Кишваршиносӣ. Шаҳрҳои  Хуттал

tadzhikskiy-nacionalnyy-parkДар сарчашмаҳои арабзамини асрҳои IX-X асарҳои Ибни  Хурдодбеҳ, Ал-Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, Ал-Муқаддасӣ, Ал-Яъқубӣ, Ибни Руста шаҳрҳои зерини Ҳуттал ёд гаштаанд: «Дар Хуттал шаҳрҳои  Ҳаловард, Ловаканд, ки ҳардуи онҳо шаҳрҳои Вахш мебошанд, инчунин шаҳрҳои Корбанг, Тамлиёт, Ҳулбук, Сикандара, Мунк, Андичороғ, Форғар, Рустоқбек вуҷуд доранд». Ба рўйхати шаҳрҳои Хуттал Ал-Муқаддасӣ шаҳри «Маранд» ва муаллифи «Ҳудуду-л-олам» шаҳри «Борсориғ»-ро илова кардаанд.

Аз ин шаҳрҳои ёдшудаи Хуттал ба тариқи қатъӣ гуфта метавонем,ки то имрўз фақат ҷои  тавоҷуди як шаҳр-Мунк ва Ҳулбуки асрҳои IX-XI аниқ муайян карда шудаасту халос.

Мунк

Сарчашмаҳои боэътимоди ёдшуда таъкид мекунанд, ки шаҳри калонтарини Хуттал дар асрҳои IX-XI маҳз шаҳри Мунк аст. Ҷои тавоҷуди ин шаҳрро бори аввал шарқшиноси барҷаста А.М.Беленитский дар соли 1946 муайян кард. Ҳамчун инсони ниҳоят хоксор А.М.Беленитский хизмати худро дар ёфтани харобаҳои шаҳри Мунк нодида гирифта менависад, ки ҳанўз дар шаҳри Сталинобод ў бо харитаи археологии бо даст кашидашудаи Тоҷикистон ошно гардид. Дар он харита харобаҳои Мунк маҳз дар мавзеи  наздикиҳои Ховалинг нишон дода шуда буданд. Аз тарафи дигар кормандони Иниститути таърих низ  ин ақидаро тасдиқ карда буданд. Аз ҳаин рў, дастаи бостоншиносон бе душворӣ дар наздикии  Ховалинг харобаҳои Мункро пайдо намуд. То аз чоп баромадани мақолаи ў, дар илм ақидае вуҷуд дошт, ки Мунк дар ҷои Балҷувон  воқеъ аст. Аммо баъди гузаронидани корҳои ҷустуҷўӣ маълум гардид, ки шаҳри Мунк маҳз дар қисми шимолу ғарбии маркази ноҳияи Ховалинг воқеъ гашта будааст. Дар ин ҷо дарёчаи Оби  мазор ҷорӣ буда, деҳаҳои Хонақо ва шаҳри Минг мавҷуданд Оби мазор ҷойгир шуда. Номи шадар номи деҳаи Шаҳри Минг боқӣ монда аст. Шояд шаҳр на Мунк, балки Минг ном дошта буд. Аммо аз баски дар фолклори диёри Ховалинг номи Мунг низ боқӣ мондааст, пас шояд ҳамон Мунг дурустар бошад.

Ибни Ҳавқал навиштааст, ки «Шаҳри Мунк дар бузургӣ ба шаҳри Андароба баробар аст. Ҳулбук аз он хурдтар аст. Биноҳои ин шаҳрҳо аз лой, аммо девори Мунк аз сангу гаҷ сохта шудааст».

Аз кандаҳои бостоншиносии Мунк маводи сохтмонӣ сафолпораю шишипораҳои  мансуб ба асрҳои IX-X дарёфт гардиданд. Баъдтар аз дохили деҳаҳои Шаҳри Мунгу Хонақоҳ маводи зиёди ба давраҳои мазкур мутааллиқ буда ёфт гардида, ҳоло онҳо дар музеи мактаби миёнаи №3 ноҳияи Ховалинг нигоҳ дошта мешаванд. Маводи маҳфуз иборат аст аз қариб 1000 сафолу шишапора, 100 тангаи қадима, 6 чароғи сафолин, 30 сафолпораи симобдон ё атрдон, 2 тири пайкон, 8 тири мавҷаниқ ва ғайра.

Ба  ақидаи дўстдори маҳал Амирхони Саидзода шаҳри Мунк ҳудуди ҳозираи  шаҳраки Ховалингро низ фаро  мегирифтааст ва ба ин номи гузарҳои Ховалинг аз қабили: гузари Паранак, гузари қозӣ, қалъагоҳҳои Надиму Бегим шаҳодат медиҳанд.

Аз Шаҳри Мунг ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонию саҳроӣ ба миқдори зиёд қубурҳои обрасонӣ ёфт гардиданд, ки дар як қисми онҳо чун  ҳазор сол пеш об ҷорӣ буд ва ба воситаи онҳо то ба Мунк об расонида мешуд. Як қисми он қубурҳо тақрибан ним метр дарозӣ дошта ва қутрашон аз як тараф 24 см ва аз тарафи дигар 17 см-ро ташкил медоданд. Қисми дигари қубурҳо 40 см, дарозӣ ва қутрашон аз як тараф 12 см ва аз  тарафи дигар 8 см–ро ташкил медод.

Дар охирҳои  асри X (соли 983) дар «Ҳудудулолам»-и муаллифи номаълум Мунк «шаҳрак» номида шудааст: «Борсоринг, Мунк, Тамлиёт шаҳракҳоеанд хурд ва бисёрнеъмату ободон ва мардумони ҷангӣ».                                                                                                                                                               Мунк дар асрҳои IX-XII бисёр ободу калон гардида, дар чоряки якуми асри XIII аз тарафи муғулҳо хароб карда шуда буд. Ба сабаби салқину  сабзў хуррам будан ва оби фаровону чарогоҳҳои хуб доштан амири муғул Қазаған дар солҳои 758-59/1357-58 зимистонро дар Солисарой (ноҳияи Панҷ) «ва тобистону хазон (тирамоҳ)дар шаҳри Мунк ройяти таваттун афрохтӣ» (яъне, дар онҷо зиндагӣ мекард).

Аз китоби   “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.  Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ