Дар шинохти Канишка-шоҳаншоҳи империяи бузурги Кушониён

КанишкаКанишка, Канишкаи Кабир, машҳуртарин шоҳаншоҳи хонадони Кушониён (ҳукумронӣ тақ. 105 – 128), писар ва вориси Вима Кадфиз. Номаш дар сиккаҳо ва катибаҳо сабт шудааст.

Шоҳаншоҳии Кушониён дар аҳди Канишка ба авҷи тараққиёт расида, қаламрави он минтақаи шимолу ғарби Ҳинд (то шаҳри Варанаси), мулкҳои Бохтар, Суғд, Фарғона ва Туркистони Шарқиро дар бар мегирифт. Маркази императорӣ шаҳри Пурушапура (ҳоло Пешовар) ва Бохтар буд.

Дар замони фармонравоии Канишка рақобати сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии давлати Кушониён бо империяҳои Рум, Чин ва Ашкониён шиддат ёфт. Соли 107 Канишка бо императори Рум – Троян созишномаи сулҳ имзо кард ва кишваркушоиҳои ў дар ғарб идома ёфт. Ў тақрибан солҳои 114-116 Сакистон ва Гедросияро аз тасарруфи Ашкониён гирифт.

Дар солҳои авали ҳукумати Канишка забон ва хатти бохтарӣ ҷойгузини забони юнонӣ гардид, ки ин амр барои густариши фарҳангу ҳунари маҳаллӣ ва коҳиши нуфузи фарҳанги антика мусоидат кард. Сиккаҳои Канишка тилоӣ ва мисӣ буданд. Намунаи онҳо дар осорхонаҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Афғонистон, Покистон ва ғайра маҳфузанд. Чанд намунаи сиккаи Канишка аз димнаҳои Чимқурғон, Шаҳринав, Душанбе, гўристони Тўпхона, Қалъаи Ҳисор ва ёдгориҳои ноҳияи Рўдакӣ ёфт шуданд. Дар рўи сиккаҳо шоҳ дар назди оташгоҳи зардўштӣ дар ҳолати ниёиш (қоматаш рост) тасвир шудааст. Ў дасти росташро ба тарафи оташгоҳ дароз кардааст ва дар дасти чапаш найза дорад. Дар атрофи тасвири рўи сиккаҳо ба забони бохтарӣ навиштаҷоти «шаонано шао Канишка кушанӣ» – «Шоҳи шоҳон Канишкаи кушонӣ» ҳаккокӣ шудааст.

Дар пушти сиккаҳо эзадони қавмҳои ориёӣ (Нана, Вадо, Мао, Митро) ҳиндӣ (Шива) юнонӣ-румӣ на Буддо тасвир шудаанд, ки ин аз озодии дину мазҳаб дар давлати Кушониён шаҳодат медиҳад.

Аз замони Канишка бисёр осори катбӣ, аз қабили Катибаи Работак ва Катибаи Сурхкўтал боқӣ мондааст, ки ҳоло дар Осорхонаи миллии шаҳри Кобул нигаҳдорӣ мешаванд. Мувофиқи маълумоти Катибаи Работак, Канишка ба инояти эзадбонуи зардуштӣ – Нана (ва  дигар эзадон) ба сари қудрат омада буд. Сипас ў ба саркардаҳои худ Шофар ва Нуқунзук дастур дод, ки барои поягузории муҷассамаҳои эзадони зардуштӣ, ҳиндуӣ ва шоҳони кушонӣ аз ҷумла худи Канишка, маъбад бунёд карда шавад.

Солҳои 1908-1909 дуртар аз ш. Пешовар осори ёдгории ступаи Канишка ёфт гардид, ки он дар паҳлуи маъбади буддоӣ қарор дошт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 431.

Муаллиф: М. Сафоев

 Таҳияи Манижа Раҷабова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.