Чаро саранҷом Фирдавсӣ хост “Шоҳнома”-ро маҳз ба Султон Маҳмуд бахшад?

ФирдавсӣАммо ин ҳам ҳаст, ки шоир дар поёни манзума аз мардуме сухан мегӯяд, ки омодаи пуштибонӣ аз вай будаанд:

Аз он номвар номдорони шаҳр,

Алӣ Дайламӣ буд,к-ӯрост баҳр.

Ки ҳамвора корам бахубӣ равон

Ҳамедошт он марди равшанравон.

Ки Ҳуййӣ Қутайб з-озодагон,

Ки аз ман нахоҳад сухан ройгон.

Аз ӯям хӯру пӯшишу симу зар,

Аз ӯ ёфтам ҷунбишу пову пар.

Наям огаҳ аз аслу фаръу хироҷ,

Ҳамеғалтам андар миёни давоҷ.

Душвор аст бигӯем, ки барои кадом «суханон» шоири куҳансол хӯру пӯшишу симу зараш аз Ҳуйи ибни Қутайб будааст. Шояд Фирдавсӣ ҳар аз гоҳе чакомаҳое, ки то имрӯз намонда, барои ин сардор месурудааст. Аммо худ пайдост, ки рӯзгори дарвешӣ ва ранҷи Фирдавсӣ ҳатто бе чунин пуштибонӣ ҳам ба сар намеомадааст. Ӯ наметавонист танҳо чашм ба некуӣ ва эҳсони ҳомиён дошта бошад ва афзун бар он «накукорон» бо огоҳӣ бар булҳавасии Султон Маҳмуд аз ояндаи худ бимнок буданд. Барои ҳамин ҳам мебинем, ки Фирдавсӣ борҳо аз умеди дарёфти музд ва подоши кори азими хеш сухан мегӯяд:

Сивупанҷ сол аз сарои сипанҷ,
Басе ранҷ бурдам ба уммеди ганҷ.

Аммо умеди чакомасаро бар ганҷ ҳаргиз бароварда нашуд. Аз чигунагии бархӯрди Маҳмуд ба манзумае, ки ба ӯ пешкаш шуда буд, ҳеҷ гуна огоҳӣ дар даст надорем, зеро перомуни онро чунон ҳолае аз афсонаҳо пӯшонидаанд, ки ёфтани воқеият ба ин осонӣ муяссар нест. Танҳо як чиз равшан аст: Фирдавсӣ ё подоше наёфт, ё ин ки подоши ҳақиру ночиз бад-ӯ доданд, ки наметавонист ӯро аз ниёзи ногузир ба дигарон вораҳонад. Аммо сухансаро худаш нек огоҳ буд, ки чӣ офаридае сутург ва шигифт падид овардааст.

Беҳуда нест, ки бо боландагӣ мегӯяд:

Паяфкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бар ин нома бар умрҳо бигзарад,

Ҳамехонад он кас, ки дорад хирад…

Ҷаҳон аз сухан кардаам чун биҳишт,

Аз ин беш тухми сухан кас накишт.

Сухангустарон бекарон будаанд,

Суханҳои беандоза паймудаанд.

Валек арчӣ буданд ишон басе,

Ҳамоно нагуфтаст аз ишон касе.

Басе ранҷ бурдам бад-ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Фирдавсӣ хуб медонист касе, ки ба ростӣ шеършинос бошад аз пардохти подоше бузург барои “Шоҳнома” дареғ намеварзад. Аммо додани чунин подоше аз чӣ касе сохта буд? Дар миёни фармонравоёни он рӯзгор ҳамоно Сомониён буданд, ки мебоист арзише воло ба манзума бидиҳанд. Ҳарчанд Фирдавсӣ аз ахбори куҳан бисёр баҳра мегирифт, аммо як ангорагонро дар сартосари манзумаи хеш мегустаронад. Ӯ бо идома додани оини Сосониён ҳама ҷо бар достонҳои куҳани эронӣ пой мефишурад. Фарре, ки дар Авасто бисёр аз он сухан рафта, фарре дар сангнабиштаҳо ва пайкараҳо ба шакли ҳолае бар гирди сари шоҳон мебинем, танҳо метавонист дар хонадони шаҳриёрони бостон аз тухмаи Фаридун даст ба даст гардад. Агар дар Авасто сухан аз он аст, ки чӣ гуна Фаронаросиёни (Афросиёб) пургазанд беҳуда мекӯшид, то фарро ба даст оварда, аз они худ созад, Фирдавсӣ ҳам сухан аз он мегӯяд, ки Заҳҳок-ғозиби зӯргӯ ва худкомаи дигар-ба чӣ кайфари ҳавлноке расид. Дугонагароии зартуштӣ дар ҳамаи манзума бахубӣ намоён аст: Шаҳриёрони «қонунӣ» ва деҳқонон гирдогирди онон, ҳамоно размоварони Аҳуро Маздо буда, аз партаву фуруғи некиҳои ӯ бархӯрдоранд. Ҳар кас, ки бар онон пешвардхоҳ чун Баҳроми Чӯбин аз хонадони подшоҳӣ бошад ва ё афзун бар он, бегонае дастёри неруҳои дузахӣ, ҳамоно Аҳримани патёра аст ва оварандаи бадиву табоҳӣ. Дар «Шоҳнома», борҳо ва борҳо ҳамин як андеша такрор мешавад: То ҳангоме ки дорандагони некиҳо бо ҳам ҳастанд, шикастнопазиранд ва ҳеҷ неруи аҳриманӣ қодир ба нобудии онон нест. Аммо ҳамин ки дар миёнашон ҷудоӣ афтад, дар ҳамон дам неруҳои дӯзахии Аҳриман сар баланд мекунанд. Барои Сомониён зарурӣ буд ҳамаи неруҳои кишварро яке кунанд, то ягонагии давлатиро падид оварда, онро пойдор доранд. Чунин менамояд, ки манзума бо вопасин наводгони деҳқонон (ки худ Фирдавсӣ ҳам аз онон буд) сухан мегӯяд ва ононро фаро мегирад, ки диловарӣ ягонагӣ ва поймардии паҳлавонони ҳамосиро ба ёд оварда, ниёконро шармсор накарда, дар баробари душманон истодагӣ  ва пойдорӣ кунанд.

Ҳамнгоме ки шоир даст ба кори сурудани манзума шуд (ёдовар мешавем ҳангоме ба ин кор оғозид, ки марде дунёдида ва пухта буд) умедвор буд, ки онро ба Сомониён пешкаш кунад. Ӯ наметавонист пешбинӣ кунад, ки манзумааш ҳангоме ба поён хоҳад расид, ки дигар ҳатто андешаи сафар ба Бухоро, назди Сомониёнро наметавонад бикунад.

Ӯ бист соли давом чашм ба роҳ буд ва умедвор, ки дубора саодат аз худ рух нишон бидиҳад. Аммо вопасин размовари Сомонӣ дар даштҳои бекарони Осиёи Миёна кушта шуд, Наср Қарохонӣ тахти Бухороро ба даст овард ва ҳамаи заминҳои ҷануби Омударё ба дасти Маҳмуд афтод. Пас мебоист ба кӣ рух намояд?

Сазовори ин ганҷ кист?

Бурдани манзума назди Қарахониён на сазовор буд ва на хирадмандона. Андешидан дар бораи вопасин намояндагони хонадонҳои куҳан ҳам, ки дар ҷоҳои дур ва камшумор ҳанӯз ҳам монда буданд, беҳуда буд. Инон худ иқболи хуше надоштанд ва ёди шоирон намекарданд, танҳо мемонд Маҳмуд. Фирдавсӣ пешбинӣ мекард, ки бархурди Маҳмуд бо Қарахониён ногузир аст ва омода буд, ки ӯро дар ин пайкори оянда идомадиҳандаи кори Сомониён баршумурд, чаро ки Маҳмуд дар оғоз фармонбардори Сомониён буд. Афзун бар ин, Фирдавсӣ мебоист шунида бошад, ки МАКОТИБИ ДЕВОНИ ҒАЗНАВИЁН БА ЗАБОНИ ПОРСӢ АСТ ВА ШОИРОНИ ҲАМВАТАНИ Ӯ ДАР ДАРБОР ГИРД ОМАДА, БО ГУШОДАДАСТӢ ҒАРҚ ДАР СИЛА ВА ПОДОШ ҲАСТАНД ва ҳомии вазир-Абӯлабои Исфароинӣ аст. пас шояд битавон ба комёбӣ умедвор буд.

Фирдавсӣ дигарбор «Шоҳнома»-и худро ба даст мегирад ва дар он бархе афзудагиҳо, чунонки дар он бахшҳое, ки дар онҳо аз Маҳмуд ва бародараш Амир Наср, сипоҳсолори Хуросон-ситоиш шудааст, дар меоварад ва сипас китобро ба Ғазнин мерасонад. Аммо дуруст дар соли 1010/11-и масеҳӣ, дар он ҷо дигаргуниҳои бузурге рух медиҳад. Маҳмуд, ки мехост вафодории худро ба халифаҳои аббосӣ нишон диҳад, зеро вай бо он ки мустақил буд, Абӯлаббоси Исфароиниро хориҷ кард ва ба ҷои ӯ Маймандиро, ки бо ҳамаи суннатҳои қавмӣ душманӣ дошт ва ҳатто мекӯшид мукотиботи девони дастгоҳи Ғазнавиёнро аз порсӣ ба тозӣ гардонад, баргумошт. Ногуфта пайдост, ки Фирдавсӣ дар ҷои дур аз Ғазнавиён ва канорафтода наметавонист бар ин ҳама огоҳӣ дошта бошад ва агар ҳам огоҳӣ медошт, пеш аз ин наметавонист чашм ба роҳ бимонад. Бо дар назар гирифтани ҳамаи ин пешомадҳо метавон пиндошт, ки рӯй овардани Фирдавсӣ ба Маҳмуд дар он ҳолу рӯз метавонист яксара бепосух бимонад. Ҳамаи умеду орзуи чакомасарои куҳансол барбод рафт.

Бархе аз ховаршиносон бар ин пиндоранд, ки МАҲМУД БАД-ОН ИЛЛАТ, КИ ТУРКЕ ХАШАН БУД ВА АЗАМАТИ «ШОҲНОМА»-РО НАМЕТАВОНИСТ ДАРЁБАД, офаридаи Фирдавсиро арзиши воқеӣ наниҳод. Гумон намеравад ниёзе ба гуфтан бошад, ки чунин дидгоҳу бинише фоқиди арзише илмӣ аст. Чунонки аз манобеъ ва аснод бармеояд, Мамуд нек фарҳехта буд ва на танҳо порсии дарӣ, балки тозиро ҳам медонист. Гоҳ-гоҳ гӯё ба порсии дарӣ шеър ҳам мегуфта ва дар замони фароғат (ки чандон ҳам набуд, зеро ё ба лашкаркашиҳои ғоратгарона мепардохт ва ё ба куштори «қарматиён», яъне ҳамаи касоне, ки фармони ӯро намебурданд, душманони дохилӣ) тафсире бузург бар Қуръон менавиштааст. Ҳатто занони хонадони ӯ ҳам бахубӣ фарҳехта буданд  ва бархе аз онон ба дониш мепардохтанд ва бархе дигар дар хушнависӣ овоза доштаанд. Ҳамаи инҳо бахубӣ менамоёнад, ки Маҳмуд донише басанда дошта ва худ пайдост, ки метавониста арзиш ва шоистагии «Шоҳнома»-ро дарёбад. Аммо ба гумоне бисёр Маҳмуд ба далели ҳамон дониш ва фарҳехтагии худ наметавонист инро низ дарнаёбад, ки агар  «Шоҳнома» пештар навишта шуда буд, ёрии бузурге барои Сомониён мебуд ва дигар ин ки андешаҳои асосии манзума эътибори худро аз реша барбод медод. Ӯ нек медонист, ки метавонад ба ёрии таърихнависони дарборӣ тухмаву табори худро ба ҳар як аз подшоҳони гузаштаи дур бирасонад, аммо душманони вай фиреби тухма ва гавҳари барсохтаи ӯро нахӯрда, ӯро «дорандаи фарри Кайёнӣ» барнахоҳанд шумурд. Пас асари Фирдавсӣ метавонад дар дасти касоне, ки намехоҳанд фармонравоии Маҳмудро бипазиранд ва бо он дар ситез ҳастанд, ҳарбаи муносибе бошад. Дар чунин шароите арзиши волои ҳунарии «Шоҳнома» на танҳо аз мухотироти сиёсии он намегузашт, балки баръакс онро афзунтар месохт. Оё метавон пиндошт, ки фармонравои хуношом ва пурқудрати садаи ёздаҳуми милодӣ – Султон Маҳмуд бо таваҷҷуҳ бо дидгоҳи зебописандона, теша ба решаи эътибори хеш бизанад?

Бино бар ин достон, Фирдавсӣ, ки аз «султони бефаросат» ба хашм омада буд, ӯро ҳаҷв кард ва аз тарси ҷони хеш аз Ғазнин ба каронаи дарёи Мозандарон, ки дар он ҷо намояндаи хонадони бумӣ-Шаҳриёрӣ аз хонадонӣ Бованд- фармон меронд, гурехт. Аммо Шаҳриёр, ки аз хашми Маҳмуд ҳароснок буд, пас аз хондани ҳаҷв дарёфт, ки агар Маҳмуд аз он огоҳ гардад, то чакомасарои пирро ба марге ҷонгудоз накӯшад, ором нахоҳад гирифт. Барои ҳамин ҳам ба Фирдавсӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷвро бихӯрад ва барои ҳар як байт ҳазор динор ба ӯ бипардозад. Шоир, ки ба пул ниёзманд буд, пазируфт ва ҳаҷвномаро нобуд карданд. Гӯё ин ҳаҷв густариш наёфт ва ҳангоме, ки наздик ба саду панҷоҳ сол пас аз он нависандае, ки бар он ҳаҷв огоҳ буд, ба ҷустуҷӯяш баромад, тавонист танҳо шаш байти онро биёбад, бақияи он куҳна ва фаромӯш шуда гашта буд.

Аз китоби Евгений БЕРТЕЛС “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”, таҳияи

Ин китобро соли 2015 аз силсила “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири таърих” Китобхонаи миллӣ чоп кардааст. “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” дар тарҷумаи донишманди эронӣ Сируси Эзадӣ зери назари академик Носирҷон Салимӣ, дар таҳия, вироиш ва баргардони марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ ва муҳарририи профессор Шамсиддини Солеҳ рӯи чоп омадааст.

Таҳияи  Орзуҷон ИСКАНДАРОВ,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”