Афсона ва афсонахонӣ. Нашри “Афсонаҳои халқи тоҷик” чопи Хуҷанд чӣ вижагиҳо дорад?
Ин китоб соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд мунташир шуда, фарогири гулчини афсонаҳое мебошад, ки ба масоили мухталифи рўзгори инсонӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида, тафсири муаммо ва мушкилоти ҳаёти одамӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, таблиғи оини ҷавонмардӣ ва ҷасорату қаҳрамонӣ, ки дар зимни он фазилатҳои ватандориву муҳаббат ба ҳифзи марзу бум талқин мешаванд, бахшида шудаанд.
Сарсухани нашриёт ба суоли боло посухи дақиқ медиҳад, ки онро пурра ин ҷо меорем: Вуҷуди таърихии адабиёт ба ҳузури нахустин тасаввуроти инсон роҷеъ ба ҳастии фарогири ў – устура пайванди муҳкам дорад ва ҳамин ривоёту асотири аввалия минбаъд барои ба миён омадани нахустин намунаҳои насри форсу тоҷик ба сурати афсонаҳо боис омадааст. Ҳарчанд аз мутолиаи осори гузаштагони мо равшан мегардад, ки осори буруномада аз асотиру ривоёт ба унвони насри ривоятӣ муаррифӣ гардида, бахши аъзами онҳо дар мустақилияти хеш ба унвони афсонаҳо низ маъруф шудаанд, аммо намунаҳои барҷастаи афсонаҳои миллии мо ҳамчун осори тарбиятӣ ба сўи арзишҳои олии ахлоқи инсонӣ аз даҳон ба даҳон гузашта, ҳамчун сарвати бебаҳои адабиёти пурғановати миллати соҳибтамаддуни мо то имрўз расидаанд. Воқеан, ҷои таъкид ва тазаккур аст, ки нақши афсонаҳо аз ҳар ҷиҳат барои тарбияи насли наврас, шурўъ аз аёми кўдакӣ то ҷавонӣ хеле муҳим ва муассир аст, чун нахустин маърифате, ки кўдаки хурдсол дар бораи одаму олам пайдо мекунад, маҳз тавассути шунидани ҳамин афсонаҳо аз даҳони бузургсолон ҳосил мешавад. Шояд он нафароне ҳам, ки ба унвони ровиёни қиссаҳои насри ривоятӣ дар ин навъ кутуб зикр мешаванд, пеш аз ҳама, ҳамин афроди солманд ва бомаърифат будаанд, ки дар ҷойҳои махсус барои хурдсолон ин ҳикоёту ривоят ва нақлу афсонаҳоро бозгўй мекарданд. Ҳамин гуна, нақши афсонаҳо барои ташаккули шуури маънавии кўдакон дар ҳамаи давру замон бузург будааст ва имрўз ҳам ҷомеа новобаста ба бархўрдҳои фарҳанги техникӣ ва зуҳури ҷаҳонишавӣ ба таъсири файзбахши афсонаҳо дар андешаи кўдакон бо ҳадафи таъмини маърифати бузурги инсонии онҳо ниёзманд аст. Сиёсати давлат дар бахши маориф, ки ҳоло ба раванди ислоҳи муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кўдакон ба олами маърифат ва зебоӣ такя мекунад, маҳз бозгўи ҳамин тафаккур аст, ки ҳоло давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар чӣ бештар ба вижагиҳои хоси низоми маорифи миллӣ, ки сарчашма дар инсонгароии омўзишу тарбият доранд, пайванд бахшидани равандҳои босуръати ниёзҳои маорифи ҷаҳонӣ ва татбиқи воҳиди ин ду унсури муҳим- суннатҳои маорифи миллӣ ва таҷаддуди низоми тарбия ва таҳсилот такя мекунад. Дар саргаҳи таҳаққуқи ин амалкард ва ҳадафи муҳими тарбияи ҷомеа, пеш аз ҳама, таваҷҷўҳ ба парвариши маърифатӣ ва ахлоқии кўдакон қарор дорад. Аз ин рў, нашру таблиғи афсонаҳои халқи тоҷик ҳамчун ёдгории беназири тарбиятгари миллӣ метавонад ба унвони яке аз муҳимтарин воситаҳои таъмини камолоти маънавии кўдакону бачагон хидматгузор бошад ва ҷалби кўдакон ба мутолиаи афсонаҳо ва истифода аз роҳу усулҳои ҷадиди фарогирии онон бо ин сарвати бебаҳои ақлонияти миллӣ дар ин росто беҳтарин омили таъсиргузор хоҳад буд.
Бо ҳадафи мусоидат дар ин амри муҳими тарбияи маънавии ҷомеа нашриёти «Ношири»-и шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки бо истифода аз нусхаҳои чопии мавҷуд дар Тоҷикистон нашри ҷадиди китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик»- ро мунташир созад. Тавре маълум аст, бори аввал бо кўшиши донишманди тоҷик академик Раҷаб Амонов нахустин бор нашри нисбатан мукаммали китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» дар соли 1957 ба дасти чоп расид,ки дар кори таҳия ва таҳрири он аз корҳои дар ин арса анҷомдодаи устодони насри навини тоҷик Садриддин Аӣнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳаким Карим ва дигарон истифода шудааст. Минбаъд аксари нашрҳои баъдии китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» бо такя бар ҳамин матни мукаммали афсонаҳо рўи чопро диданд. Бо гузашти шаш сол аз нашри ин китоб бо эҳтимоми устод академик Раҷаб Амонов муҷаддан китоби мазкур рўи чопро дид.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бошад бар асоси нусхаи нахустини китоби мазкур соли 2004 нашри нави «Афсонаҳои халқи тоҷик» дастраси хонандагон гардид, ки маҷмўан аз 120 афсона иборат буд. Ҳарчанд нашри нахустини китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» дар чаҳор бахш афсонаҳоро қисмат намуда буд, аммо ин нашр бо ҳамин шева афсонаҳои фарогири худро дар се қисмат ҷоӣ додааст.
Бо гузашти наздик ба даҳ сол аз нашри ин китоб эҳсос мешавад, ки имрўз зимни афзудани теъдоди аҳолӣ ва шумораи кўдакони фарогири муассисаҳои томактабӣ ниёзмандии ҷомеа ба мутолиаи афсонаҳо меафзояд. Аз ин рў, пеш аз ҳама бо ҳадафи бароварда гардонидани ниёзҳои кўдакон ва мактаббачагон нашриёти «Ношир» низ тасмим гирифтааст, ки ба нашри муҷаддади китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» иқдом намояд. Барои таҳия матни афсонаҳо, пеш аз ҳама, нашри нахустини китоби мазкур бар асос гирифта шуд, ҳарчанд дар мавориди зарурӣ аз нусхаҳои дигар истифода шудааст. Аз сабаби он ки сабки иншо ва китоби нашри аввалини «Афсонаҳои халқи тоҷик» аз ҳар ҷиҳат ба меъёрҳои забони фаҳмо ва фасеҳ барои кўдакон мутобиқат дорад, дар ағлаб маворид зимни таҳрири матни афсонаҳо ба он руҷўъ шудааст. Ҳамзамон, дар ҷараёни таҳияи матни афсонаҳо гоҳо аз рўи зарурат бархе аз вожагони номафҳум ва бар асоси меъёрҳои лаҳҷаву гўишҳои муайян китобатшуда бо ҳадафи ошноии кулли алоқамандон ва хонандагон дар поварақ тавзеҳ дода шудаанд. Афзун бар ин, дар ҷараёни таҳияи мутуни қаблӣ эҳсос гардид, ки баъзе номҳои ҷуғрофии мавҷуд дар афсонаҳо ба номи имрўзини онҳо баргардонида шудааст. Аммо мо бо ҳадафи риояи суннати таърихияти сабт ва фароҳамоварии матни афсонаҳо асомии аслии таърихии онҳоро барқарор ва дар ҳошия никоти марбут ба онро тавзеҳ додем. Боқӣ, умед бар он дорем, ки чун ҳадафи аслии мо аз нашри китоби мазкур мусоидат дар дастрасии бештари кўдакон ва наврасон ба ҷаҳони пуробуранги афсонавии зиндагонии мардуми хеш ва аз ин роҳ, тарбияи маънавии онон маҳсуб мешавад, нашри ин китоб метавонад дар ташаккули шуури ахлоқӣ, маърифат ва ҷаҳоншиносии кўдакон ҳамчун ояндасозони ҷомеаи мо таъсири пурфайзе гузорад.
Китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”, нашри соли 2014, шаҳри Хуҷандро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.