Китоби нав аз муқовимат бо таҳдидҳои иттилоотӣ-психологии терроризм, ки аз шаҳри Москав расид

Донишмандони шинохтаи рус, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, корманди аршади Маркази экспертизаи ҳуқуқи муқобилият ба идеологияи терроризм ва пешгирии экстремизм В.В.Красинский, номзади илмҳои ҳуқуқ, корманди калони илмии Маркази экспертизаи ҳуқуқи муқобилият ба идеологияи терроризм ва пешгирии экстремизм С.А.Осипов ва мутахассиси Маркази таҳлил ва пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ миёни ҷавонон М.В.Песков китоби худ “Муқовимат ба таҳдидҳои иттилоотӣ-психологии амниятӣ: таҷрибаи Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ”-ро ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тақдим кардаанд.

Ин китоб соли 2024 дар нашриёти “Юрлитинформ”-и шаҳри Москав ба теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст.

Тавре аз номаш пайдост, муаллифон масъали таҳдидҳои иттилоотии терроризм ва роҳҳои муқовимат бо онро дар мисоли таҷрибаи се кишвари то ҳадде муваффақ дар мубориза бо терроризми олам: Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ, ки ҳарсе мамолики ҳавзаи Осиёии дунё мебошанд, ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Дар монография шеваву равишҳои муосир ба муқовимат ба таҳдидҳои иттилоотӣ-психологӣ дар се кишвари ёдшуда мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ва муаллифон мегӯянд ин монографияи худро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни давлатӣ, муаллимону омӯзгорон ва унвонҷӯёни макотиби олӣ ва факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ВАО ва таҳлилгарони масоили терроризм ва экстремизм пешбинӣ кардаанд.

Муаллифон сабабҳои омӯзиши таҷрибаи Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубиро дар мубориза бо таҳдидҳои иттилоотии терроризм ва экстремизмро чунин асоснок кардаанд:

  • Аввалан, ин кишварҳо аз нигоҳи рушди иқтисодӣ аз ҷумлаи мамолики пешрафтаи оламанд ва мавқеъи шоиста дар содироти технология ва маҳсулоти пешрафтаи технологӣ доранд. Дар рушди технологияҳои рақамӣ, телекоммуникатсионӣ ва интернетӣ пешсафанд. Ба ҳадде, ки ин се кишвар дар дастрасии Интернети баландсуръат барои хона аз пешгомҳои олам ба шумор мераванд;
  • Барои ин се кишвари минтақа сатҳи баланди рушди онлайн-медиа (дар Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ беш аз 70% аҳолӣ аз ҷумлаи истифодабарандагони Интернет маҳсуб меёбанд) хос аст.  Ҷопон сатҳи баланди  рушди инфрасохтори  интернети мобилӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро (62% аҳолӣ) ба намоиш мегузорад;
  • Равандҳои демографии ин кишварҳо бо коҳиши  шумори никоҳ, таваллуд ва рушди бесобиқаи пиршавии аҳолӣ алоқаманд аст;
  • Ин кишварҳо наздиктарин мамолики ҳамсояи Русия дар Шарқи Дуранд ва ғайра…

Хоҳишмандон метавонанд китоби “Муқовимат ба таҳдидҳои иттилоотӣ-психологии амниятӣ: таҷрибаи Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ (ба забони русӣ) мутолиа кунанд.

Б.Шафеъ