтанд.  Дар ин ҷо давраи нави пурсамартарин дар ҳаёт ва фаъолияти нависанда оғоз мешавад. Маҳз дар ҳамин давра асари асосии Унсет – сегонаи  таърихии «Кристина духтари Лавран», ки аз се роман «Тоҷ» (1920), «Соҳибхона» (1921) ва «Салиб» (1922) иборат аст, эҷод шудааст.

Нависанда бо тасвири дақиқи таърихӣ ва ҳаёту рўзгори норвегӣ дар солҳои 1310 то 1349 тавонистааст драмаи психологию фалсафие эҷод кунад, ки дар он аз сарнавишти қаҳрамони асосӣ Кристин нақл мекунад. Бо амалӣ шудани орзуҳои худ, бар хилофи асосҳои ҷомеа, Кристин бо паҳлӯи дигари озодӣ – масъулияти он рўбарў мешавад. Дар хотимаи сегона қаҳрамон хушбахтӣ ва оромиро дар фидокорӣ мебинад.

Романҳои таърихии Унсет, мушкилоти равонӣ ва фалсафии ба хонандагони асри ХХ наздикро ба миён гузоштаанд, ки дар айни замон заминаҳои таърихии асримиёнагӣ ба таври олиҷаноб тасвир ёфтаанд ва аз ҷониби мунаққидону аҳли ҷомеа бо шавқ пазируфта шуданд.

Соли 1928 Унсет “барои тавсифи комили асрҳои миёнаи Норвегия” ҷоизаи Нобел дар бахши адабиётро сазовор шуд.

Нависанда тамоми маблағи ҷоизаро хайр кардааст: 80 ҳазор крон – идрор (стипендия) барои кӯдакони лаёқатманд; 60 ҳазор крон – таъсиси мактабҳо барои кӯдакони оилаҳои католикии камбизоат норвегӣ; 60 ҳазор крон – барои дастгирии нависандагони ҷавони норвегӣ.

Соли 1952 дар Ҳолливуд иёлати Калифорния нависандаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлӣ, барандаи ҷоизаи Nebula ва Locus, Кейҷ Бейкер ба дунё омадааст.

Модари Кейҷ рассом ва падараш хаткашон буд. Кейҷ дар як мусоҳиба дар бораи давраи кӯдакиаш чунин мегӯяд: “Модарам орзу дошт, ки нависанда шавам ва аз синни чаҳорсолагӣ маро ба ин раҳнамоӣ мекард. Ў доимо бо овози баланд бароям китоб мехонд. Ҳамчунин замоне маро аъзои китобхона кард, ки зери мизҳои китобдор озод рафтуо мекардам. Аз хурдӣ бо китобхонӣ ба воя расидам ва боварии комил доштам, дар оянда на танҳо китоб мехонам балки онро худам эҷод мекунам. Хулоса замоне, ки ба воя расидам аз ин кор саркашӣ кардам.  Вале дар ниҳоят дарк намудам, ки чӣ тавр дар назди модарам гунаҳкорам,  чунки ҳақ ба ҷониби ў буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам,  ба эҷод машғул шавам”.

Пеш аз он ки Кейҷ нависанда шавад, вай рассом-ороишгар буд, расмҳои деворӣ мекашид ва боз дар якчанд ҷойи дигар кор мекард. Кейҷ Бейкер аввалин асари худ «Noble Mold»-ро соли 1997 дар маҷаллаи «Asimov’s Science Fiction» чоп кардааст. Аз ҳамон давра, ки қиссаҳои ҷолиби ў дар ин маҷалла нашр мешуданд, мухлисони зиёд пайдо карда буд. Соли 1997 романи аввалини  нависанда “Дар боғи Адан ба табъ расид. Бо ин асарҳо силсилаи бузурги тахайюлии нависанда «Ширкат» оғоз гардид, ки аз ҳашт роман ва беш аз сӣ повесту ҳикоя иборат аст. Он дар бораи як гурӯҳ сайёҳони замони ҷовидонаи асри 24 нақл мекунад.

31-уми январи соли 2010 аз олам рафт.

Соли 1959 дар Ленинград, нависандаи шӯравӣ, муаллифи асарҳои кӯдакона Виталий Бианки, дар синни 65-солагӣ даргузашт. Виталий Бианчи 11 феврали соли 1894 дар Санкт-Петербург ба дунё омадааст. Пас аз хатми гимназия ба шӯъбаи табиатшиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург дохил шуд. Аммо нақшаҳои ўро Ҷанги якуми ҷаҳон халалдор кард ва соли 1916 ҷавонро ба ҷабҳа сафарбар карданд.

Баъди Инқилоби Октябр Виталий Валентинович чанд сол дар Олтой, дар шаҳри Бийск зиндагӣ кард. Дар ин ҷо нависанда парандашиносӣ таълим медод, дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ кор мекард, мактаббачагонро бо асосҳои биология ошно менамуд, экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, барои бачаҳо ҳикоя менавишт. Виталий ҳаёти ҳайвонотро мушоҳида карда, дар дафтари худ ҳар гуна қайдҳо мекард ва деру нагузашта ин ишораҳо асоси асарҳои ўро дар бораи табиат ташкил карданд. Эҷодиёти муаллиф беш аз 300 афсона, повест, мақола ва ҳикояҳо иборат аст, ки 120 китобаш нашр шудааст.

Истеъдоди адабии Виталий Бианки соли 1922 баъди аз Олтой ба зодгоҳаш баргаштан нашъунамо ёфт. Вай дар Ленинград ба доираи адибони бачагонаи Самуил Маршак афтода, ба офаридани олами саршори хониши парандагон, сабзиши майса ва саргузашти ҳайвонот саргарм шуд. Хонандагони хурдсол ба афсонаи аввалини «Сафари гунҷишки сурх» баҳои баланд доданд, ки дар ҷавоб як қатор китобҳои алоҳида: «Хоначаҳои ҷангал», «Мушак Пик», «Бинии ки беҳтар аст?»  подош гирифтанд.

Ҷуёи СамарқандӣСоли 1960 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд шоир, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Ҷӯёи Самарқандӣ (Раҳимов Бадриддин Одинаевич) таваллуд шуд. Аз соли 1991 то имрӯз дар идораҳои гуногуни матбуоти ҷумҳурӣ фаъолият мебарад.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Тирамоҳи ормонҳо» (1992), «Фарёдҳои бесадо» (1997), «Аз шаҳри ёдҳо» (2002), «Суфраи шеър» (дафтари аввал – 2007; дафтари дувум – 2011) мебошад.

Намунаҳоеро аз осори манзуму мансури Иля Чавчавадзе, Важа Пшавела, Галактион Табидзе, Титсиан Табидзе, Нодар Думбадзе, Радий Фиш, Олжас Сулаймонов, Евгений Евтушенко, Вилям Фолкнер, Эрнест Ҳемингуэй, Чингиз Айтматов, Чабуа Амирэҷиби, Лу Син, Дмитрий Лихачёв ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, дар тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олии ҷумҳурӣ ширкат варзидааст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистон (1996) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2004) аст.

Соли 1972 дар шаҳри Кобул шоир, нависанда, пажӯҳишгари аҳли Афғонистон Ҳоруни Роъун (Муҳаммадҳоруни Муҳаммадшариф) ба таваллуд шуд. Таҳсилоти аввалияро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Муддате бо аҳли хонаводааш дар Эрону Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Ҳоло муқими Канада мебошад.

Муаллифи китобҳои ашъори «Бе боғбон» (Душанбе, 1999), «Бирка дар оташ» (Душанбе, 2002), «Қаламрави муҳраҳо» (Кобул, 2003), «Агар дубора наойӣ» (Кобул, 2003), «Муборакбод» (Кобул, 2004), «Маҷмӯаи мақолот оид ба шеъру адабиёт» (Душанбе, 2002) мебошад.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Луис ЛамурСоли 1988 дар Лос-Анҷелос нависандаи амрикоӣ Луис Ламур аз олам гузашт.

Луис Дарборн Ламур дар Ҷеймстаун, Дакотаи Шимолӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш байтор, дӯстдори аспу саг ва варзишгари маъруф буд, ки ба писаронаш боксро меомӯхт. Модараш ҳамчун китобдўст ва ровии бузург шинохта мешуд. Дар хонаи онҳо китобхонаи иборат аз 300 китоб мавҷуд буд ва Луиси ҷавон бо шавқ онҳоро мутолиа мекард. Вай ба китобхонаи шаҳр низ тез-тез меомад.  Бештар асарҳои Шекспир,  Зен Грей, Чарлз Диккенс ва Ҷек Лондонро мутолиа мекард – хонданро хеле дӯст медошт.

Аввалин романи худро зери унвони «Гузариш ба Ғарб» соли 1950 чоп кард.  Чаҳор китоби «Хопалонг Кэссиди»-ро миёни солҳои 1950 ва 1954 бо тахаллуси Текс Бернс ва ду китоби дигараш “Йеллоу Батт” (1953) ва “Юта Блайн“-ро  (1954) бо тахаллуси Ҷим Мэйо нашр кардааст.  Китоби «Хондо», ки соли 1953 аз чоп баромад, ба бестселлер табдил ёфт. Аз рўйи матни он филми машҳур ба навор гирифта шуд. То соли 1981 фурӯши «Хондо» ба 2 миллиону 300 ҳазор нусха расид ва теъдоди он ҳоло ҳам меафзояд.

Ламур ҳамчун машҳуртарин нависандаи Амрико шинохта шудааст. Ў беш аз 100 роман эҷод кардааст, ки ҳамаи онҳо ҳоло ҳам  нашр мешаванд. Ҳаҷми умумии фурӯш ба 225,000,000 доллар расидааст. Миёни солҳои 1953-1971 аз рўйи 30 романи ӯ филм ба навор гирифтаанд.

Соли 1982 бо медали тиллои Конгресс (миллӣ) ва соли 1984 медали «Озодӣ» мукофотонида шудааст. Соли 1972 дар зодгоҳаш ӯро ба унвони доктори фахрии адабиёт аз Коллеҷи Ҷеймстаун сарфароз гардониданд.

Романҳои ӯ бо эътиборнокӣ ва дақиқӣ, мазмуни  васеъ, қисман дар бораи таърихи Ғарби Амрико, каломи хуш, ҳаяҷон ва фароғати худ машҳуранд.

Чингиз-АйтматовСоли 2008 дар Нюрнберг, дар синни 79-солагӣ, нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов барандаи Ҷоизаи Ленин (1963) ва се Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1968, 1977, 1983), сармуҳаррири маҷаллаи «Адабиёти хориҷӣ» (1988–1990) аз олам чашм пўшид.

Чингиз Айтматов нависандаи шӯравии қирғиз, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Меҳнати Сотсиалистӣ,  барандаи як қатор мукофотҳои давлатӣ мебошад.  Ў 12 декабри соли 1928 дар деҳаи Шекери Қирғизистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.  Падараш баъдтар арбоби давлатӣ шуд, аммо соли 1938 ба қатл расид. Модари нависанда ходими сиёсии артиш ва ходими ҷамъиятӣ буд. Чингиз баъди синфи ҳаштро хатм кардан ба  омӯзишгоҳи байторӣ ва баъдан ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқ дохил шуд. Вай аз соли 1952 ба эҷодиёт ба забони модариаш – қирғизӣ шуруъ кард.

Маълумоти пурратар дар бораи адиби маъруф ин ҷост:

КАЙҲОНАВАРДИ ДИЛИ ИНСОН

Соли 2018 дар Шампейн иёлати Иллинойс, нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ Кристофер Сташефф, дар синни 74-солагӣ аз бемории паркинсон даргузашт.

Кристофер Сташефф моҳи январи соли 1944 дар Маунт Вернон, иёлати Ню Йорк таваллуд шудааст. Вақте ки ӯ ҳаштсола буд, волидони ӯ, профессори Донишгоҳи Мичиган Эдвард Сташефф ва занаш ба Арбор Энн, Мичиган кӯчиданд. Кристофер дар оила миёни чаҳор фарзанд аз ҳама хурдӣ буд. Пас аз хатми коллеҷ Кристофер ба Монклер, Ню Ҷерсӣ кӯчид ва дар он ҷо дар Донишгоҳи Ню-Йорк  омўзгор буд.

Нахустин романи ў “Ҷодугари ғайриихтиёрӣ» дар соли 1969 нашр шуд. Бо ин роман силсилаи пурҷўшу хурўши романҳои Сташефф оғоз ёфт ва жанри асосии эҷодиёти ў – асарҳои тахайюлӣ-мазҳакавӣ муайян гардид. Илова ба романҳои ин давра, Сташефф силсилаи  романҳои тахайюлӣ  ва дар жанри тахайюлоти кайҳонӣ эҷод кардааст.

Кристофер Сташефф тавассути тамоми асарҳояш мавзуи инкишофи демократия дар ҷамъияти ғайридемократиро дарбар мегирад, ки он баъзан бо роҳи осоишта ва ё тавассути инқилоб ба муваффақият ноил мешавад. Машҳуртарин силсалаи ӯ “Ҷодугар” ва асарҳои баъдии ин силсила, махсусан ба бунёди демократия дар ҷомеаи асримиёнагӣ бахшида шудаанд.

Мавзӯи дигар, гарчанде ки камтар таъкид шудааст, дар осори Сташефф илм, рушди дониш ва илм, андешаҳои мантиқӣ дар бораи ҷаҳон ва инсон мебошад.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА